Беш аз 250 нафар шаҳрвандон соҳибкасб шуданд

Маркази таълимии касбомӯзии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми имконияту захираҳо самаранок истифода намуда истодааст.

Баъд аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми соҳаҳои ҳоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла фаъолияти Марказ ва ҳунаромӯзии сокинон такони  ҷиддӣ бахшид.

Марказ дар соли 2019 бо дастгирии Раёсати донишгоҳ Иҷозатнома оид ба фаъолият дар самти таҳсилоти ибтидоии касбиро гирифта, дар айни замон аз рӯи се самт: шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва шуъбаи тайёрӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Таълимгирандагони Марказ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳриву вилоятӣ иштироки фаъол дошта, намунаи  маҳсули меҳнати касбомӯзон пешниҳод карда мешавад.

Дар соли 2019 дар ҷаласаҳои шӯрои таълимию методӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзишу татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои МДТ ДДБ ба номи Носири Хусрав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, самтҳои асосии фаъолияти таълимию методии Марказ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва азхудкунии касбҳо, ҳисоботи даврии воҳидҳои сохторӣ, баррасӣ ва арзёбии таклифу пешниҳодҳои стандартӣ таълимию методӣ ва дигар меъёрҳои соҳаи таълимоти шаҳрвандон, натиҷаҳои татбиқи онҳо ва инчунин қабули хулосаҳо ва тасдиқи ҳайати комиссияи имтиҳонию санҷишӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. 

Ҳамчунин фаъолияти Марказ дар асоси нақшаи тасдиқ намудаи МДТ ДДБ ба номи Носири Хусрав ва талаботи аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар давоми сол дар доираи  гранти хурди Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” аз рӯи касбҳои “Монтёри барқӣ” (26 нафар), “Кафшергари газию барқӣ” (106 нафар), “Челонгар оид ба таъмири автомобил” (24 нафар), “Муҳосиб бо донистани компютер” (41 нафар), “Ошпазӣ” (10 нафар) ва “Дӯзанда” (48 нафар) дар синфхонаҳои марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ташкили гурӯҳҳо дар маҳал ва гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ, шаҳрак ва ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Хуросон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти “Фахробод” дар пойгоҳи таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ду гурӯҳ аз рӯи касбҳои “Дӯзанда” (16 нафар), “Кафшергари газию барқӣ” (14 нафар) тариқи шартнома ба таҳсил ҷалб гардида, баъди хатм соҳиби шаҳодатномаи касб гардиданд.

Дар маҷмӯъ дар соли 2019 255 нафар, аз ин шумора 181 нафар мард ва 74 нафар зан марказро хатм намуданд. Аз ҳисоби шартнома 95 нафар 150 сомонӣ ҷамъ 14250 сомонӣ ворид гардида, хароҷоти он ба музди маоши омӯзгорон, роҳбарият ва кормандони ёрирасон, андозҳо, харидани шаҳодатномаи касбӣ, хароҷоти идорӣ ва комуналӣ равона карда шудааст.

Инчунин барои хатмкунандагони курсҳои касбомӯзии  муассисаи мазкур ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ тавассути шуъбаю филиалҳои ноҳиявии ташкилоти қарзии “Амонатбонк”, “Имон интернешнл” ва “Ҳумо” қарзҳои хурди имтиёзнок дода мешаванд. Қарзҳои хурд дар ҳаҷми аз 200 то 1000 доллари ИМА барои ҳар як нафар дар муҳлати то як сол бо андози 5 фоизи даромаднокӣ пешбинӣ шудааст.

Марказ то имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳо фаъолияти худро ҷиҳати аз ҷониби хатмкунандагон гирифтани қарзҳои имтиёзнок дар байни онҳо корҳои ташвиқоту тарғиботиро бурда, кӯмакии амалии худро дар таҳияи Бизнес-нақша расонида истодааст ва то имрӯз ду нафар хатмкунанда аз қарзҳои имтиёзнок истифода бурда истодаанд. Дар оянда низ муассиса фаъолияти худро дар сатми аз ҷониби хатмкунандагон гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ  кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

Директори Маркази таълимии касбомӯзии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар ноҳияи Хуросон   Фирдавс Абдуллоев

 

        Шарифов Сангимурод сардори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав