Истиқболи рӯзи Артиши миллӣ дар хобгоҳ

 

Рӯзи 22-юми соли 2020 дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бахшида ба 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, деканҳои факултет ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ аз таърихи таъсис, рушду такомул ва беҳтар гардидани фаъолияти низомиён дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ сухан намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро ба ин муносибат шодбош гуфта, донишҷӯёнро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, дӯстдории ватан ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ кард.

Сипас, барномаи фарҳангии омодашудаи донишҷӯён, ки иборат аз шеъру суруд, тарона ва оҳангҳои тараннумгари истиқлолияту ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстидошта пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.  

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

Празднование Дня Национальной Армии в общежитии

 22 декабря 2020 года в общежитии Государственного образовательного учреждения «Бохтарский государственный университет имени Носира Хусрава» состоялось праздничное мероприятие, посвященное 27-летию Вооруженных Сил Республики Таджикистан, где приняли участия ректор Бохтарского государственного университата,  профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, деканы, преподаватели и студенты.

В своем приветственном слове ректор университета рассказал об истории создания, развития и совершенствования военной службы в рядах Национальной армии и поздравил всех жителей страны с этим событием и побуждал студентов изучать современную науку, любить страну и вносить вклад в процветание и прогресс общества.

 Затем студентами была представлена ​​культурная программа, включающая стихи, песни о национальной независимости и национального единства, самосознания и патриотизма.

 Сангимурод Шарифов Руководитель

информационно-аналитического центра БГУ им. Носира Хусрава