Ташрифи намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар

Мувофиқи мактуби  ирсолнамудаи Роҳбари Дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон аз 1-уми феврали соли 2020, № 2-54  ҷиҳати иҷроиши супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми январи соли 2020, № 11290 (29-9)  Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии  Бохтар ба номи Носири Хусрав” санаи 5-уми феврали 2020 намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар донишгоҳ самимӣ пазируфтанд.

Дар мулоқот  ҷаноби Абдул Самӣ намояндаи сафорати Ҷумҳурии  Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манита Кумарӣ –ҳамоҳангсози барномаи сафар ва шогирдону устодони Маркази фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ҷараёни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ҷаноби Абдул Самӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илму фарҳанг, омӯзиши забонҳо ва дастрасии адабиёт изҳори хушнудӣ намуда, робитаҳои минбаъдаро дар шакли зайл мавриди баррасӣ қарор доданд:

– бо мақсади омӯзиши забонҳо дар донишгоҳ таъсис додани Маркази забономӯзӣ;

– ташкил намудани синфхонаи омӯзиши забони ҳиндӣ дар назди факултети забони англисии донишгоҳ;

– аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ройгон ба чоп расонидани асарҳои  устодони донишгоҳ, ки мазмунан таъриху фарҳанги Ҳиндро дар  бар гирифта бошанд ;

– ҷалби донишҷӯёни ба фарҳангу адабиёти Ҳинд рағбатдошта ба Маркази фарҳангии назди сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таъсиси синфхонаи компютерӣ бо мақсади истифодабарии барномаҳои навин дар ҷараёни   омӯзиши забонҳо;

– густариши таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷику ҳиндӣ дар самти илму фарҳанг;

– тавсияи робитаҳо дар самти табодули таҷрибаҳо ва сайёҳӣ миёни устодону донишҷӯёни Тоҷикистону Ҳиндустон;

Инчунин,  пас аз мулоқот бо раёсати донишгоҳ  аз ҷониби Маркази фарҳангии назди сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Дар барнома намояндагони сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чунин вохӯриҳоро қобили қабул шуморида, дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки  робитаҳои судмандро бо хориҷи кишвар дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳибилм густариш диҳад.

 

 

Мирзозода Кибриё сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ,

Шарифов Сангимурод сардори   Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав