Саразм – ёдгории таърихию фарҳангӣ

Ба феҳристи ёдгориҳои таърихии умумиҷаҳонӣ дохил шудани Саразм – яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Саразм ёдгории таърихии шаҳри Панҷакенти бостонист, ки ин на танҳо боиси фараҳмандии сокинони ин шаҳри қадим, балки ифтихори тамоми миллати тоҷик аст.

Бо фараҳмандию шодмонӣ ба ҳамватанон маълум менамоем, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019 таҳти № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ба имзо расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ин ҷашни пуршукуҳ тасдиқ карда шуданд. “Дар бораи аҳамияти бузурги ёдгории Саразм дар муайян кардани таъриху тамаддуни тоҷикон, умуман таърихи инсоният ва таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар ва дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд. Саҳм ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар шуҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо кардани ёдгории Саразм хеле калон мебошад.

Пас аз истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, хоса ёдгории бостонии Саразм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Бо ташаббуси Сарвари давлат моҳи сентябри соли 2001-ум Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ёдгории Саразм мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид ва дар давоми солҳои 2004-2008 панҷ иншооти ёдгорӣ ба маблағи 1, 3 миллион сомонӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли 2010 дар иҷлосияи навбатии Кумитаи байналмилалии Мероси фарҳангии Созмони умумиҷаҳонии Юнеско, ки дар Бразилия баргузор шуд, Саразм ҳамчун маркази тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони мо ба феҳристи мероси ёдгориҳои умумиҷаҳонии фарҳангӣ шомил гардид.

Зимнан, Саразм аввалин ёдгории бостоншиносӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба ин феҳристи бануфуз ҳамроҳ карда шуд. Ин боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

  

Ниёзова Раҷабмоҳ – омӯзгори кафедраи методикаи забон ва адабиёти тоҷик