Иштироки устодону донишҷӯён дар маҳфили адабӣ

 

Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар кохи фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» маҳфили адабӣ бо иштироки шоираи соҳибистеъдоди кишвар Меҳриниссо баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни баргузории маҳфил намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, адибону ҳунармандон ва дӯстдорони шеъру сухан баромад намуда, изҳор доштанд, ки Меҳриниссо бо эҷоди шеър дар ҷомеа, аз ҷумла миёни шоирон мавқеи хоса дорад. Ҳамчунин мутрибону ҳунармандон ба шеърҳои шоира, ки  ба он оҳанг баста буданд, пешниҳоди иштирокчиёни маҳфил намуданд.  

 

 

                                                                        

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав