Шиносоии ректор бо фаъолияти зерсохторҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ

           

Рӯзи 20-уми феврали соли 2020 шиносоии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин бо кормандони раёсати илм ва инноватсия, маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Ноисри Хусрав», масъулони лоиҳаҳои фармоишӣ, парки технологӣ, ҷонишинони декан оид ба илм ва инноватсияи факултетҳо, мудири китобхона, нашрияи «Фурӯғ» баргузор гардид. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки масъулини сохторҳои марбутаро лозим аст, ки барои татбиқи босифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ масъулияти бештар эҳсос намуда, дар ин самт мутахассисони варзидаро тарбия ва ба камол расонанд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки имрӯз бояд раванди таълиму тарбия ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар гардад, зеро ин қишри ҷомеа идомадиҳандаи кори олимону муҳаққиқон мебошанд.

Сипас, ахбори ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Собиров Ҷӯрабой оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ ва самтҳои фаъолияти зерсохторҳои илм шунида шуд. Мавсуф дар баромади худ қайд дошт, ки то санаи 20-уми соли 2020 11 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дар шӯроҳои диссертатсионии кишвар бо муваффақият дифоъ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки нисбат ба солҳои гузашта сатҳу сифати корҳои илмӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар шуда истодааст. Ҳоло дар зинаи магистратураи донишгоҳ беш аз 500 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Барои тақвияти фаъолияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз дигар муассисаҳои олии касбӣ низ докторону профессорони илм ҷалб гардида, ба омодасозии мутахассисони варзидаи илмӣ машғуланд.

Дар охири ин шиносоӣ иштирокчиён ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои судманд карданд.

 

  

 

 Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав