Санаи 28-уми феврали соли 2020 бо ташаббуси устодони кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” конференсияи илмӣ-назариявии факултетивӣ бахшида ба 5500 солагии Саразми бостонӣ зери унвони “Нақши Саразм дар омўзиши таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур декани факултет, дотсент Аҳлиддин Саидмуминов, мудири кафедраи таърихи умумӣ Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Рустам Казаков, сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ Самариддин Ҷамолӣ ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Устодон Саидмуминов А.С., Абдуллоев Ҷ.Ф., Алимов Д.Х., Қаландаров С.А. ва донишҷӯёни курси якум ва дуюми магистратураи кафедраи мазкур Эмомназарова М., Нафасов А., “Алиев Қ., Азимов Н.,  дар мавзўъҳои “Нигоҳе ба таърихи Саразм”, “Омўзиши Саразм аз ҷониби муҳаррихон”, Шаҳри Мунк – яке аз шаҳрҳои калонтарини Хуттал”, “Таърихи таъсисёбии муассисаи бойгонии шаҳри Левакант” ва “Ёдгориҳои таърих ва тамаддуни Ховалинг” маърӯза намуданд. Бояд қайд намуд, ки маърўзаҳои пешниҳодшудаи устодону магистрони курси якум ва дуюми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар доираи “Нақши Саразм дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик”дар шакли маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ аз чоп баромада қисми дуюми он барои нашр ба нақша гирифта шудааст. 

Ҳангоми баромад иштироккунандагон изҳор доштанд, ки маҳз бо пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвар аз ҷониби бостоншиносону таърихнигорон омўхта шуда истодаанд. Саразм яке аз мавзеъҳои қадимтарини таърихӣ ба ҳисоб меравад.  Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019 таҳти № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ба имзо расида, дар ин самт чорабиниҳои гуногун баргузор гашта истодаанд. Ҳамчунин дар конфронст зикр шуд, ки ёдгории бостоншиносии Саразм намунаи фаъолияти муштараки экспедитсияҳои байналмилалӣ бо мактабҳои мухталифи бостоншиносии ҷаҳон буда, метавонад ҳама методологияи пажӯҳиши фарҳангҳои ҳамзамони мамолики ҳамҷавораи Тоҷикистонро ҷалб созад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм боз ҳам вусъат ёфт.

            Дар воқеъ, ташкил ва гузаронидани чунин конференсияҳои илмӣ-назариявӣ дар шинохти таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва баланд бардоштани руҳияи худшиносиву худогоҳии сокинон таъсири мусбат мерасонад.

 

 Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав