Мулоқоти ректори донишгоҳ бо ассистентону омӯзгорони ҷавон

        

Тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида рӯзи 14-уми феврали соли 2020 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо ассистентону омӯзгорони ҷавони донишгоҳ мулоқот намуд. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон сухан намуда, изҳор дошт, ки имрӯз ин қишри ҷомеа дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муайян доранд.

Мақсад аз ин вохӯрӣ шинос гардидан аз вазъи фаъолияти ассистентону омӯзгорони ҷавони донишгоҳ буда, дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ барои ин қишри фаъолу асосии ҷомеа мебошад. Ассистентону омӯзгорони ҷавон ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ба роҳбарияти донишгоҳ ваъда доданд, ки аз тамоми имкониятҳои муҳайёшуда самаранок истифода бурда, дар кори таълиму тарбия бештар саҳм мегузоранд. 

 

 

 

 

 

                                                                        

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав