ҶАВОНОН-СОЗАНДАГОНИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА

Ҷавонон қувваи бузурги ҷомеа  мебошанд. Дар ҳама давру замон  ҷавонон  ояндаи неки миллат маҳсуб меёбанд. Бешубҳа, ин қишри ҷомеа дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек мебошанд.  Таърихи инсоният аз гувоҳи ин гуфтаҳо саршор аст.

Мувофиқи оморҳои расмӣ бештар аз нисфи аҳолии ҷумҳурӣ ва инчунин, муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Вале, агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷойи корӣ муносибе барои татбиқи илми худ дар Ватан надошта бошанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавонони дилсарду муҳоҷиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад? Бале, мушкилиҳои ҷавонон то ҳол хеле зиёданд дар натиҷа аксари ҷавонон саводи хеле кам мегиранд. Инчунин, бештари ҷавонон бекор ё муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд, чун мувофиқи илму касби худ коре пайдо карда наметавонанд, ки муздаш талаботи зиндагии оддиро ҳатто дар шароити имрӯза қонеъ карда тавонад. Ин дар ҳолест, ки дастраси доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як аъзои ҷомеа ва рушди миллӣ аст.

Албатта, дар ҳама кишварҳо ҳолат ва имкониятҳои дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавнонаш гуногун аст ва агар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавнон муҳайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем, яъне агар имконият ба сӯи мо наояд мо ба сӯи имконият ҳаракат бикунем.

Дар ҳоле, киҷавнон қувваи бузург ҳастанд, ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин, бо назардошти чунин ақидаҳо, ки ҷавонони тоҷик имрӯзҳо имкониятҳои мувофиқ барои инкишофи илиму касбӣ кам доранд ва онро бояд бештар кард ва танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамдасти мо қуввае гашта метавонем, ки имкониятҳои заруриро барои худ ва рушди ҷомеа биёрем. Ба фикри ман тавсияи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба хотири беҳбудии имкониятҳои ҷавонон имрӯзҳор зарурати ҷиддӣ дорад.

         

         Рамазони Маҳимбек

        донишҷӯйи курсӣ 2-юми,

        факултети химия-биология