Сафари кории Вазири маориф ва илм ба ДДБ

         Рӯзи 15-уми феврали соли 2020 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор, Имомзода Маҳмадюсуф бо гурӯҳи корӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ташриф овард.

Зимни сафари корӣ вазири маориф ва илм бо вазъи фаъолияти сохторҳои донишгоҳ шинос шуда, ба масъулин супориш дод, ки кори таълиму тарбияро боз ҳам беҳтар намуда, ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ин меҳану сарзамин ба камол расонанд.

Ректори донишгоҳ профессор, Давлатзода С.Х. ба вазири маориф ва илм ваъда дод, ки тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар ҳама ҷабҳаҳо ба нишондиҳандаҳои баланд ноил хоҳанд шуд.  

                             

 

 

 

                                                                         

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав