Технологияи иттилоотӣ – сабаби пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ

 

Бояд гуфт, ки дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ аз ҳама бештар ҷавонон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа шинохта мешаванд. Зеро, баъди пайдоиши шабакаи интернет ва махсусан сохта ба истифода додани шабакаи иҷтимоӣ дар ин торнома фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ тамоман шакли худро иваз намуда, ба марҳилаи сифатан нав баромадааст, ки дар аксар маврид даркнашаванда мебошанд.

Як ҳолатро махсус бояд таъкид намуд. Ҳар як кишфиёт ва ё ихтироот ду паҳлу дорад: манфӣ ва мусбат. Яъне агар он дар аввал барои мусоидат ба кору зиндагии одамон нигаронида шуда бошанд, сипас ба таҳдиди пуриқтидор мубаддал мегарданд. Дилхоҳ дастоварди илмиро метавон чунин шарҳу тафсир намуд. Технологияҳои иттилоотӣ низ ба монанди дигар навъи технологияҳои навин метавонанд ҳам ба фоидаи инсоният истифода бурда шаванд ва ҳам бар зарари он. Дар шароити муосир хусусиятҳои ҷомеаи иттилоотиро, ки дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба амал меояд, чунин тавсиф намудан мумкин аст: якум, сарҳади байни муаллиф ва хонанда аз байн меравад (яъне, ҳар кас метавонад муаллиф бошад ва баръакс муаллифон ба хонандагон табдил меёбанд ва муаллифи аслӣ номаълум боқӣ мемонад); дуюм, соҳиби аслии маводи чопшуда номаълум боқӣ мемонад (яъне, муаллифи мавод метавонад бо исми мустаор ва ё бо номи сохта маводи худро паҳн намояд); сеюм, дастрас будани технологияҳои пашхи ахбор ва паҳн намудани иттилоот (ҳар як одам ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ дар шабакаи интернет метавонад васоити ахбори омма созад, ки он аз лиҳози иқтидор газета, радио ва телевизионро иваз намояд. Чунин амал тахминан 20-25 сол пеш ғайриимкон буд); чорум, дастрасии иттилоот (яъне одамон дар ҳар куҷое, ки набошанд, ба воситаи телефони мобилии худ метавонанд иттилооти хостаи худро дарёфт намуда мутолиа намоянд); панҷум, характери ҷаҳонӣ доштани истифодаи иттилоот (яъне, аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташаккул меёбад ва дастраси ҳамагон мегардад) [4, с.132].

Бе шакку шубҳа тӯли ду даҳсолаи охир андешаҳои экстремистӣ асосан дар байни ҷавонон паҳн карда мешавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро экстремистон маҳз ҷавононро интихоб намуда, онҳоро ба сафҳои худ шомил менамоянд? Чунин ҳолат аз омилҳои гуногун вобаста мебошад: аввал ин, ки дар зери таъсири рушди илму техника ва рушди бемайлони технологияҳои навин тафовут миёни фарҳанги волидайн ва фарҳанги фарзандон хеле калон мешавад. Масалан, наврасон ва ҷавонони замони муосир аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз қабили интернети мобилӣ, компютерҳо ва дигар воситаҳои иттилоотӣ истифода карда метавонанд, ҳол он ки қисми зиёди калонсолон истифодаи онҳоро сарфаҳм намераванд. Чунин тафовут дар натиҷаи дигаргуниҳои босуръати тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба амал меояд. Дар шароити муосир дар пеши назари як насл қариб, ки ҳамаи тамоюлотҳои ҳаётӣ ва арзишҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбанд. Дар натиҷа, натанҳо фарзандон мавқеи волидайнро қабул кардан намехоҳанд, балки мехоҳанд мавқеи онҳоро ҳамчун арзишҳои ба замона номувофиқ аз байн бубаранд. Чунин ҳолатро муборизаи наслҳо, аниқтараш низои байни наслҳои калонсол ва насли ҷавон номидан мумкин аст. Зеро чунин низоъ бо шинохт ва қабули арзишҳои нав ва муқобилият намудан бо арзишҳои аз ҷониби калонсолон талқилшаванда алоқаманд аст.

Дуюм ин, ки дар замони муосир дар натиҷаи ивазшавии марҳилаҳои фарҳангӣ урфу одати одамон низ тағйир меёбанд. Дар ин раванд дар ҷойи арзишҳои пештар мавҷуда арзишҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки онҳо на танҳо дидгоҳ ва мавқеи одамонро нисбат ба ҳаёт тағйир медиҳанд, балки нақш ва мавқеи инсонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргун менамоянд.

Сеюм ин, ки зарурати фаъолияти экстремистӣ ва асоснок намудани фаъолнокии худ баъзан тавре ташкил карда мешаванд, ки онҳо барои ҷавонон диққатҷалбкунанда менамоянд. Як қатор сабабҳое мавҷуданд, ки бо ёрии онҳо экстремистон дурустии фаъолияти худро асоснок менамоянд ва бо ин роҳ ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсиргузорӣ мекунанд. 1) экстремизм ҳамчун зарурати амалӣ намудани дипломатияи маҷбуркунанда; 2) экстремизм ҳамчун мубориза барои идеалҳои худ; 3) экстремизм ҳамчун нишонаи ба вуҷуд овардани тартиботи нав.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби якуми пайдоиши экстремизм дар байни ҷавонон, яъне экстремизм ҳамчун зарурати амалӣ намудани дипломатияи маҷбуркунанда дар он аст, ки ҳангоми истифодаи чунин шакли мубориза экстремизм ва андешаҳои экстремистӣ дар зеҳну тафаккури ҷавонон ҳамчун имконияти ҳимоя намудани гурӯҳҳои хурд ва гурӯҳҳое дониста мешавад, ки онҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои қонунии худ имконият надоранд. Яъне, зуҳури чунин навъи экстремизм дар байни ҷавонон даъват барои ба қавли онҳо барқарор намудани адолат аст.  Дар марҳилаҳои аввали фаъолияти худ ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ пайравони худро ба зӯроварии руирост даъват намекунанд, ки чунин тарзи фаъолият дар назари ҷавонон ҷолиби диққат менамояд. Аммо дар марҳилаҳои охирини фаъолияти худ онҳо ба зӯроварии рӯирост оғоз менамоянд, яъне замоне, ки пайравони онҳо зиёд мегардад.

Сабаби дуюми пайдоиши экстремизм дар миёни ҷавонон зоҳир гардидани он ҳамчун мубориза барои идеалҳои худ мебошад. Чунин тарзи мубориза як навъ даъват барои мустаҳкам намудани мавқеи худ ва мубориза барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад, ки он барои ҷавонон хеле диққатҷалбкунанда мебошад. Махсусан, барои аксари ҷавонон эҳтиром гузаштан ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо афзалияти ҳаётии онҳо мебошад. Зеро ҷавонон ба тозагӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактабҳои олиро хатм намуда, дар муқоиса бо насли калонсол нисбат ба қонунҳо ва риояи қонунҳо эҳтироми бештар мегузоранд. Дар муқоиса бо дипломатияи маҷбуркунанда истифодаи доктринаи мубориза барои идеалҳо рӯ овардан ба зӯровариро маҳдуд намекунанд ва баръакс истифодаи зӯровариро воситаи асосии мубориза медонанд. Ба эътиқоди онҳо, ба рақиб чи қадаре, ки зиёни бештар расонида шавад, ҳамон қадар фазои озодӣ барои ибрози андеша ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа ҷонибдорони идеалҳои онҳо низ зиёд мегардад. Бинобар ин, чунин тарзи асоснокнамоии экстремистӣ дар миёни онҳо хеле афзалиятнок дониста шуда, ҳамзамон барои амнияти ҷомеа ва суботи мамлакат оқибатҳои ногувор дорад.

Сабаби сеюми пайдоиши экстремизм дар миёни ҷавонон, яъне экстремизм ҳамчун нишонаи ба вуҷуд овардани тартиботи нав воситаи муҳимтарини тағйир додани низоми мавҷуда ва гузариш аз як марҳила ба марҳилаи дигар унвон карда мешавад. Экстремистон ҷавононро бовар мекунанд, ки дар марҳилаи навбатӣ истифодаи зӯроварӣ қатъ мегардад, яъне амалҳои онҳо муваққатӣ ва маҷбурӣ мебошанд. Онҳо пешниҳод менамоянд, ки барои ташкил намудани тартиботи нав бояд меъёрҳои тартиботи мавҷуда пурра барҳам дода шавад. Ба андешаи онҳо, рақибон ва мавқеи онҳо бояд пурра аз байн бурда шаванд. Ҳамин тариқ, экстремистоне, ки аз чунин шеваи рафтор истифода мекунанд, ба тартиботи ҷамъиятӣ ва сохтори конститутсионии давлат зарари зиёд мерасонанд.

Дар маҷмӯъ сабабҳои асосии пайдоиши экстремизм дар миёни ҷавононро ба таври зерин нишон додан мумкин аст: 1) буҳрони системаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ; 2) тарғибу ташвиқи арзишҳое, ки зидди арзишҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ мебошанд; 3) вайрон гардидани низоми арзишҳои фардӣ; 4) канда шудани алоқаи ҷавонон аз арзишҳои насли калонсол. Бояд гуфт, ки омилҳои номбаргардида сабабҳои ягонаи пайдоиши экстремизм буда наметавонанд. Зеро сабабҳои дигар низ метавонанд боиси пайдоиши экстремизм гарданд. Аммо омилҳои номбаргардида хеле таъсири амиқ мерасонанд.

Дар раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои экстремистӣ онҳо барои тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои ифротию тундгароии худ дар замони муосир аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Ин аст, ки тӯли солҳои охир аз ҷониби муҳаққиқон мафҳумҳои экстремизми иттилоотӣ, киберэкстремизм ва ғайра истифода шуда истодаанд. Вайрон намудани фазои иттилоотии ҷомеа мақсади асосии онҳо буда, алоқаҳои иттилоотӣ ва таъсиррасонии иттилоотӣ яроқи асосии онҳо ба шумор меравад. Таҳқиқи масъалаҳои сеҳри сухан ва таъсири нутқи шифоҳию хаттӣ ба шуури одамон таърихи тӯлонӣ дорад ва он аз ҷониби файласуфон, адабиётшиносон, забоншиносон ва диншиносон баррасӣ шудаанд. Исбот гардидааст, ки барои тағйир додани рафтори одам ӯро задан лозим нест, ӯро таҳқир кардан лозим нест ва ҳатто ӯро аз озодӣ ҳам маҳрум кардан зарурат надорад, фақат сохтори тафаккури ӯро тағйир додан лозим аст. Ана ҳамин қонуният дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ба инобат гирифта шуда, кӯшиш менамоянд, ки ба зеҳну тафаккури ҷавонон ҳарчи бештар таъсир намоянд. Таъсир расонидан ба субъект мақсади экстремистон нест, балки воситаи амалӣ намудани мақсад мебошад. Бинобар ин, онҳо дар бораи мақсадҳои худ кушоду равшан суҳбат менамоянд ва ҳеҷ гоҳ дар бораи таъсиррасонии иттилоотӣ ҳарфе намезананд. Бинобар ин, онҳо масъалаҳоеро матраҳ менамоянд, ки ба баррасии онҳо ВАО қонунӣ машғул намегардад, аз ин рӯ, на танҳо барои ҷавонон ҷолиби диққат мешаванд, балки муассир низ мебошанд. Яъне характери манипулятивӣ доранд. Ба андешаи муҳаққиқи рус В.А. Диль, «экстремизми иттилоотӣ марҳилаи омодагӣ барои амалӣ намудани дигар навъҳои экстремизм мебошад, ки бо ёрии он барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ ва тундгароӣ шароити муосид фароҳам меоваранд» [2, с.169]. Дар натиҷа ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ на танҳо соҳаҳои гуногуни иттилоотиро зери назорати худ қарор медиҳанд, балки бомуваффақият арзишҳои идеологӣ ва ё ғояҳои ифротии худро дар миёни доираи васеи одамон тарғибу ташвиқ менамоянд.

Дар шароити муосир дар баробари омӯзиш ва баррасии хусусиятҳои экстремизм ва сабабҳои пайдоиши он, инчунин масъалаи пешгирӣ намудани он низ хеле муҳим дониста мешавад. Айни замон як қатор муҳаққиқон иброз медоранд, ки муқовимат бо экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ва инчунин мақомоти ҳудидоракунии маҳаллӣ мебошад [9, с.114]. Аммо бо дарназардошти хусусиятҳои муҳимми ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин бодарназардошти марҳилаҳои асосии рушду инкишофи он гуфтан мумкин аст, ки дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм ҷомеаи шаҳрвандӣ низ метавонад саҳми арзанда гузорад. «Экстремизми динӣ падидаи номатлуби ҷаҳони муосир буда, бештар ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба роҳ монда шуда, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон, омода намудани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии афроди ҷомеа ба назар гирифта шаванд» [6, с.115].

 

 

Адабиёт

 

  1. Авцинова Г.И. Экстремизм политический: реалии и мифы // Мир современной науки. – 2012. –№4. –С.8-17.
  2. Диль В.А. Тенденции развития современного экстремизма: молодежный и информационный экстремизм // Известия Томского политехнического университета. –2009. –Т.314. –№6. –С.167-170.
  3. Коровиков А.В. Исламский экстремизм в арабских странах. –М.: Наука, 1990. – 170 с.
  4. Леонтев А.Н. Социальные сети как политический ресурс // Социокультурные исследования. –Волгоград, 2013. –С.130-133.
  5. Маҳмадов А.Н. Терроризм, омилҳои хатарҳои муҳоҷират ва таъсири онҳо ба амнияти миллӣ / А.Н. Мухаммад // Терроризм ва ифротгароӣ – роҳҳои пешгирии он. –Душанбе: Маориф, 2015. –С.139-150.
  6. Мухаммад А.Н., Сафарализода Х.К. Национальная безопасность. Учебное пособие. –Душанбе: Империал-групп, 2018. – 226 с.
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.12.2016 [манбаи электронӣ]. URL: http://president.tj/node/13739 (санаи истифодабарӣ: 12.12.2018)
  8. Поляков К.И. Исламский экстремизм в Центральной Азии. –М.: Институт востоковедения РАН, 2014. – 136 с.
  9. Сальников Е.В. Проблемы противодействия экстремизму: минимизация и ликвидация его последствий в составе механизма противодействия экстремизму // Ленинградский юридический журнал. – 2011. –№3 (25). –С.107-118.
  10. Шарифзода З. Сотрудничество центрально-азиатских стран в противодействии международному терроризму // Известия Института философии, политологии и права имени А.Баховаддинова АН РТ. –2016. –№4. –С.106-210.

 

Исозода Тиҷиддин Исо., Ашурзода Ҷамшеди Хуршед устодони факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав