Иштироки раиси созмони ҷавонони ДДБ дар форуми ҷумҳуриявӣ

        

         Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он раиси созмони ҷавонони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» Раҳимзода Меҳроҷ иштирок ва дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ» маърӯза намуданд. 

         Дар кори форум намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷавонони фаъоли кишвар ширкат варзида, зимни баррасии масъалаҳо ҳозирин барои беҳтар гардидани фаъолияти ҷавонон пешниҳодҳо карданд.

                    

 

 

                                                                       

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав