Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Улянов таҳким меёбанд

 

Санаи 21-уми феврали соли 2020 намояндаи Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Улянов, Пазушкин Павел Борисович бо ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи Давлатии Бохтар, ба номи Носири Хусрав», профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Пазушкин Павел Борисович аз пазироии самимии ҳайати Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав  ва  ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илму табодули таҷрибаҳо изҳори хушнудӣ намуда, омўзиш ва татбиқи масъалаҳои мазкурро омили пешрафти ҷонибҳо арзёбӣ кард:  

– тавсияи робитаҳо дар самти табодули таҷрибаҳо ва сайёҳӣ миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва шаҳри Улянов;

– иштирок дар конфронсҳои байналмилалии ҷонибҳо;

– ташкил намудани синфхонаи омӯзиши забони русӣ  дар назди факултети забони русии  донишгоҳ  бо мақасади  омўзиши забони русӣ барои  тайёр намудани кадрҳои самти ихтисосҳои техникӣ;

– бастани шартнома байни донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Улянов ва  Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» чунин вохӯриҳоро қобили қабул шуморида, дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки  робитаҳои судмандро бо хориҷи кишвар дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳибилм густариш диҳад.

Мирзозода Кибриё сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ,

Шарифов Сангимурод сардори   Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав