ГУЛРУХСОР – ТАҲҚИҚГАРИ РУБОИЁТИ ХАЙЁМ

Гулрухсори Сафӣ бар замми шоираи шеърҳои ноб буданаш дар навиштани осори насрӣ ва таҳқиқӣ низ дасти тавоное дорад. Ӯ бо таълифи осори насрие чун «Занони сабзбаҳор» (1990), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2001, 2003, 2014), «Сакарот» (2009) ва асари пажӯҳишии худ «Шинохти рубоиёти Умари Хайём» (2000) дар миёни аҳли илму адаб маълуму машҳур мебошад.

Мо дар ин мақола кӯшиш намудем, ки маҳорати пажӯҳандагии Гулрухсори Сафиро аз рӯйи асари «Шинохти рубоиёти Умари Хайём»-и ӯ мавриди тадқиқ қарор диҳем. Асар бо пешгуфтори Сайид Расули Мӯсавӣ оғоз шуда, дар қисми аввал мақолаҳои тадқиқотӣ ва дар қисми дуюми он 350 рубоии Хайём, инчунин дар охири китоб луғат ва сарчашмаҳо низ оварда шудааст.

Дар қисмати аввали китоб, ки навиштаҳои пажӯҳишии Гулрухсори Сафӣ ба шумор меравад, доир ба рӯзгору осор ва ташхиси рубоиёти Умари Хайём аз рубоиҳои дигарон 11 мақола ва 1 мақола бо номи «Дар зеҳи поварақҳо» низ ҷой дода шудааст.

Гулрухсори Сафӣ дар асари худ аз осори муҳаққиқони зиёде, ки роҷеъ ба Хайём ва осори ӯ корҳои пажӯҳишӣ бурдаанд, ба монанди Муҳаммадалии Фурӯғӣ, И. Панова, А. Абдуманнонов, Р.М. Алиев, М.Н. Османов, М. Муллоаҳмадов, Ш. Шомуҳаммадов, Е. Бертелс, Георгий Гулиа, Содиқ Ҳидоят, В.А. Жуковский, Саид Нафисӣ ва дигарон истифода карда, аз байни ҳазорон рубоиҳои ба Хайём нисбат додашуда фақат 350 рубоиро аз они ӯ донистааст.

Гулрухсори Сафӣ рубоиёти Умари Хайёмро аз рубоиҳои дигарон на аз рӯйи дар сарчашмаҳои қадима омада, дар китобҳои хайёмшиносон овардашуда, бо тахаллус омада, балки аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва тарзи ифодаву баёни шоирона, муҷазбаёнӣ ва ҷинсияти гӯяндагони онҳо, корбурди калимаҳои «май», «оби оташин», «ашки ангур», «духтари раз», «хуни инаб», «лаъли ноб», «оби ибриқ», «бода», «шароб» ва ғайра истилоҳоти  марбути майпарастӣ ва дигар мушаххасоти онҳо ба ҳаёту зиндагонии Хайём муқоисакунон муайян намудааст, ки дар хайёмшиносии ҷаҳон ин тарзи таҳқиқ бисёр нодир ба ҳисоб меравад.

Азбаски дар тӯли қарнҳо ҳар гуна рубоие, ки дар мавзӯи маю соқӣ, шаробу бода ва монанди инҳо гуфташударо ба Хайём нисбат додаанд, дар натиҷа шумораи рубоиҳо ӯ хеле зиёд шудаанд. Ин нукта ҳам аз назари Гулрухсори Сафӣ дур намонда, барҳақ овардааст: «Хайём ба зиёданависӣ ва пургӯӣ рағбате надошта, шахсияте инзивоталаб буда ва танҳоиву кунҷи хилватро бештар меписандида, ба ҳамин сабаб теъдоди рубоиёти ӯ дар маҷмӯи манобеъ ва маохизи қадимӣ дар ҳудуди 300 рубоӣ аст, ки рафта-рафта аз ҳудуди ҳазор рубоӣ низ таҷовуз мекунад. Бидуни шак, теъдоди рубоиёти воқеии Хайём камтар аз 300 рубоӣ аст ва бақия мансуб ба ӯ ва аз дигарон мебошанд, ки ташхиси теъдоди аз ҳамин 300 рубоӣ, ки аслӣ ё мансуб аст, бисёр душвор мебошад» [1, 6].

Зимнан бояд қайд кард, ки тибқи мушоҳидаҳои мо дар китоби «Таронаҳои дилангез» рубоии зерин ба номи Абӯсаиди Абулхайр (967-1049) оварда шудааст, ки аз лиҳози дарбаргирии мазмуну муҳтаво ба рубоиҳои Ҳаким Умари Хайём (1048-1131) монандӣ дорад:

Чун нест, зи ҳар чӣ ҳаст, ҷуз бод ба даст,

Чун ҳаст, зи ҳар чӣ нест, нуқсону шикаст.

Ангор, ки ҳар чӣ ҳаст, дар олам нест,

Пиндор, ки ҳар чӣ нест, дар олам ҳаст [2, 8].

Ҳамчунин рубоии боло дар китоби «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1983) низ бо каме дигаргунӣ оварда шудааст:

Чун ҳаст зи ҳар чи ҳаст бод андар даст,

Чун нест зи ҳар чи нест нуқсону шикаст.

Ангор, ки ҳар чи ҳаст, дар олам нест,

Пиндор, ки ҳар чи нест, дар олам ҳаст [3, 18].

 

         Аҷиб он аст, ки як рубоӣ бо фарқиятҳои ҷузъӣ дар китоби ду шоир оварда шудааст. Ин ҳолатро дида, аввал каме ҳайрон шудам ва баъдтар худро тасаллӣ додам, ки шумораи рубоиҳои Хайёмро пажӯҳишгарон зиёд намеҳисобанд ва солҳои охир, ки теъдоди рубоиҳои ӯро дар маҷмӯаҳо хеле зиёд нашр мекунанд, шояд моли шоирони дигар бошанд. Аввал ба чунин хулосае омадам, ки Абӯсаиди Абулхайр назар ба Умари Хайём 80 сол пештар таваллуд шудааст ва модоме, ки ин рубоӣ дар дохили девони Абӯсаиди Абулхайр оварда шудааст, пас он моли ӯ бояд бошад.

         Чунин ҳолатҳо ҳам шуданаш мумкин аст, ки дар баъзе баёзҳои солҳои охир таҳияшуда моли як шоир ба номи шоири дигар низ оварда мешаванд. Чунончи, Амирбек Ҳабибов дар сарсухани ба китоби «Баёзи ҷавоҳироти сухан» навиштааш чунин гуфтааст: «Баёзи мазкур ҳуқуқи рисолаи илмиро надорад, зеро аксарияти материалҳо он бо девону асарҳои илмии шоирон ва бузургони гузашта муқоисаву муқобила нашудааст… Қисми зиёди ин материалҳо аз баёзҳои мухталиф, бетағйирот рӯбардор шудаанд, яъне мо он чиро ки дар баёз буд ва ба номи ҳар касе  ки зикр буд, айнан овардем. Аз ин рӯ, аҷаб нест ашъор ва абёти як шоир ба шоири дигар нисбат ёфта бошад» [4, 6-7].

Инчунин доир ба ин масъала шоира Гулрухсори Сафӣ дар китоби «Шинохти рубоиёти Умари Хайём» ҳам рубоиҳои шубҳаноки Умари Хайёмро сарфи назар карда, дар китоби хеш фақат 350 рубоии ӯро овардааст, ки дар байни онҳо рубоии мавриди назари мо мавҷуд аст. Аз ин бармеояд, ки Гулрухсори Сафӣ низ рубоии болоро моли Умари Хайём шуморида, дар китоби мазкур дар саҳифаи 155 ҷой додааст.

         Пас аз ин, мо ба хулосае омадем, ки рубоии боло на аз Абӯсаиди Абулхайр, балки аз Умари Хайём будааст, зеро Гулрухсори Сафӣ пас аз таҳқиқу пажӯҳишҳои зиёди қиёсӣ онро моли Хайём дониста, дар китоби зикршуда низ овардааст.

         Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш дар маҷаллаи «Садои Шарқ» мусоҳибаи ихтисосии профессор Матлубаи Мирзоюнус бо Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ дар зодгоҳи ӯ, деҳаи Яхч бо номи «Ҷуръае аз чашмасори Яхч»-ро мутолиа кардам, ки шоира ба пурсишҳои муҳаққиқ Матлубаи Мирзоюнус посухҳои сазовор гардонидааст. Ӯ ба суоли муҳаққиқ, ки барои шинохти рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ шоира, яъне Гулрухсори Сафӣ, кадом омилҳо ё унсурҳои сабкро барои Хайём аввалиндараҷа меҳисобад, шоира муфассал ҷавоб дода, аз ҷумла  иброз доштааст, ки «эътирози ман нисбат ба интихоби нависанда Ҳидоят (Содиқ Ҳидоят дар назар аст – Р. Н.) ин рубоӣ аст:

Ҳарчанд, ки рангу рӯи зебост маро,

Чун лола руху чу сарв болост маро.

Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,

Наққоши азал баҳри чӣ орост маро!

Ин ҷо иштибоҳи ошиқонаи интихобкунанда нисбат ба интихобшаванда ба назар мерасад. Ба назари ман имкон надорад, ки ин рубоӣ аз они Ҳаким Умари Хайём бошад. Ҷавонмардеро «чун лола руху чу сарв боло» тасаввур кардан мушкил аст. Пайдо кардани чунин сифатҳои барои мард мушкил тасаввуршавандаро дар чор мисраъ метавон дид. Ин ҷо симои занеро мебинем, ки сурхиву сафеда мемолад ба рӯяш. Ин рубоӣ бояд аз они Маҳастии Ганҷавӣ ё худ Маҳастии Хуҷандӣ бошад. Аз рӯи сарчашмаҳо Маҳастӣ худ як бонуи зебо, зебопараст, ромишгару раққоса, шоири оташинсухан, хулоса сар то по ба ҳунару зебоӣ ороста будааст» [5, 108].

Тибқи гуфтаҳои Гулрухсори Сафӣ рубоии болоро, ки Содиқи Ҳидоят дар қатори рубоиҳои Хайём овардааст, бо намунаи рубоиҳои Маҳастии Хуҷандӣ (Ганҷавӣ) (таваллудаш ибтидои асри XII), ки соли 1986 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудаанд, муқоиса кардам ва онро пайдо накардам. Худи Гулрухсори Сафӣ доир ба ин масъала чунин гуфтааст: «Дар девони Маҳастии Ганҷавӣ, чуноне, ки арз шуд, бисёр рубоиҳои Хайём бо андаке таҳрир чун сурудаи шоири бузург омадаанд, аммо рубоии мисол шударо пайдо накардем» [1, 77].

Рубоии мазкурро, ки ба қавли Гулрухсори Сафӣ дар он «симои занеро мебинем, ки сурхиву сафеда мемолад ба рӯяш», бо рубоиҳои Маҳастии Хуҷандӣ муқоисаву муқобалакунон чашмам ба рубоии аввалини маҷалла афтод, ки он ҳамон рубоие буд, ки дар оғози мақола бо номи Абӯсаиди Абулхайр ва Умари Хайём оварда будем: 

Чун нест, зи ҳар чӣ ҳаст, ҷуз бод ба даст,

Чун ҳаст, зи ҳар чӣ нест,  нуқсону шикаст,

Пиндор, ки ҳар чӣ ҳаст, дар олам нест

В-ангор, ки ҳар чӣ нест дар олам, ҳаст [6, 65].

         Акнун як рубоӣ дар се китоб бо номи се шоир – Абӯсаиди Абулхайр, Умари Хайём ва Маҳастии Хуҷандӣ омадааст, ки ба кадоми онҳо мансуб будани он тадқиқи муфассалро тақозо мекунад. Шодравон Абдулманнони Насриддин дар китоби арзишманди хеш «Матншиносии осори адабӣ» дар се маврид номи Маҳастии Хуҷандиро зикр намуда, зимни баррасии рӯзгор ва осори олими олмонӣ Ҳелмут Риттер (1892-1971) аз китобе бо унвони «Нузҳат-ул-маҷолис» ном мебарад, ки олими олмонӣ онро аз китобхонаҳои Истамбул пайдо намудааст. Абдулманнони Насриддин дар бораи китоби мазкур чунин овардааст: ««Нузҳат-ул-маҷолис» маҷмӯаи мунтахаб аз рубоиёти қариб сесад нафар шуарои қарнҳои панҷ-ҳафти ҳиҷрӣ (11-13 мелодӣ) буда, бо кӯшиши Ҷамол Халил Шарвонӣ дар асри XIII танзим ёфтааст. Китоб муштамил бар 4139 рубоӣ мебошад. Рубоиҳо барои ромишу хушҳолии Шарвоншоҳ мунтахаб ва дар 17 бобу 96 мавзӯъ тарҳрезӣ шудаанд» [7, 317-318]. Дар қисмати охири мақола муаллиф сухани худро бо чунин ҷумлае ҳусни мақтаъ мебахшад: «Муҳимтар аз ҳама, ба василаи «Нуҳзат-ул-маҷолис» шинохтани рубоиёти асили Хайём, Маҳастӣ, Саноӣ, Камолиддини Исфаҳонӣ, Садриддини Хуҷандӣ ва шуарои дигар имконпазир гардид» [7, 318].

         Аз муқоисаи рубоиҳои дар боло овардашуда бармеояд, ки рубоии боло (Ҳарчанд, ки рангу рӯи зебост маро, Р. Н.) моли Умари Хайём набуда, балки онҳо моли Маҳастии Хуҷандӣ ё ягон шоираи дигари форсу тоҷик мебошад. Тибқи гуфтаи Гулрухсор рубоии мазкур дар сарчашмаҳо бо номи Маҳастӣ омада, инчунин дар он симои занеро мебинем, ки рӯи худро бо ороишоти занона сурхиву сафедӣ молида, қади баланду мавзуни худро ба дарахти сарв ташбеҳ кардааст. Ҳеҷ як шоире аз сурхрӯии чун лолаву қадди баланди чун сарв доштаи худ сухан ба миён намеорад, зеро тавсифи зебоиҳо ба маъшуқа, яъне ба занон хос мебошад.

Шояд шумораи чунин рубоиҳои сайёре, ки ба шоирони дигар нисбат дода мешаванд, дар китоби «Нузҳат-ул-маҷолис» хеле зиёд бошанд ва ҳамзамон гуфтанием, ки тадқиқу омӯзиши китоби арзишманди «Нузҳат-ул-маҷолис» ва ҳарчи зудтар интишор гардидани он дар ҷумҳуриамон ба бисёр муаммоҳои чигилу печ дар печ хотима хоҳад бахшид.

Азбаски ин асар то ҳанӯз дар ҷумҳуриамон ба табъ нарасидааст, бинобар ҳамин он ба дасти Гулрухсори Сафӣ нарасидааст. Агар муҳаққиқон ба ин маъхаз ошноӣ медоштанд, бисёр муаммоҳои марбут ба ташхиси рубоиёти Умари Хайём ҳал мегардид.

Гулрухсори Сафӣ дар китоби хеш ба ақидаи хайёмпажӯҳони Аврупоӣ, аз ҷумла ба ақидаи Артур Кристесен, ки ӯ 12 рубоии дар сарчашмаҳо бо номи «Умар», «Хайём», «Ҳаким» овардашударо моли ҳақиқии Хайём донистааст, бо далелҳои мантиқӣ дар панҷ банд чунин рад менамояд:

«1. Дар рубоӣ омадани тахаллуси шоир хоси ин шакли шеърӣ набуда, то имрӯз ин анъана барҷо мондааст.

  1. Рубоӣ, дубайтӣ, байт… чун кӯтоҳтарин жанри адабӣ имкони гунҷонидани ҳеҷ гуна суханбозиро надорад.
  2. Дар рубоӣ, ки онро тарона низ меноманд, мақсади гӯянда аксар дар баёни зарофати андеша ва такрори радиф зоҳир гардида, имкони гунҷонидани вожаҳои зиёдатӣ, аз ҷумла ному тахаллуси шоирро нахоҳад дошт.
  3. Дар даврони зисту эҷоди пири Нишопурӣ на танҳо дар рубоӣ, балки дар ғазал низ овардани ному тахаллуси шоир ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромада буд.
  4. Дар баъзе аз рубоиҳо, аз ҷумла № 2, 4, 7 аз номи шахси фавтида, – шоир ё ҳакими мурда, сухан меравад, ки худ инкоркунандаи муаллифе чун Хайём аст» [1, 91].

Гулрухсор бо ин суханҳои эътимодноки худ рубоиҳои бо номи «Умар», «Хайём», «Ҳаким» омадаро моли Хайём наҳисобида, онҳоро моли шоирони дигар донистааст, ки дар ҷавоб ва ё дар пайравии рубоиҳои Хайём онҳоро эҷод кардаанд.

Хулоса, китоби пажӯҳишии Гулрухсори Сафӣ бо номи «Шинохти рубоиёти Умари Хайём» дар хайёмшиносӣ яке аз беҳтарин асари тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, дар тадқиқ ва мушаххас намудани рубоиёти Умари Хайём падидаи ҷадиде мебошад. Хидмати Гулрухсори Сафӣ дар аниқ ва мушаххас намудани 350 рубоиёти аслии Хайём хеле бузург аст ва хайёмшиносонро месазад, ки чунин муқоисаҳои мантиқиро низ минбаъд идома диҳанд.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ:

  1. Гулрухсори Сафӣ. Шинохти рубоиёти Умари Хайём. – Душанбе: Пайванд, 2000. – 194 саҳ.
  2. Таронаҳои дилангез. Таҳияи Худоӣ Шарифов. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 208 саҳ.
  3. Умари Хайём. Рубоиёт. Тартибдиҳанда Мирзо Муллоаҳмадов. – Душанбе: Дониш, 1983. – 100 саҳ.
  4. Баёзи ҷавоҳироти сухан. – Душанбе: Маориф, 1987. – 140 саҳ.
  5. «Садои Шарқ», № 10, 2018. – Саҳ. 104-114.
  6. Маҳастии Хуҷандӣ. Аз рубоиёт. Таҳияи Мирзо Муллоаҳмадов ва Зафар Зарифов // «Садои Шарқ», № 9, 1986. – Саҳ. 64 – 72.
  7. Абдулманнони Насриддин. Матншиносии осори адабӣ. – Душанбе: Пайванд, 2011. – 392 саҳ.

Ниёзова Раҷабмоҳ Раҷабовна ва Расулова Наргис Ҷалиловна, омӯзгорони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики  ДДБ ба номи Носрии Хусрав