Ба муносибати 80-солагии нависандаи маъруф Бахтиёр Муртазо

 

 

ОЧЕРКҲОИ БАХТИЁР МУРТАЗО МОНДАГОР АСТ

 

Публитсистика, хосса очерк бо пурмуҳтаво будани мундариҷаву ғоя, мазмунҳои баланд, инъикоси муаммоҳои ҳаёт, василаҳои таъсирбахши тасвир, омӯзишу ҷустуҷӯйи мавзӯъҳои ҷолиб ва таҷассуми воқеоту саҳнаҳои муассир рушду такомул меёбад. Очерк нисбат ба дигар жанрҳои публитсистика дар кушодани паҳлуҳои рӯйдоду воқеа, падидаву зуҳурот, афкору ҷаҳонбинӣ ва хислати ҳамзамонон имкониятҳои васеъ дорад. Очеркҳои Бахтиёр Муртазо мамлуи чунин хусусият ҳастанд.

Маҷмӯаҳои очеркҳои «Қасидаи бародарӣ» ва «Чинор дар  Солони» ҳосили сафарҳои мақсадноки Бахтиёр Муртазо ба иншооти азими аср – БАМ – Шоҳроҳи Байкалу Амур буда, пурра ба мавзӯи ин сохтмон бахшида шудаанд. Дар сохтмони умумииттифоқӣ намояндагони тамоми халқҳои ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони соҳибҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо меҳнати софдилона дар бунёди ин иншооти аср саҳм гузоштаанд. Қаҳрамонони маҷмӯаи «Қасидаи бародарӣ» шахсони меҳнатдӯсту ғамхор, сабуру бомулоҳиза, соҳибистеъдоду мубориз тасвир шудаанд, ки бешубҳа хонандаро ба пайравӣ кардани ин амалу хислатҳои онон талқин менамоянд. Хусусан, зиндагӣ ва фаъолияти роҳбари гурӯҳи бинокорони Тоҷикистон Раҳматулло Бобобеков («Калиди ганҷи Сибир»), экскаваторрон аз ноҳияи Фархор Николай Моисеев («Боли уқоб»), Лутфасайн Ғуломасайнов («Роҳи худро ҷустуҷӯ намо!»), ҷангалбур аз Ҳисор Азизулло Ҳабибов («Зинаҳои рӯзгор»), Саидхон Абдуллоев («Қадами аввал») хеле диққатҷалбкунанда буда, бо маҳорати баланд эҷод гаштаанд. Яке аз хусусияти дигари очеркҳои публитсист интихоби қаҳрамон аз минтақаҳои гуногун, аз қабили Панҷакенту Айнӣ, Ғарму Бохтар, Кӯлобу Фархор, Истаравшану Хуҷанд, Исфараю Мурғоб, Носири Хусраву Конибодом буда, дар кору амал ва симои онҳо беҳтарин хислатҳо ҷойгузин карда шудаанд. Адиб дар эҷоди ин гуна очеркҳояш, аз як тараф, ба далелҳои муътамади воқеоти БАМ муроҷиат намуда, аз сӯйи дигар, бо мушоҳидаҳои шахсӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо қаҳрамонони асарҳои худ ҷиҳати васеъ гардидани мавзӯъ ва қавӣ шудани фикру мулоҳизаҳояш такя кардааст. Публитсист дар кушодани дигар ҷанбаҳои сохтмон, ки он ба кори ҳар як қаҳрамони очерк иртибот дорад, таваҷҷуҳ карда, инҳоро воқеӣ ва таъсирбахш таҷассум намудааст.

Солҳои минбаъда нависанда Бахтиёр Муртазо ба омӯзишу инъикоси раванди бунёди сохтмони нақби Истиқлол машғул шудааст. Натиҷаҳои омӯзиш дар шакли романи мустанад бо номи «Нақби Истиқлол» рӯйи чоп омад, ки аз корнамоиҳои мардони шуҷоатманду далер ва роҳкушоёну фотеҳони нақби Анзоб ҳикояти рангин мекунад. Дарвоқеъ, кушодани ин роҳ баҳри кишвар дар замони истиқлолият барои ҳадафи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бисёр муҳим ва зарур буд. Президенти ҷумҳурӣ Пешвои муаззами миллат ҳангоми эҳёи сохтмони нақби мазкур чунин гуфта буданд: «Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳро кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чаҳор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад. Бигзор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигзор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди нақби Анзоб кӯпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи Шоҳроҳи абрешим қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигзор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад» [2, 3].

Меҳвари асосии ин асарро аҳаммияти кушодани нақбҳо, сохтмону бунёди пулҳо ва ҳарчи бештар татбиқ намудани ҳадафи Роҳбари хирадманди давлат ташкил медиҳад. Ин ҳадафро нависанда аз забони қаҳрамони марказӣ Мафтун чунин баён мекунад: «Охир, роҳ бошад, кас ба дидори хешу пайвандон, дӯстон, ҳамқишлоқиҳо, ҳамшаҳриён, ҳамватанон мерасад, ба онҳо наздиктар мешавад. Роҳ бошаду якдигарро зуд-зуд бубинанд, дӯстон дӯсттар мешаванду ошиқон ошиқтар» [2, 170].

Саҳнаҳо, воқеаҳо, ки фарогири масъалаҳои иҷтимоианд, дар ин романи мустанад зиёд ба назар мерасанд. Бо ин гуна саҳнаҳо ва тасвири он адиб хостааст, ки бояд одамони меҳнатдӯст, худшиносу худогоҳ дар сафи аввал қарор гирифта, дар чунин кор ташаббус нишон диҳанд. Ҷанбаи дигари асари мазкур нишон додани қувваи бузурги дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу ваҳдати комил мебошад, ки дар бобҳои «Роҳ – фарҳанги диёр», «Нанги ватандорӣ», «Дасти дӯст» ва «Достони бародарӣ» хеле муассир ба тасвир гирифта шудаанд.

Нависанда Бахтиёр Муртазо нисбат ба намояндагони дигари насли дувуми публитсистон ба инъикоси корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногун таваҷҷуҳи зиёд дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Ӯ ин кори сангини эҷодиро, ки бо фотеҳону қаҳрамонии онҳо иртибот дорад, масъулияти шаҳрвандӣ медонад. «– Барои ман таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои истеҳсолӣ амри дил аст. Барои худ ҳамчун қаламкаш шарафи бузург меҳисобам, ки таърихи бадеии сохтмонҳои мӯҳташами Ватанро тасвир намоям», мегӯяд адиб.

Умуман, мавзӯи сохтмон дар очеркҳои Бахтиёр Муртазо мавқеи муҳим дошта, дар он на танҳо зарурат ва аҳаммияти иншооти бузург тасвир мегардад, балки тавассути нишон додани хислатҳои қаҳрамонон ҷасорату мардонагӣ, меҳнатқариниву шуҷоатмандӣ, одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқиятҳои гуногун баён меёбанд. Бо ин усул муаллиф ғояи ободкорӣ, созандагӣ ва ваҳдати миллиро талқин намуда, ҳифзи ин арзишҳоро зарур меҳисобад ва дар бедории ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ, худшиносиву худогоҳии хонанда саҳим мешавад.

Мавзӯи кишоварзӣ низ аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро пойдории ҳаёт ва ҷомеа аз фаъолияти пурсамари марди деҳқон, фаровонии ҳосил, рушди бахшҳои соҳа ва амсоли ин вобаста аст. Аз ин рӯ, чи дар гузашта ва чи имрӯз давлат ва ҳукумат барои амалигардии барномаҳои гуногунсамти соҳаи мазкур аҳаммияти бештар медиҳад. Дар замони муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар стратегияи давлатӣ таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои асосӣ эътироф намудааст, ки аз аҳаммияти хосса доштани ин соҳа дарак медиҳад. Инъикоси ин мавзӯъ дар таърих, адабиёт, фарҳангу санъат ва ғайра мақоми муайян дорад. Дар очеркҳои Бахтиёр Муртазо мавзӯи кишоварзӣ, зарурати ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳлона меҳнат кардани кишоварзон, роҳу усулҳои ҳосилхез намудани заминҳои лалмиву обӣ ва истифодаи самараноки он, мушкилоти норасоии мутахассисони соҳа, ҳалли муаммоҳои муҳим дар ин самт ба таври хосса таҷассум ёфтаанд.  

Бахтиёр Муртазо дар тасвир, таҳлилу баррасии мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дорад. Ӯ дар деҳа ба воя расида, ҷисму ҷонаш ба деҳқонӣ, корҳои саҳроӣ одат кардааст ва ин соҳаро хуб медонад. Аз сӯйи дигар, аз тамоми пешрафту мушкилӣ, ҳодисаву таҳаввулоте, ки дар ҳаёти деҳқонони кишвар ба вуқӯъ меояду тариқи ВАО пахшу интишор мешаванд, бохабар аст. Яке аз усули кори эҷодияш дар он аст, ки пеш аз навиштани мавод самти ба таҳқиқгирифтаи соҳаро меомӯзад, бо мутахассисони касбҳои гуногун суҳбату мулоқот менамояд, ҳолати феълии корро мебинад, дақиқ мекунад ва сипас, ба хулосаи амиқ меояд.

Дар маҷмӯаҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ман заминро дӯст дорам», «Лимуи тоҷик», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Ҷавпазак», «Нуҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд» ва ғайра очеркҳову қиссаҳои зиёде дар соҳаи кишоварзӣ интишор гардидаанд, ки ҳанӯз ба пуррагӣ омӯхтаву таҳлилу арзёбӣ нашудаанд. Мазмуни ин асарҳоро ғояи созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва фидокории инсонҳо ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди умумияти инъикоси ин мавзӯъ дар давраҳои гуногуни фаъолият, онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сохти давлатдорӣ, тарзу усули кор, натиҷаҳои меҳнат, муносибату омол ва амсоли ин омилҳои асосии фарқкунандаи он ба ҳисоб мераванд.

Очеркҳои «Лимуи тоҷик» ва «Хонаи дарё» ба ҳамин гуна аҳаммият моликанд. Ин очеркҳо, ки масъалаи тарзи парвариш, зиёд намудани меваҳои ситрусӣ ва истифодаи босамари заминро дар бар мегиранд. Муаллиф парвариши ин меваро дар шароити Тоҷикистон имконпазир ва аҳаммиятнок ҳисобида, талқин менамояд, ки ба афзун кардани масоҳати он диққати зарурӣ дода шавад. Бо ин мақсад мутахассисон ба кишвар даъват мешуданд, то роҳу усулҳои муосири парвариши намудҳои гуногуни растаниҳои ситрусиро ба деҳқонони тоҷик омӯзанд. Аз Гурҷистон Владимир Сулая аз ҷумлаи аввалинҳо ба минтақаи таҷрибавии Вахш меояд. Ӯ дар шароити иқлими минтақа парвариши растании лимуро ҳамроҳи олимону деҳқонон шурӯъ мекунад ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои хуб ноил мегардад. Баъдтар деҳқонони асил Ходим Боҳиров, Убайдулло Эшонқулов, Людмила Ефимова, Худойдод Қосимов, Олим Ҳакимов ин навъи растаниро ба минтақаҳои гуногуни кишвар бурда, теъдоди дарахтону хоҷагиҳои онро зиёд менамоянд. Ҳамин азми мушкил ва ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар дар очерк тавассути тасвири фаъолияти шахсони меҳнатдӯст нишон дода мешавад. Натиҷаи заҳмат он мегардад, ки деқонони асил дар ҳамкорӣ бо олимони тоҷик навъи серҳосили лимуро ба вуҷуд меоваранд. Ин комёбӣ боиси ба дигар давлатҳо ҷалб шудани лимупарварони мо ва омӯзиши  таҷрибаи деҳқонони тоҷик мегардад. «Ходим-амак муддати зиёд бо ҳавсалаи том ба парвариш ва такмили навъи «Мейер»-и лиму шуғл варзида, аз он навъи наве ба даст овард: навъи лимуе, ки вай ҳосил карда буд, вазни як донааш ба ҷойи 60-70 грамм 100-120 грамм меомад, дар миёнаҳои моҳи октябр пухта мерасид, яъне аз мавсими муқаррарӣ понздаҳ-бист рӯз пештар ва як бех ниҳол қариб 500 дона мева бор меовард».

Муаллифи очерк дар баробари  нишон додани фаъолияти илмиву таҷрибавии олимони соҳаи кишоварзӣ, инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки замин, аз ҳисоби заминҳои партову ғайрикорӣ ҷудо гардидани қитъаҳо барои кишти ин навъи мева, манфиати ташкили хоҷагиҳои деҳқонии лимупарварӣ ва монанди инро низ мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин очеркҳо проблемавӣ мебошанд.

Кашфи заминҳои нав, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди муассисаҳои таълимию касбӣ, тиббию хизматрасонӣ ва амсоли ин дар водии Вахш бештар дар қиссаву очеркҳои Бахтиёр Муртазо «Эҳёи Бешканд» ва «Чашмаи офтоб» тасвир шудаанд. Таваҷҷуҳ намудани адиб ба ин масъала ва инъикоси он ба омилҳои гуногун иртибот дорад. Пеш аз ҳама беҳтар гаштани вазъи зиндагии сокинони мамлакат, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз зиёд намудани майдони заминҳои корам вобаста аст. Ин тадбир дар ин мавзеъ ба сохтмони ҳақиқӣ табдил ёфта, ҷавонони баору номуси кишвар дар он аҳлона меҳнат мекарданд. Аз қаҳрамонии чунин афроди заҳматпеша қисса намуданро Бахтиёр Муртазо вазифа ва рисолати худ дониста, ба он ҷиддан машғул мешавад. Аз ҷиҳати банду баст, фарогирии мавзӯъ, шинохт ва маърифати қаҳрамону ҳодисаҳо ва услуби баён ин ду асар бо ҳам монанд мебошанд. Ин асарҳо ҳамчун нигоштаҳои публитсистикаи ҳуҷҷатӣ аз ҷониби мунаққидон, адабиётшиносону журналистон баҳои муносиб гирифтаанд. 

Мазмуни очерки «Насими Дашти Кокул» кушодани заминҳои канори дарё ва тарзу усули шолипарвариро тасвир менамояд. Баррасии ин масъала бо одамияти баланд, дӯстиву ҳамгироӣ, меҳнати фидокорона тавъам инъикосу васф гардидааст. Моҳият ва сужаи очерк асосан рӯзгор ва фаъолияти меҳнатии ду насли заҳматкашро фаро мегирад. Дар тасвири муаллиф деҳқони шолипарвар шахси ватандӯсту соҳибхирад, ғамхору меҳрубон аст. Ӯ дар ҳеҷ муассисаи соҳавӣ таҳсил накардааст, аммо таҷрибаи пешқадаму санҷидаи деҳқонӣ дорад. Ҳамчунин ба ноадолатиҳои замон ҳамеша мубориза мебарад, намегузорад, ки ашхосе дороиву сарвати инсон, заминҳои корамашонро бигиранд, бенавояшон кунанд. Деҳаи худро ҳамроҳи ҷавонони дигар ҳифз намуда, дар ташкили хоҷагиҳои деҳқонии гурӯҳӣ фаъолона иштирок мекунад ва аз ин ҳама воқеаҳо таҷрибаи зиёди зиндагӣ меомӯзад. Дар чунин ҳолат қаҳрамонҳои созандаву бунёдкори очерк ифодагари мақсади публитсист баён ёфта, афроди бадтинат баръакси мавқеи ғоявии ӯ амал мекунанд.

Марди шолипарвар мавзеъҳои мураккаби заминҳои бекорхобидаву туғайзори канори соҳили дарёи Панҷро бо меҳнати зиёд ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз он ҳосили хуб мерӯёнад. Дар солҳои аввали ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, вақте дар замини фатҳкардааш шолӣ мекишт, аз маркази ноҳия муҳандисе омад ва ба кораш эрод гирифта, сарзаниш мекунад. Сипас як гурӯҳ роҳбарону мутахассисон вазъиятро омӯхта, гӯё дарк мекунанд, ки аз палҳои шолии ӯ ҳосил гирифтан ғайриимкон аст. Барои вайрон намудани ин киштзор фармон медиҳанд, аммо шолипарвар намегузорад, ки ба он даст расонанд. Деҳқони асил дар палҳои шолӣ боз бештар меҳнат мекунад, нуриҳои азотӣ медиҳад ва онро аз офатҳои табииву ҳашарот ҳифз менамояд. Баъди гузашти чанд моҳ ҳангоми ҷамъбасти ҳосили фаъолият кишти ӯ нисбат ба заминҳои дигар ҳосили хуб ба бор меорад. Пас аз ин роҳбарону мутахассисон ва деҳқонон ҳар гоҳе ба кишти шолӣ машғул шаванд, ҳатман аз ӯ маслиҳат мегиранд.

Мунаққидону публитсистон  ба қиссаи «Чашмаи офтоб»-и Бахтиёр Муртазо баҳои баланд дода, онро «Солномаи навзамини Бешканд (андешаи устод Мутеулло Наҷмиддинов) номидаанд. Ин асар дар публитсистикаи ҳуҷҷатии тоҷик намунаи беҳтарини асарҳои ба мавзӯи кашфи заминҳои нав бахшида эътироф шудааст. Ба андешаи нависанда Мутеъулло Наҷмиддинов «Чашмаи офтоб» ҳаёту талоши фотеҳони Бешкандро самимона ва бо ҳарорати дил тасвир карда, ҳамчун солномаи бадеии навзамини ин водӣ хизмат хоҳад намуд. «Чашмаи офтоб» адабиёти ҳуҷҷатии моро ғанӣ гардонида, хотираест ба садоқат, фидокорӣ ва қаҳрамонии кошифони заминҳои нав». «Бешканд чӣ маъно дорад?», «Оғози баҳори чӯл», «Мизони одамият», «Оби Кофарниҳон – ба дашт», «Камарбанди сабз», «Қиссаи зардолуи орифӣ ва як вагон пахта», «Марди некфарҷом», «Сафҳаи достон», «Гул кунад дар дашти марго зиндагӣ», «Аз Қабодиён то Пинар дел Рио», «Сарсабзиҳои доғи сафед», «Чашмаи офтоб», «Ҳар қитъа замин барои кишт аст», «Барҷӯш, дило», «Себи пайванди хонадон», «Боғҳои Семирамида» мундариҷаи асар буда, асосан вазъи соҳаҳои кашфи навзамин ва кишоварзӣ, дастоварду мушкилот, набудани мутахассисони гуногуни соҳаи мазкур ва роҳҳои расидан ба мақсадҳои давлатро дар ин самт фарогир аст. Қаҳрамонони очеркҳои Бахтиёр Муртазо намояндагони халқҳои гуногунанд ва ба Тоҷикистон, хосса Бешканд пайвастагии устуворе доранд. Дар фикру андешаи онҳо ҳалли мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мавқеи зиёд дорад. Ваҳдату дӯстии халқҳо ба ҳалли ин кори мушкил қувват бахшидааст. Ба қавли мунаққид Ҳасан Муҳаммадиев «… афзалияти китоб қабл аз ҳама дар он аст, ки муаллиф дӯстии халқҳои Ватанамонро самимона ситоиш кардааст. Маълум аст, ки дар мамлакатамон чунин сохтмонҳои азим бо қудрати дӯстии мардумони қавипанҷаи мо сомон мепазиранд» [6].

Публитсист дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои дастрасшуда пеш аз ҳама барои хонанда маънии Бешкандро маънидод намуда, баъдан ба тасвири масъалаҳои ба ин минтақа алоқаманд мегузарад. Ин равиши кор имкон медиҳад, ки хонанда дар куҷо ҷойгир шудани ин минтақаи офтобии кишвар, сатҳи фарҳангу маънавиёт, расму оин, урфу одат, шуғл ва касбу ҳунарҳои мардумиро дониста, ба воқеаҳои таҷассумёфта бештар таваҷҷуҳ намояд.

Дарвоқеъ, аз баррасии чунин масъалаҳои кишоварзӣ бармеояд, ки муаллиф муҳим будани ин соҳаро дуруст инъикос намуда, қадр кардани меҳнати кишоварзон, самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи заминро зарур меҳисобад.

Очеркҳои Бахтиёр Муртазо ба ғояи иҷтимоии давру замони муайян иртибот гирифта, баҳри татбиқи ҳадафҳои он равона шудааст. Муаллиф дар интихоби мавзӯъ, сохтани сужа, баррасии воқеаву саҳнаҳо ва тасвири қаҳрамонҳои осори худ ин ғояро сармашқи эҷод қарор дода, дар симои қаҳрамонон фикру зикрашро ба беҳбудии зиндагии мардум сарф менамояд.

Китоби «Ман чароғ афрӯхтам» аз ду фасл иборат буда, очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии ба мавзӯи кишоварзӣ алоқаманд, амсоли «Ошёни гунҷишк ва раиси ҷонфидо», «Домулло Судур, мулло Аҳмади Сорбоғӣ ва Гиёҳи Зоғча», «Садамаи обхез ва ҷабҳаҳои ободонӣ», «Қиссаи кӯли Раҳматулло», «Имтиҳон», «Дар суҳбати марди наҷиб», «Зиндагӣ арсаи набард аст»-ро фаро мегирад. Дар ин очеркҳою қиссаҳои ҳуҷҷатӣ инсондӯстиву фидокорӣ, ғамхориву меҳрубонӣ, фаъолияти деҳқони асилу меҳнатдӯст, муҳандиси касбӣ, роҳбари хоҷагии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён Раҳматулло Абдуллоев мавриди тасвир қарор гирифтааст. Муаллиф давраҳои рӯзгори ӯро дар алоқамандӣ бо масъалаҳои кишоварзӣ, баррасии мушкилоти ин соҳа, роҳҳои ҳалли он ба риштаи таҳқиқ мегирад. Дар қисматҳои «Ошёни гунҷишк ва раиси ҷонфидо», «Садамаи обхез ва ҷабҳаҳои ободонӣ» давраи наврасию ҷавонӣ, лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ, ба меҳнати сангин машғул шудани Раҳматулло, аз худ кардани нозукиҳои техника, фаъолияти роҳбарии ӯ дар вазифаҳои мухталиф бо тасвири лаҳзаҳои гуногуни ибратбахш нишон дода шудааст, ки симои қаҳрамонро чун фарди меҳнатдӯсту заҳматкаш ба лавҳи баён мекашад. Дар кору пайкори ӯ аҳли хонавода, хосса модараш беаҳаммият нест, ҳамеша ӯро ба иҷрои корҳои неку шоиста роҳнамоӣ мекунад, зеро бовар дорад, ки заҳматҳояш ҳамеша ба манфиати халқу кишвар аст.

Эҳёи расму оинҳои миллӣ, равнақи касбу ҳунарҳои қадимӣ аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, имрӯз ҳам ба он аҳаммияти хосса зоҳир мешавад. Илму техника ба ҳадди зарурӣ рушд карда бошад ҳам, ҳанӯз одамон ба офаридаҳои дастӣ мароқ доранду дар рӯзгор аз онҳо зиёд истифода мебаранд. Ба ин восита метавон солҳои дароз ин ҳунарҳои миллиро аз насл ба насл бурд, ки ин ҷузъи таърихи халқамон мебошад. Таваҷҷуҳи Бахтиёр Муртазо низ ба ин масъла беҳадаф набуда, аз дурандешиву масъулиятшиносии ӯ дарак медиҳад. Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар  Келдӣ қайд кардааст, ки Бахтиёр Муртазо ҳамеша ба ҳар минтақаи кишвар, ки сафарҳои эҷодӣ менамуд, ҳунармандонро суроғ мекард, дар бораи касбу ҳунарҳояшон пайваста мақолаву очеркҳо менавишт. Ин хусусият аз як сӯ, арҷгузорӣ ба кору ҳунари гузаштагон бошад, аз сӯйи дигар, чунин офаридаҳо дорои махсусияти таърихӣ ва миллӣ мебошанд. Публитсист ба чунин масъала, яъне эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ диққати хосса зоҳир намуда, як силсила очерку қиссаҳои ҳуҷҷатиро таҳти унвони «Пайванди ногусастанӣ», «Оҳан механдад», «Шарораҳо», «Садои чархи модар», «Ҳарорати кӯраи чӯянгудоз», «Одами ҷавҳардор» ва ғайраро эҷод намудааст. Дар ин миён очерки «Оҳан механдад» аз ҷиҳати банду басти адабӣ ва саҳнаҳои воқеӣ хеле ҷолиби диққат аст.

Дар очерки «Оҳан механдад» Бахтиёр Муртазо сужаро ҷолибу муассир офаридааст. Истифодаи ибораи «Оҳан механдад» рамзӣ ва образнок бошад ҳам, асоси воқеӣ дорад. Аслан ханда, хоси инсон аст, ки нисбат ба ашё, ҳодиса ва амале ифода мешавад. Хандидани гул, офтоб, ҷонварон ва амсоли ин дар тасвирҳои адибон зиёд истифода шудаанд, аммо ибораи «оҳан механдад» дар публитсистика, хосса очерк ифодаи нав аст. Бахтиёр Муртазо бо ҳарорати баланд тафсонидани оҳанро, ки сурх мешавад, ба ханда ташбеҳ додааст, ки басо моҳиронаву барҷой омадааст. «Оҳанро ангишт механдонад, ҳо, ангишти бурс, – нигоҳи саволомези маро пай бурда, шарҳ дод, усто. – Ангишти бурс бисёр бахосият аст, оҳанро чун бирешим нарм мекунад. Агар оҳангар ангишти бурсро ба кор барад, оҳан ширанок мешавад». Қаҳрамони очерки мазкур ба касби оҳангарӣ, сохтани асбобҳои гуногуни рӯзгор машғул аст. Публитсист дар тасвири фаъолияти ин ҳунарманд эътибори хосса додааст. Саҳнаву ҳодисаҳо, қаҳрамонҳо, афкор ва мушкилиҳои гуногуни иҷтимоӣ асоси воқеӣ доранд, бо онҳо ҳар рӯз вохӯрдан мумкин аст, ки аз назари очеркнавис онҳо дур намондаанд. Меҳнати ҳунармандони оҳангар дар офаридани ашёҳои гуногуни рӯзгордорӣ хеле калон аст. Онҳо монанди адибон, ки барои аз вартаи ҳалокати маънавӣ баровардани халқ бо хуни дил асарҳо меофаранду заҳмат мекашанд, дар як пояанд. Чунин ба муқоиса гирифтани ду навъи ҳунар ҳам аз ҷониби муаллиф бесабаб нест, зеро ҳам оҳангарон ва ҳам адибон меҳнати хорошикан менамоянд. Дар чунин саҳнаҳо маҳорати публитсист дар пайвандсозии ҳақиқати воқеӣ ва бадеӣ бараъло намудор мешавад. «Ба садо бодиққат гӯш диҳед, ба ҳамон савт, ки мисоли тақтеъҳои шеър шунида мешавад. Пас, оҳангарӣ низ вазн, низом доштааст ва таваҷҷуҳ фармоед, ки: «тиқ-тқр-р»- як тақтеъ ва «тиқ, тиқ, тқр-р»- тақтеи дигар аст ва агар ба садои болғаи оҳангар гӯш кунед, ба як низом ҳамчунин мусалсал хоҳад буд. Баъд аз ин тақтеъҳо шеърҳои хубу дилписанд – досу каланд, белу табари бадошт ва зебо офарида мешаванд» [10, 12]. Дар таҷассуми таносуби воқеият ва бадеияти очерк на танҳо воқеаву сужаҳои бузург, балки хурдтарин ҷузъиёти масъала аҳаммият ва нақши хосса дорад. Бахтиёр Муртазо дар очерки «Оҳан механдад» ба ин хусусият эътибори махсус додааст.

Ҳифзи муҳити зист, ғамхорӣ ба парандагон ва дигар намуди ҷонварон вазифаи ҳар шаҳрванд буда, дар ин самт таваҷҷуҳ зиёд аст. Адибон дар асарҳои худ мардумро талқин менамоянд, ки ба олами набототу ҳайвонот муносибати хуб намоянд. Нависандаи ҷӯянда Бахтиёр Муртазо дар очеркҳои ба ин мавзӯъ алоқаманд ҳамеша аз доираи ҳақиқат берун нарафта, саҳнаҳоро бо образҳои бадеӣ ҷолибу муассир тасвир кардааст. Дар нигоштаҳои публитсистии ӯ, хосса очеркҳои адиб воқеият дар мадди аввал қарор дорад. 

Очерки «Дар он боғе, ки мурғонаш нахӯсанд» аз ҷиҳати моҳият, интихоби мавзӯъ, таносуби воқеият ва бадеият, инъикоси ҳодисаю падидаҳо ва фарогирии қаҳрамонҳо ҷолиби диққат мебошад. Мазмуни очерк фаъолияти илмӣ ва ғамхории Кутерма Дмитрий Тимофеевичро нисбат ба ҷонварони мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар бар мегирад. Ӯ чӯҷаи тазарвро, ки яке аз парандагони нодир аст, ёфта, онро бо ғамхории махсус парвариш мекунад. Баъди бузург шудан ҳам ин паранда ба соҳибаш вафодор мемонад, ба ҷангал назди ҳамҷинсҳои худ барнамегардад. «Тазарви заринпар гирди ман тоб мехӯрад, басо хушҳол шудам, ки чанд муддат гузашта бошад ҳам, тазарв роҳи кулбаи вайронаи маро фаромӯш накардааст. Чӣ сон дар ҳайрат намемонӣ, охир баъзе одамон солҳо нону намакатро мехӯранду дар паси гардиши нахустини зиндагӣ фаромӯшат месозанд». Чунин масъалагузориҳои очеркнавис хонандаро ба андеша водор мекунад… [4, 201].

Дар очерк саҳнаҳои зиёде ба тасвир омадаанд, ки аз дараҷаи воқеияти мушаххас, истифодаи имконоти бадеӣ дарак медиҳанд. Аз ҷумла, бераҳмии шикорчиён ва муносибати нодурусти ашхоси алоҳида ҳангоми шикори ҷонварон дар ин мавзеи зебои кишвар хеле муассир ифода шудааст.

Як бахши публитсистикаи Бахтиёр Муртазоро очерку қиссаҳое ташкил медиҳанд, ки дар он қаҳрамонии муҳофизони Ватан ва меҳнати мардуми ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷассум ёфтааст. «Ду мактуб», «Одамшинос», «Калтакдори сурх», «Дар шоҳроҳи Ватан», «Ситораи паррон», «Лашкари тоҷик, бикшо бозуи мардонаро», «Чашми бедори Ватан», «Соҳиби ганҷинаи маърифат», «Фарзанди Кофарниҳон» аз ҳамин қабил очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии муаллиф мебошанд. 

Ҳар қадаре ки мо аз рӯзи Ғалаба дур мегардем, ҳамон андоза моҳияту ангезаи он дар вуҷудамон бештар мешавад. Дар ин ҷанг зиёда аз 70 давлати хурду бузурги ҷаҳон ширкат доштанд, ки ба ҳамаи онҳо хисороти ҷонию молӣ расид. Дар ин ҷанги шадиди ҷаҳонӣ баҳри ҳимояи хоки Ватани аҷдодӣ ва таъмини зиндагии пурсаодат садҳо ҳазор фарзандони ғаюр ҷони худро аз даст доданд, ки қаҳрамонии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад. Барои далериву шуҷоатмандӣ иштирокчиёни ин набарди шадиди ҷаҳонӣ бо унвонҳои зиёди давлатӣ қадр гаштаанд.

Соли 2005 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Шасти зафар», ки маҳсули заҳмати аҳли эҷоди кишварро дар солҳои гуногун дар бар мегирад, чоп шуд. Дар бахши дуюм, ки осори насриро фарогир аст, очерки «Фарзанди Кофарниҳон»-и адиб Бахтиёр Муртазо низ дар шумули беҳтарин нигоштаҳои публитсистии ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд дохил шудааст. Мавзӯи асосии очерки мазкур қаҳрамонии фарзанди диёри Қубодиён Қодир Бӯбиевро фаро мегирад. Муаллиф барои муассир гардидани симо ва кору амали ҷавонмардонаи қаҳрамон ӯро на танҳо дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 нишон медиҳад, балки ҷасорату қавииродагии Қ. Бӯбиевро дар солҳои 1920-1935 ба риштаи таҳқиқ мекашад. Услуб ва тасвири саҳнаҳои шоистаи ҳаёти қаҳрамони очерк ҷолиби диққат аст. Адиб қаҳрамони худро далеру шуҷо, донишманду муборизи роҳи озодӣ, ватандӯсту ҷонфидо тасвир намуда, ӯро ҳамеша бар зидди душман дастболо нишон медиҳад. Дар ҳама лаҳзаҳои вазнин Қодир омодааст, ки барои ҳифзи Ватан сина сипар кунад, то ҳамдиёронаш орому осуда зиндагӣ намоянд. Қаҳрамонони очерки мазкур барои дигарон намуна, роҳнамои зиндагӣ ва поктинату хирадпеша шинохта мешаванд, зеро онҳо ҳамеша дар андешаи саодати ҳамдиёронанд. Барои ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ омодаанд, ки ҷони худро қурбон кунанд. Муаллиф корнамоиҳои воқеиро бо нишон додани саҳнаҳои мухталиф, тасвири лаҳзаҳои ҷанг, муносибати ҳамяроқон ва раҳбарон пурратар гардонида, ба ин васила образи публитсистиеро офаридааст, ки аз синтези аносири воқеиву бадеӣ бархӯрдор аст.

Дар очерки «Донишомӯзи ҷаҳонафрӯз» низ ҳақиқати воқеӣ бо ифодаҳои образнок таҷассум ёфта, аз воқеияти иҷтимоӣ ва маҳорати тасвиргароии адиб дарак медиҳад. Муаллиф дар ин очерк рӯзгори омӯзгор ва олимро ба тасвир мегирад. Омӯзиши паҳлуҳои рӯзгор, воқеа, муаммоҳо бо усулҳои гуногун сурат мегирад. Иддае аз очеркнависон ин ҷанбаро дар асоси мутолиаи осори хаттӣ, суҳбат бо ашхоси гуногун ва гурӯҳи дигар аз мушоҳида, дарку фаҳми шахсӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳанд. Бахтиёр Муртазо мавқеи иҷтимоии қаҳрамони очерки худро бо ин ду усули муайяншуда омӯхтааст.  

Очеркҳои портретии адиб асосан, инъикосгари меҳнати ҳамзамонон, дастовардҳои ҷомеаи муосир, беҳтар шудани некуаҳволии зиндагии мардум ва амсоли инро дар бар мегирад. Очеркнавис ба ин ҷиҳат эътибори махсус зоҳир кардааст. Дар оилаи қаҳрамони марказии очерк ба тарбияи меҳнатдӯстии фарзандон диққати ҳамаҷониба дода мешуд, ки ин ба дарки моҳияти масъалаҳои иҷтимоӣ ба хонанда ва рӯҳияи ӯ бетаъсир нест.Ҷанбаи дигари масъалаи иҷтимоӣ дар очерк он аст, ки мушкилиҳои кору зиндагӣ, норасоии техникаҳо барои кишти пахта ва дигар намуди зироату полезиҳо зуд-зуд ба риштаи таҳлилу мулоҳиза кашида мешаванд. Қаҳрамони асар, ки деҳқонзода буд, ҳамаи инро мушоҳида карда, аз наврасӣ ба корҳои вазнин машғул мешуду таҷриба меомӯхт. «Мардони пуртаҷриба ва кордида ӯро аз ин амал боздоштанӣ шуданд, зеро пайкари бачаи дувоздаҳсола ҳанӯз тавони онро надошт, ки халтаи вазнини пур аз хокро аз ҷое ба ҷое барад. Вале ҷавон пофишорӣ кард ва ниҳоят гапи худро гузаронд» [9, 7]. Дар тасвири муаллиф қаҳрамони очерк ба наврасии худ нигоҳ накарда, баъди дарс ба саҳро омада, дар кишти пахта ба деҳқонон ёрӣ мерасонд. Дар шабҳои маҳтобӣ ҳамроҳи ҷавонону мардон ба дарави ғалла машғул мешуд ва ин ҳама меҳнату талошҳо дар вуҷуди ӯ мустаҳкам ҷой гирифта, дар зиндагӣ мавқеашро баланд намуд.

Очерк фарогири саҳнаҳои зиёдеро аз рӯзгори оилавӣ, ки моломол аз воқеияти иҷтимоианд, дар бар мегирад. Дар ин саҳнаҳо қаҳрамони марказӣ бевосита иштирок накунад ҳам, амалҳо ба фаъолият ва рӯзгори ӯ иртибот доранд.

Баъди фавти модар бародараш ба вай ғамхориву меҳрубониҳо намуда, барои дар ҳаёт мавқеъ пайдо намудан шароит фароҳам меовард.

Таҳсил дар мактаб-интернат ҷаҳони маънавии ҷавонро ба оламу одам куллан дигаргун кард. Завқаш барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олию касбӣ боло гирифт. Ва бо ҳамин шавқу ҳаваси ҷавонӣ ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар, ки дар водии Вахш ягона муассисаи муаллимтайёркунӣ буд, дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар корҳои ҷамъиятии омӯзишгоҳ фаъолона иштирок намуда, пайваста соҳиби мукофот мегардид. Донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, сипас ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ба тасвири Бахтиёр Муртазо ҷавонмард ҳам дар меҳнат, ҳам дар таҳсили илм муваффақ аст. Барои он, ки қаҳрамонро дар ин ҷода дуруст шиносем ва аз баъзе масаълаҳои иҷтимоии зиндагии ӯ бохабар шавем, албатта, ба воқеаҳо, саҳнаҳои очерк таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан зарур аст. «Дар таҳсил ҳам ӯ пешкори рафиқони худ буд. Барои он ки аз дигарон ақиб намонад, шабу рӯз китоб мехонд. Дар даврае, ки маҳфилҳои  илмии донишҷӯён мешуд, шабҳо пас аз мутолиаи тӯлонӣ дар болои китоб хобаш мебурд. Ба суолҳои устодон кӯтоҳу пурмазмун ҷавоб мегардонд» [11, 123]. Бо таҷассуми ин лаҳзаву саҳнаҳо қобилияти баланди илмомӯзӣ, ташкилотчигӣ ва меҳнатдӯстии қаҳрамони очерк намудор мегардад.  

Адиб барои баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ва тасвири воқеият ҳамчунин ба санадҳои дастдошта ва ба рӯзгору фаъолияти қаҳрамон муроҷиат карда, ба ҳодисаву саҳнаҳо қувват мебахшад. Шинохт ва маърифати масъалаҳои иҷтимоӣ, баҳо додан ба равандҳои мухталиф аз адиб дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати хоссаро талаб мекунад.

Ҳамин тавр омӯзиш ва баррасии баъзе очеркҳои Бахтиёр Муртазо нишон дод, ки ӯ аз рӯҳия ва ғояҳои пешқадами замон баҳра бардошта, бо ҳаёту фаъолияти эҷодии худ бо замон ҳамқадам аст ва масаълаҳои муҳиму мубрамро мавриди инъикос ва тасвир қарор додааст. Очеркҳои ӯ аз воқеият маншаъ гирифта, бо воситаҳои тасвири бадеӣ пайванд шудаанд. Чунин усули кор, аз як тараф, дар устувор гардидани андеша, таъсирбахшии гуфтори адиб мусоидат намуда бошад, аз сӯйи дигар, дар ташаккули афкори иҷтимоӣ, тарбияи маънавию ахлоқии мардум, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, меҳнат ва созандагӣ бе таъсир буда наметавонад. Ҳамчунин метавон гуфт, ки баррасии масъалаҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар қолаби жанрҳои гуногуни публитсистикаи бадеӣ, аз ҷумла очерк ба ташаккул ва инкишофи ин паҳлуи эҷодкорӣ заминагузор шудааст.

  Нависанда Бахтиёр Муртазо дар инъикос ва тасвири  масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ асосан аз имкониятҳои жанри очерк истифода кардааст. Ба таъбири дигар, ӯ муваффақият ва мушкилоти зиндагиро ба туфайли очерк ба миён гузошта, таҳлил мекунад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки ҷавҳари публитсистикаи ӯро жанри очерк ташкил медиҳад. Алалхусус очерки симоӣ ва проблемавӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён дорад. Дар меҳвари очеркҳои симоии ӯ одамони касбу кори гуногун: омӯзгорон, табибон, деҳқонон, коргарон, роҳсозону нақбканон ва ғайра меистанд. Ин зумра қаҳрамонон бо кору пайкори созандаи худ ҳамеша аз дигарон фарқ менамоянд. Маҳз тасвири ҳамин гуна инсонҳо боис гардидаанд, ки илҳоми эҷодии ӯ пайваста ҷӯш зада, бо меҳнати ҳамешагӣ ҳамчун публитсист ва адиб маъруфи ҳамагон шавад.

Таҳлили муқоисавӣ нишон дод, ки бо вуҷуди гуногунрангии мундариҷаи очеркҳои адиб, мавзӯъҳои сохтмони иншооти азим, масъалаҳои кишоварзӣ, бунёди роҳҳо, кандани нақбҳо дар публитсистикаи ӯ бартарӣ доранд. Муаллиф дар ду давра ба мавзӯи сохтмони иншооти азим таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки давраи аввал дар замони шӯравӣ ва марҳилаи дуюм ба замони истиқлолияти Тоҷикистон рост меояд. Агар дар давраи аввал сохтмони Шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ) диққати публитсистро ба худ ҷалб намуда бошад, дар марҳилаи дуюм кандани нақбҳо, сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳои обию барқӣ мавриди инъикоси осори ӯ қарор гирифтааст. Манфиати сохтмон, нақши шахсиятҳо дар бунёди он ва аҳаммияти меҳнат дар рӯзгор боис гардида, ки адиб ба ин масъалаҳо эътибори хосса диҳад.

Дар инъикоси масъалаҳои кишоварзӣ публитсист дар замони шӯравӣ ва давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, технологияи нави кишту кор, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти хоҷагии халқ ва амсоли инро мавриди тасвир қарор додааст. Дар очеркҳои солҳои охир навиштаи адиб дигар паҳлуҳои соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтаанд. Таҷассуми масъалаҳои кишоварзӣ, нишон додани ҳалли муаммо ва беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад, ки адиб ба ин масъала бо маҳорати касбӣ муносибат намудааст.

Дар очеркҳои Бахтиёр Муртазо масъалаҳои ахлоқӣ низ дар контексти мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла сохтмон ва кишоварзӣ баррасӣ ва арзёбӣ шудааст. Муаллиф дар ҷараёни тасвири воқеаҳои мухталиф, нишон додани муносибати қаҳрамонон ба касбу вазифа, ҳамкорон, тобеъон ва лаҳзаҳои дигар хислатҳои неки инсонӣ, амсоли муносибату муоширати хуби қаҳрамонҳо, ҳамдиливу ҳаммаромии онҳо, ҳамдигарро дастгирӣ намудан, дар шодиву ғами якдигар шарик будан, асоси зиндагиро дар меҳнати ҳалол дидан, ба қадри зиндагӣ расиданро тараннум намуда, ба ин минвол ҷанбаи ахлоқӣ ва тарбиявии осорашро пурқувват гардонидааст.

Очеркҳои Бахтиёр Муртазо асосан ҳаёти ибратомӯзи инсонҳои кору пайкорро фаро гирифта, дар онҳо ҷараёни ташаккули хислати қаҳрамонон бо алоқамандии воқеияти иҷтимоӣ ва корбурди аносири ҳунарӣ инъикос шудааст. Ҳарчанд дар очеркҳои ӯ инъикоси воқеияти мушаххаси давру замони муайян афзалият дорад, аммо дар тасвир ва нерӯбахшии ғоя ва рӯҳияи иҷтимоии замон симои муаллиф нақши муҳим мебозад. Маҳз тавассути мавқеи фаъоли муаллиф таҳлилҳо собит, андешарониҳо фаъол, мушкилот ҳал ва тасвирҳо ҷолиб гардидаанд. Ин ҷиҳат очерки ӯро мондагор карданд.

Очеркҳои проблемавии мондагори нависандаи соҳибистеъдод ва донишманди хуби забони халқ Бахтиёр Муртазо «Оҳан механдад», «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ман заминро дӯст дорам», «Хонаи дарё», «Насими Дашти Кокул», «Дарахти пайвандӣ», «Лимуи тоҷик», «Чинорҳои ёдгор», «Роҳи дилҳо», «Чашмаҷон», «Падари халқ», «Ҳикмати ҷомаи саркор» ва ғайра мебошанд. Ин ҳама корномаҳо, яъне асарҳое ҳастанд, ки муаллиф дар ситоиш ва проблемаҳои аҳли заҳмат эҷод намудааст. Ва ба ҳамин васила роҳи устодони очеркнавис Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов, Шодон Ҳанифро муваффақона идома додааст. Адиб ҳамчунин бо роҳи ҷустуҷӯ ва пайдоиш пайсипарӣ намуда, қиссаҳои «Одами ҷавҳардор», «Ман чароғ афрӯхтам», «Чашмаи офтоб» ва романи мустанади «Нақби Истиқлол»-ро эҷод намудааст. Доир ба ин асарҳо мо дар мақолаи дигар боз ҳам муфассал таваққуф хоҳем кард.

                  

Рӯйхати адабиёт ва манбаҳо

 

  1. «Аз «Қасидаи бародарӣ» то «Нақби Истиқлол» (Мусоҳибаи М. Собирова бо адиби публитсист Б. Муртазо) // Ҷомеа. – 2009, 30 апрел.
  2. Бахтиёри Муртазо Нақби Истиқлол (Қиссаи ҳуҷҷатӣ). – Душанбе: Адиб, 2007.
  3. Бахтиёри Муртазо Нақби Истиқлол (Романи мустанад). – Душанбе: Бухоро, 2015.
  4. Бахтиёри Муртазо Ҷавпазак. – Душанбе: Адиб, 2010.
  5. Гулназар Келдӣ Сафинаи Бахтиёр // Адабиёт ва санъат. – 2008, 24 июл.
  6. Муҳаммадиев Ҳ. Ситоиши кошифони навзамин //Адабиёт ва санъат. – 1988, 14 апрел.
  7. Муртазоев Б. Лимуи тоҷик. – Душанбе: Ирфон,1983.
  8. Муртазоев Б. Чашмаи офтоб. – Душанбе: Адиб, 1987.
  9. Муртазоев Б. Донишомӯзи ҷаҳонафрӯз. – Душанбе: Шарқи озод, 1998.
  10. Муртазоев Б. Ҳунар – зинати инсон // Маҷмӯаи мақолаву очеркҳо. Муҳаррир М. Наимов. – Душанбе: Ирфон, 1976.
  11. Раҳмонов Ш. Шаҳритуз – ҳавзаи таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ. – Душанбе, 2016.
  12. Садуллаев А. Эссе (Размышления о некоторых аспектах жанра и его эволюции). – Душанбе, 2010.
  13. Саъдуллоев А., Гулмуродзода П. Ҳамосаи инсони кор. – Душанбе, 1995.
  14. Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт. – Душанбе: Адиб, 2000.

 

 

 

Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, номзади илмҳои филологӣ, сардори

Маркази таҳлилӣ-иттлоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав