Иштироки аъзоёни маҳфили адабии «Суханоро» дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфту ҳавасмандгардонии навқаламони ҷавон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин ашъор ва маводи насриро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон эълон намудааст.

Дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои маҳфили адабии «Суханоро»-и факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» тасмим гирифтанд, ки дар ин озмун ширкат варзанд. Бо ин мақсад шарҳи ҳол ва намунаи осори се нафар аъзои маҳфил – Фақиров Хурсандмурод, Довудова Назурбӣ ва Файзализода Исматуллоро мувофиқи Низомномаи озмун мураттаб намуда, ба  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав