МО ҶАВОНОН ФИРЕФТА НАМЕШАВЕМ

Таърих  гувоҳ аст, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор пешбарандаи ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Онҳо нерӯи азим, ва ояндаю бақои умри ҳар як миллат ба шумор мераванд. Мутаассифона, дар замони муосир дар саросари дунё гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз идиологияиҳои гуногун барои  ноил шудан ба манфиатҳои гуруҳии худ фаъолиятҳои даҳшатнокро идома дода истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ  гурӯҳои ифротгаро танҳо аз нерӯи ҷавонон ва наврасон истифода менамоянд, ки ин зарбаи ҷонкоҳ ба рушди ҳаёти осоиштаи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мезанад. Аз сабаби надоштани дониши динию дунявӣ ва паст будани мафкураи сиёсии баъзе аз ҷавонону наврасонро бо усулҳои гуногун фирефтаи худ намуда, дар зери ниқоби дини мубини ислом  барои    ноилшавӣ ба манфиатҳои ғаразноки  худ   истифода менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон бозингарони сиёсӣ ҳадафу стратагияи ғаразноки  худро бо роҳои гуногун идома дода истодаанд. Бояд таззакур дод, ки чунин нақшаю барномаҳои ғаразнок аз охири қарни 20-ум ва оғози қарин 21-ум яъне замони муосир дар ҳоли рушд қарор дорад.

Мутаасифона, дар рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии мамлакати азизамон-Тоҷикистон   бо истифода аз надоштани таҷрибаи давалатдорӣ  ва паст будани мафкураи сиёсӣ ва динии бисёре аз ҷавонони тоҷик душманону хоинҳои миллати тоҷик тавонистанд, ки  кишварро гирифтори ҷанги таҳмиллӣ намоянд, ки дар он рузҳои пурдаҳшат Тоҷикистон гирифтори ҷанги бародар куш шуда буд дар он рузҳо падар аз писар ва бародар аз бародар шубҳа менамуд, ки ин замон ё  замони дигар кушта мешавам хулоса ҳеҷкас ба ҳеҷгуна сохтори давлатию ғайри давлати этимод надошт. Дар он рузҳои сангин тамоми сохторҳои давлати фалҷ гардида буданд, ки ҳеҷ як идораи давлатию маъмури кафолати таъмини амниятро бар душ намегирифт. Дар мудати як сол Тоҷикистон ба коми оташ соли 1992  фуру рафт ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушта шуданд ва зиёда аз як миллён нафар ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистон Узбекистон ва Руссия ҳиҷрат намуданд, ки барои миллати тоҷик хатари бузрги аз байнравиро овард. Дар мамлакат танҳо ҷавонони силоҳбадаст ва низомиён боқи монданду халос.

Худованд дар ҳар садсолаҳо барои наҷоти миллатҳо як нафар наҷотбахш ё мубалиғро ато менамояд то ин ки миллатро сарҷам намояд. Барои миллати тоҷик онрузҳои хунин ҳеҷгоҳ фаромуш ношуданист, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои оллӣ, ки дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) абар марди сиёсиеро руи саҳнаи сиёсат овард, ки аз суханони нахустини худ гуфта буд, ки ман башумо Сулҳ меоварам ин суханони инсон дустонаи ӯ дар назари нотавон бинон ва хоинҳои миллат як хайоли бофта менамуд.Чихеле ки гуфтаанд вақт довари ассосии ҳамагонаст. Бо гузашти рӯзҳо ва солҳо мардуми Тоҷикисон ва ҷаҳон имруз ин сиёсатмадорро ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳони этироф менамоянд. Чунонеки дар боло зикр намудам дар рӯзҳои вазнин мардуми тоҷик ба як буридаи нон зор буд ҳатто барои нону маҳсулоти озуқавори чандинафаронро қатл намуданд ва аксари кӯдакону наврасон гирифтори бемориҳои сирояти гардиданд ки ба солимии ҷомеа хатари бузург эҷод менамуд мушкилии дигари ин ҷанги хонмонсуз писарро аз падар ва падро аз писар ҷудо кардан буд, ки дар радифи ин фироқ ҳазорон модарон аз ғами  ҷигарбандони худ фироқи ҳасрат кашиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз дастархони мардуми тоҷик пураз нозу неъмати фаровон ва кабутари сулҳу субот дар авҷи парвозҳои баланд зери роҳбарии пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва месазад, ки мо ҷавонон танҳо бо роҳи шукргузори сиёсати хирадмандони роҳбари давлатро дастгири ва барои ободии кишвари маҳбубамон талош намоем. Ҳамаи мо бояд хуб донем ки ҳеч як миллат барои мо кишвар бунёд намекунад ва танҳо барои манфиатҳои дохилии худ фаолият менамояду халос. Дар ҳоле ки айни замон ҷомеаи башариро ҷунбишҳои сиёсию геопалитики фарогирифта аст аз тамоми ҷавонони мамлакат танҳо зиракии сиёсиро талаб менамояд дар ҳоли рушд будани гурӯҳои боном исломи аз қабили  “Ҷундуллоҳ”     “ДИИШ” Ҳаракати исломии Узбекистон” гурӯҳи терористии толибони Афғонистон “ташкилоти экстромистии наҳзати исломи Тоҷикистон” мо ҷавононро водор менамояд, ки паи андешаи милли ва истиқлолияти худ ва дастовардҳои замони истиқлолиятро ҳифз ва барои рушди кишвари азизамон дар гирди Пешвои миллат ва барои ободонии ватани маҳбубамон камари ҳимат бандем. Мо ҳеҷгоҳ фаромуш накунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон  Тоҷикистони се порчаро бо як  давлати воҳид табдил дода, барои мустаҳкам намудани давлати миллӣ  ва заминаи бузург барои рушди ҷавонони Тоҷикистон шароит  фароҳам овардааст. Ин имконият медиҳад, ки дар чор фасли сол аз тамоми гушаю канори мамлакат аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб ин чунин ноҳияҳои тобеи марказ аз манзараҳои биҳштосори мамлакати азизамон дидан намуд барои мустаҳкам намудани робитаҳои дусти байни ҷавонони тоҷик заминаи мусоид бавуҷуд меоварад.

Ҳамасола бо ташабуси ҳукумати кишвар дар байни ҷавонон чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ,  семинару конференсияҳо доир мегарданд, ки дар он ҷавонон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд ва аз фаъолияти ҳарсолаи худ баҳраман мешаванд, ки ба мустаҳкам намудани  дустию бародарии ҷавонони Тоҷикисон шароити бузурго фароҳам меоваранд. Қобили зикраст, ки дар мамлакат барои дастгири ва рушди таффакури ҷавонон қонуни Ҷ.Т. “дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардида аст ки қонуни мазкур имконияти бузург барои пешрафти тамоми ҷавонони мамлакат баҳисоб меравад. Ҳамзамамон таъсиси квотаи президенти барои ҷавонони лаёқтманди шаҳру  ноҳияҳои мамлакат ин чунин таъсиси квотаи дурахшандагон барои таҳсил дар хориҷи кишвар ин чунин таъсиси стипендия президенти ва  таъсиси ҷоизаи давлати барои олимону муҳақиқони ҷавон баноми Исмоили Сомони ва ба мансабҳои роҳбари кунандаи давлати таин намудани ҷавонон далели гуфтаҳои болост.

Бе муболиға имруз бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои ободию осудагии мо ҷавонон шабуруз заҳмад кашида истодааст. Чунин заҳмату талошҳои ҷавонмардонаи пешвои миллат барои мо ҷавонон боиси ифтихор ва сарбаланди ба ҳисоб рафта дар ҷавоб бо ин ҳама ғамхориҳо мо ҷавонон ҳеҷгоҳ ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракатҳои манфиат хоҳ шомил нахоҳем шуд.

Мирзоев Беҳрӯз-омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ