Корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ беҳтар мегарданд

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мисли дигар зерсохторҳои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шўрои олимон ва ректорати донишгоҳро самти фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати амалӣ гардонидани он аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.  Бояд қайд намуд, ки имсол аз фаъолияти шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ 19 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат аспирантони зиёде шуъбаҳои рўзонаву ғоибонаро хатм намуда, бархе аз онҳо дар давраҳои гуногуни таҳсил ва баъди хатми он рисолаҳои номзадиашонро бо муваффақият ҳимоя намуда, аз пайи ҳимояи рисолаҳои докторӣ мебошанд.

Дар донишгоҳ тайи панҷ сол мешавад, ки зинаи таҳсили  докторантура PhD аз рўи 23 ихтисос амал менамояд, ки ин  ихтисосҳо филология, таърих, иқтисодиёт, математика,  физика,  информатика, химия, биология, педагогика ва психология (назария ва методикаи таълими математика), (назария ва методикаи таълими физика),  (назария ва методикаи таълими информатика), (назария ва методикаи таълими химия), (назария ва методикаи таълими биология), забон ва адабиёти тоҷик, адабиётшиносӣ, менеҷмент, молия, забон ва адабиёти рус, забони хориҷӣ, баҳисобгирӣ ва аудит, автоматикунонӣ ва идоракунӣ, технологияи коркарди чўб ва маҳсулоти чўбин буда, дар айни ҳол дар курси якум 18 нафар, дар курси дуюм 12 нафар ва дар курси сеюм 14 нафар, ҳамагӣ 44 нафар докторантон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо аз рўи нақшаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвалҳои дарсӣ ҳафтае ду рўз дар назди кафедраҳои донишгоҳ таҳсил менамоянд.

Шумораи докторантон вобаста ба ихтисосҳо чунин аст:

Рамз Ихтисос Курси 1 Курси 2 Курси 3 Ҳамагӣ
1 6D020300 Таърих 2 1 3
2 6D020500 Филология 1 2 3
3 6D050600 Иқтисодиёт 3 1 4 8
4 6D010300 Педагогика ва психология 2 2
5 6D010900 Математика 1 1 2
6 6D011000 Физика 1 1
7 6D011100 Информатика
8 6D011200 Кимиё 1 1
9 6D011300 Биология
10 6D060100 Математика  (назария ва методикаи таълими математика) 1 2 3
11 6D060400 Физика(назария ва методикаи таълими физика) 1 1 1 3
12 6D060600 Кимиё (назария ва методикаи таълими кимиё) 1 1
13 6D060700 Биология (назария ва методикаи таълими биология)
14 6D060200 Информатика(назария ва методикаи таълими информатика) 1 2 1 4
15 6D011700 Забон ва адабиёти тоҷик
16 6D021400 Адабиётшиносӣ
17 6D050700 Менеҷмент 2 2
18 6D050900 Молия 3 2 5
19 6D011800 Забон ва адабиёти рус
20 6D011900 Забони хориҷӣ 2 2
21 6D050800 Баҳисобгирӣ ва аудит 1 1
22 6D070200 Автоматикунонӣ ва идоракунӣ 1 1
23 6D072500 Технологияи коркарди чўб ва маҳсулоти чўбин 2 2
Ҳамагӣ 18 14 12 44

 

Бояд қайд намуд, ки рисолаи илмии се докторант аллакай ба анҷом расида, докторанти соли сеюми ихтисоси филология Фақиров Хурсандмурод таҳти роҳбарии профессор Муродиён Ҳасан Ғуломзода  аз пешдифои кафедра гузашта кори илмияшро барои баррасӣ ба шўрои диссертатсонии  6D.KOA-033 – ШД дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология, супурдааст.

Дар тўли ин солҳо фаъолияти шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ густариш ёфта, сол то сол сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии аспирантон, докторантон ва унвонҷўён хуб шуда истодааст. Шумораи умумии аспирантон дар соли ҷорӣ 14 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 4 нафарашон бонувон буда, 3 нафарашон дар шуъбаи рўзона, 11 нафарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Аз соли хониши 2018-2019 қабул ба аспирантура аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардид ва алҳол дар шуъбаи аспирантура танҳо курсҳои сеюм ва чорум (шуъбаи ғоибона) фаъолият доранд.

Айни замон аспирантон аз рўи 6 ихтисос таҳсил мекунанд, ки ин ихтисосҳо ва шумораи аспирантон  чунин аст:

Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот 13.00.01 2 н.
Назария ва усули таълиму тарбия (методикаи таълими физика ва математика) 13.00.02 2 н.
Адабиёти тоҷик 10.01.03 3 н.
Таърихи ватанӣ 07.00.02 4 н.
Муодилаҳои дифференсиалӣ 01.01.02 1 н.
Забоншиносии муқоисавӣ ва типологӣ 10.02.20 2 н.

 

             Қайд намудан зарур аст, ки дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ то имрўз ғайр аз аспирантону докторантон унвонҷўён низ ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо дар чор соли охир ба 64 нафар расидааст.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир вазъи ҳуҷҷатгузорӣ хеле беҳтар гардида, нақшаҳои инфиродӣ ва варақаҳои аттестатсионии аспирантон, баёнияҳои супоридани имтиҳони дохилшавӣ, имтиҳонҳои минимуми номзадӣ саривақт таҳия ва омода мешаванд. Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ кўшиш намуда истодааст, ки аспирантон ва унвонҷўён дар вақташ нақшаҳои инфиродӣ ва варақаи аттестатсиониашонро пур намуда, аз аттестатсияи кафедра ва факултет гузашта, ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ супоранд.  Интизом дар байни аспирантон, докторантон ва унвонҷўён беҳтар шуда, ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва супоришҳои додашуда хеле боло рафта истодааст. Интишори мақолаҳои илмӣ аз тарафи унвонҷўён дар маҷаллаҳои гуногуни илмӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чоп шуда истодааст. Иштироки аспирантон докторантон ва унвонҷўёни донишгоҳ дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ хеле беҳтар гардидааст. Дар соли 2019 28 нафар аспирантону унвонҷўён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро сарбаландона дифоъ намуданд, ки 2 нафар докторони илм бо равияи сиёсатшиносӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ мебошад. 10 нафари дигари аспирантон ва унвонҷўёни фаъоли донишгоҳ, аллакай аз пешдифоъ гузашта санаи дифои рисолаи илмияшон то моҳи апрел муайян гардидааст ва дар соли ҷорӣ рисолаи номзадияшонро дифоъ хоҳанд кард.

Қабул ба докторантура аз рўи ихтисос PhD рўзҳои 26 ва 30-юми августи соли 2019 имтиҳоноти қабули докторантон барои соли таҳсили 2019-2020 гузаронида шуд, пас аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 18 нафар докторантон аз рўи 11 ихтисос ба таҳсили рўзонаи докторантура аз рўи ихтисос PhD фарогирифта шуданд.

Соли сипаригашта 7 нафар аспирантони шуъбаи ғоибона аз рўйи ихтисосҳои гуногун аспирантураро хатм намуданд. Бояд қайд намуд, ки соли сипаригашта бо сабаби бемасъулиятии аспирантон ва докторантон барои нокифоя дар машғулиятҳо, надоштани роҳбари илмӣ ва насупоридани ҳисоботи солона 8 нафар аспирантону докторантону унвонҷўён аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд. 

Боварии зиёд дорам, ки дар соли 2020 иртиботи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва кафедраҳои донишгоҳ, роҳбарони илмии аспирантон, докторантон ва унвонҷўён беҳтар гардида, дар интихоби довталабони арзанда қабулу ҷобаҷогузории онҳо ва иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ ба дастоварду муваффақиятҳо ноил хоҳем гашт.

 

 

 

Мудири шуъбаи омодакунии

кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ                                     Холмуродзода М.Х.