Паҳншавии ғояҳои экстремизми динию сиёсӣ дар миёни ҷавонон

       

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2016 вобаста ба нақши пешбарандаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. … Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» [7]. Воқеан ҳам, ҷавонон нерӯи созанда ва воситаи асосии таъминкунандаи рушди соҳаҳои мамлакат ба шумор мераванд. Аз ҷумла, рушду инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷавонон вобастагии калон дорад. Зеро мамлакат баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз сохтори сотсиалистӣ ба сохтори нави давлатдорӣ, яъне сохтори сармоядорӣ ва демократӣ ворид гардид, ки дар натиҷа муносибатҳои ҷамъиятӣ куллан тағйир ёфтаанд. Бинобар ин, дар чунин сохтор омода намудани мутахассисони ба талаботи давру замон ҷавобгӯ аз ҳисоби ҷавонон яке аз стратегияҳои асосии давлату ҳукумат низ мебошад. Аммо тӯли ду даҳсолаи охир ҷавонони мамлакат аз рисолати аслии худ, ки илмомӯзию донишандузӣ мебошад ва аз ҳама муҳимтар ояндаи дурахшони миллат мебошанд, мутаассифона, дур карда шуда истодаанд ва бо ҳар роҳу восита ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб гардида, барои анҷом додани амалҳои ҷиноӣ сафарбар мешаванд. Аз ҷониби ҷавонони Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудан ва пайравӣ кардан аз андешаҳои ифротӣ одатан дар зери таъсири омилҳои гуногун ба амал меояд. Дар миёни онҳо тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ба доми худ афтонидани ҷавонон омили аз ҳама муҳим ва таъсиррасон мебошад. Айни замон гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои тарғибу ташвиқи ақидаи ифротӣ ҳама гуна роҳу воситаҳоро истифода менамоянд. Онҳо чӣ дар дохили мамлакат ба воситаи пайравони худ ва чӣ дар хориҷи кишвар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ амалҳои экстремистии худро анҷом медиҳанд ва бо ин роҳ ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин экстремистон кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу восита ба дохили мамлакат аз хориҷа адабиёти экстремистӣ, аудио ва видеороликҳои дорои характери экстремистиро ворид намоянд.

Дар миёни онҳо ҷавонони муҳоҷир, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ва махсусан Федератсияи Россия қарор доранд, қишри аз ҳама осебпазир ба шумор мераванд. Ба ибораи дигар, имрӯз сару кор гирифтан бо муҳоҷирон барои экстремистон яке самтҳои муҳимтарини тарғибу ташвиқ қарор гирифтааст. «Тибқи маълумотҳо аксари ҷавонони дар муҳоҷират қарордошта дониши касбию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгорро надошта, донишҳои динию дунявиашон сатҳӣ мебошанд. … Намояндагони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар навбати аввал бо чунин ҷавонон сару кор гирифта, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба Россия рафта, аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд. Сафарҳои мунтазами баъзе руҳониёни шинохтаи кишвар ва пешвоёни ҳизби динӣ ба назди муҳоҷирон яке аз сабабҳои тағйири ақидаву ҷаҳонбинии муҳоҷирон ва ба доми чунин ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ гирифтор шудани онҳо мебошад» [5, с.148].

Яке аз сарчашмаҳои дигари паҳн гардидани ақидаҳои ифротӣ дар миёни ҷавонон таҳсил дар хориҷи мамлакат мебошад. Махсусан, баъди солҳои 2000 сафи ҷавононе, ки мехостанд дар давлатҳои исломӣ таҳсил намуда, маълумоти исломӣ гиранд, хеле зиёд гардида буд. Аз ҷумла, дар Эрон, Арабистони Саудӣ, Қоҳира, Миср, Аморати муттаҳидаи араб, Кувайт ва дигарон. Баъзан ҷавонони тоҷик аз рӯйи шавқу ҳавас ва баъзан ба воситаи тавсияи рӯҳониёни мамлакат ба давлатҳои мазкур сафар намуда, бинобар сабаби маблағи кофӣ надоштан, ба мактабҳои олии шубҳанок ва пастсифат дохил мешаванд, ки дар он ҷойҳо мағзшӯӣ мегарданд. Ҳатто донишгоҳи бонуфузи «Ал-Азҳар»-и Миср низ аз ин гуна муҳит орӣ нест ва хавфи гаравидани ҷавонон ба андешаҳои ҳаракати экстремистии «Бародарони мусулмон» низ аз имкон берун нест. Зеро «зершохаҳои ташкилоти экстремистии «Бародарони мусулмон» дар донишгоҳи мазкур ба таври пинҳонӣ амал намуда, пеш аз ҳама, бо донишҷӯёни хориҷӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ анҷом медиҳанд» [8, с.71]. Дар донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ бошад дарсҳо аз рӯи меъёрҳои мазҳаби ҳанбалӣ гузаронида мешаванд, ки дар аксар маврид бо мазҳаби суннатии тоҷикон ҳанафия созгор нест ва минбаъд дар мамлакат метавонад бархӯрдҳои байнимазҳабиро зиёд намояд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад асосан ба ҷавонон рукнҳои асосии инқилоби исломиро меомӯзанд. Барои ҳукумати Эрон ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун идомадиҳандагони сиёсати хориҷии ин мамлакат тасаввур карда мешавад.

Инчунин кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷавонони тоҷик аз рӯйи нофаҳмӣ ва ноогоҳӣ ба умеди таҳсил намудан дар донишгоҳҳои исломӣ, дар лагерҳои террористию экстремистӣ меафтанд ва баъди хатми донишгоҳ аксари онҳо ба фаъолиятҳои террористӣ машғул мегарданд. Масалан, тӯли чанд соли охир шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолиятҳои экстремистию террористӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Инчунин дар дохили мамлакат низ ҳамасола бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои экстремистию террористӣ даҳҳо нафар ҷавонони кишвар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистӣ барои зиёд намудани сафи худ бо роҳи мағзшуӣ пайравон ва ҷонибдорони худро омода месозанд ва бо ин роҳ ҳаммаслакони худро афзун мегардонанд. Экстремистони исломӣ дар раванди анҷом додани мағзшӯӣ бештар аз ҳама ба робитаҳои дӯстӣ ва хешутаборӣ диққати махсус медиҳанд. Аммо дар миёни бегонагон ҷустуҷӯ намудани ҳаммаслакон хеле эҳтиёткорона анҷом дода мешавад. Муҳаққиқи рус Коровиков А.В. иброз медорад, ки экстремистони исломӣ асосан се категорияи одамонро мағзшӯӣ намуда, бо ин роҳ сафи ҳаммаслакони худро зиёд менамоянд: дар миёни хешу ақрабо, дар миёни дӯстон, дар миёни ҷавононе, ки пайваста ба масҷид мераванду, бо экстремистон шинос ҳастанд [3, с.98].

Яке аз сабабҳои дигари паҳн гардидани ақидаҳои экстремистӣ дар миёни ҷавонон сатҳи пасти донишҳои динию дунявии онҳо мебошад. Зеро осебпазирии ҷомеаҳои мусулмонӣ аз таъсири экстремизми динию сиёсӣ ҷанбаҳои идеологию маърифатӣ дорад. Ба таври гуногун шарҳу тафсир намудани таълимоти исломӣ ва шохаҳо ва мазҳабҳои гуногун ҷудо гардидани он, дар заминаи онҳо ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои динию сиёсӣ рушди экстремизм ва радикализмро ба миён меоранд. Чунин ҳолат сиёсишавӣ ва тундгароии исломиро ба вуҷуд меорад. Дар ин раванд аз ҷониби одамони оддӣ дарк нагардидани идеяҳои гуманистӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ислом хавфи ба таассуби динӣ рӯ ба рӯ гардидани ҷавонон ва пайваст шудани онҳо ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористиро зиёд менамояд [10, с.208].

Яке аз хусусиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо аз хориҷи мамлакат ба таври кушод ва дар дохили мамлакат ба таври пинҳонӣ фаъолият менамоянд. Чунин роҳу усули фаъолият ба онҳо имкон медиҳад, ки дар шароити тағйирёбии вазъияти сиёсию иҷтимоӣ худро бо он зуд мутобиқ созанд. Одатан ифротгароёни динӣ ба паҳн намудани адабиёти динӣ, видеороликҳои ифротӣ ва мағзшӯии ҷавонон машғул мегарданд [1, с.12].

Адабиёт

  1. Авцинова Г.И. Экстремизм политический: реалии и мифы // Мир современной науки. – 2012. –№4. –С.8-17.
  2. Диль В.А. Тенденции развития современного экстремизма: молодежный и информационный экстремизм // Известия Томского политехнического университета. –2009. –Т.314. –№6. –С.167-170.
  3. Коровиков А.В. Исламский экстремизм в арабских странах. –М.: Наука, 1990. – 170 с.
  4. Леонтев А.Н. Социальные сети как политический ресурс // Социокультурные исследования. –Волгоград, 2013. –С.130-133.
  5. Маҳмадов А.Н. Терроризм, омилҳои хатарҳои муҳоҷират ва таъсири онҳо ба амнияти миллӣ / А.Н. Мухаммад // Терроризм ва ифротгароӣ – роҳҳои пешгирии он. –Душанбе: Маориф, 2015. –С.139-150.
  6. Мухаммад А.Н., Сафарализода Х.К. Национальная безопасность. Учебное пособие. –Душанбе: Империал-групп, 2018. – 226 с.
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016 [манбаи электронӣ]. URL: http://president.tj/node/13739 (санаи истифодабарӣ: 12.12.2018)
  8. Поляков К.И. Исламский экстремизм в Центральной Азии. –М.: Институт востоковедения РАН, 2014. – 136 с.
  9. Сальников Е.В. Проблемы противодействия экстремизму: минимизация и ликвидация его последствий в составе механизма противодействия экстремизму // Ленинградский юридический журнал. – 2011. –№3 (25). –С.107-118.
  10. Шарифзода З. Сотрудничество центрально-азиатских стран в противодействии международному терроризму // Известия Института философии, политологии и права имени А.Баховаддинова АН РТ. –2016. –№4. –С.106-210.

 

 

 

Исозода Тиҷиддин Исо, номзади илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Ашурзода Ҷамшеди Хуршед, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ