Баргузории озмун барои таҳсил дар хориҷа

Мувофиқи мактуби  ирсолнамудаи Роҳбарияти маркази ҳамкориҳо бо кишвари Россия  (Россотрудничество) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2020, № Рз 32-17/208  санаи 21-уми феврали соли 2020 дар факултети забони русии донишгоҳ озмуни интихоби  довталабони болаёқат барои таҳсил дар кишвари Россия баргузор гардид. Пеш аз огози озмун Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ меҳмононро пазироӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо суҳбат сухан намуданд.

Дар озмун роҳбари маркази ҳамкориҳо бо кишвари Россия, Вожаев Михаил Валерьевич, намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Улянов, Пазушкин Павел Борисович ва Скаляров Евгений Сергеевич – сардори раёсат оид ба довталабон, аз Донишгоҳи давлатии технологии   «Москва Станкин», Попова Надежда Юльевна – директори ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз Донишгоҳи МИРЭА – Донишгоҳи технологии Россия, Слёзкина Елена Анатольевна – муовини директори донишкадаи байналмилалӣ дар  соҳаи мариф, Макаров Никита Игорович, мувини директори Донишгоҳи давлатии саноати хўроквории Москва  ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

 

Мирзозода Кибриё сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ,

Шарифов Сангимурод сардори   Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав