Озмуни «Хайёмхонӣ» бахшида ба ҷашни Наврӯз

 

          Бо пайгирӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020, № АП – 1339 дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ » идораи рӯзномаи «Фурӯғ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар доираи рубоиёт ва «Наврӯзнома» Умари Хайём озмун эълон менамояд. Озмун дар рӯйи ду шарт: ифоданок хондан ва аз ёд кардани 100 рубоии Умари Хайём бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва қироати порчаҳои насрӣ аз «Наврӯзнома»-и Хайём гузаронида мешаванд.

          Масъули баргузории озмун кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик буда, деканҳо, созмони ҷавонон ва бонувони донишгоҳ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

          Дар озмун донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳои ҳамаи факултетҳои донишгоҳ имкони иштирок кардан доранд. Озмун аз 14-уми феврали соли 2020 то 14-уми марти 2020 идома ёфта, рӯзҳои 12 ва 13-уми марти соли 2020 дар кохи фарҳангии донишгоҳ ҷамъбаст карда мешавад.

          Барои иштирок дар озмун довталабон аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ метавонанд то 10-уми марти соли 2020 ба идораи рӯзномаи «Фурӯғ» миқдори умумӣ ва мисраи аввали рубоии азёдкардаро пешниҳод карда, сабти ном намоянд.

          Баҳогузории ҳакамон ҳам ба теъдоди рубоиёт ва ҳам ба сифати қироати он сурат мегирад.

          Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд:

          Ҷойи 1-ум-100 сомонӣ

          Ҷойи 2-юм-500 сомонӣ

          Ҷойи 3-юм- 300 сомонӣ

          Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур намунаи рубоиёти Умари Хайём дар шакли китоб таҳти унвони «Панди бузургон» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо дастгирии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва аҳли эҷоди нашрияи «Фурӯғ»-и донишгоҳ чоп ва ройгон дастраси деканҳои факултет, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматдошта гардид.

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав