Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

Санаи 21-уми феврали соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бахшида ба 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» баргузор гардид, ки дар он ноибони ректор оид ба таълим ва тарбия, деканҳои факултет, устодону донишҷӯён, намояндаи комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ ноиби ректори донишгоҳ оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қудратулло сараввал иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, аз таърихи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ёдовар шуд.

Сипас,  дотсент Давлаталӣ Алимов дар мавзӯи «Артиш-зодаи истиқлол» маърӯза намуда, зикр кард, ки ҳарчанд Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис ёфта бошад ҳам, дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавӣ гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дода истодаанд, ки ин барои ҳар кадоми мо шарафи бузург мебошад.

Муовини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, полковник Муқимҷон Файзиддинов бошад, дар бораи беҳтар гардидани фаъолияти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд доштанд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Артиши мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Дар идомаи суханронии худ мавсуф аз ҳамкориҳои пайвастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуд.

Бояд қайд намуд, ки бахшида ба 27-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ як қатор устодону донишҷӯён ҳавасманд гардонида шуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Ватан», «Истиқлолият», «Артиши миллӣ» ва «Пешвои миллат» шеърҳо қироат намуданд. Суруди умумӣ, намоиши машқҳои ҷузъӣ, муҳорибавӣ, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ва марши тантанавӣ дар иҷрои донишҷӯёни ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети педагогика ва варзиш пешниҳод шуд, ки ҷолиби диққат буд.

Ҳамин тавр, чорабинии идона бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» хотирмон таҷлил ва ҷамъбаст гардид. 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав