Мулоқоти ректори донишгоҳ бо устодону донишҷўён

Рўзи 13-уми феврали соли 2020 дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ бо ҳайати профессорону кормандон ва донишҷўён баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин оид ба татбиқи бандҳои Паём дар ҳама сохторҳои донишгоҳ, риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисон ва иштироки фаъол доштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ сухан кард. Ҳамчунин дар ин вохўрӣ устодону донишҷўён барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав