ДОНИШ ТАЛАБУ БУ3УРГИ ОМУЗ    

ШОДИБЕГ САМИЕВ

Таърихи Хатлон Таърихи пайдоиши вилояти Хатлон: Вилояти Кӯлоб аввалин маротиба соли 1920 дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро бо марказаш шаҳри Кӯлоб аз туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Фархор, Ховалинг ва Мӯъминобод таъсис дода мешавад. Мувофиқи Укази Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сутсиалистӣ 27 октябри соли 1939 вилояти Кӯлоб бори дуввум бо маркази маъмуриаш шаҳри Кӯлоб дар ҳайати ноҳияҳои зерин таъсис меёбад:/ Номгӯи ноҳияҳо Маркази ноҳия Мавқеъи Ҷойгиршавӣ БалҶувон деҳаи БалҶувон қисми ҳозира ноҳияи Балҷувон Данғара деҳаи Данғара ҳозира ноҳияи Данғара ДаштиҶум деҳаи Шоҳон қисми ҳозира ноҳияи Шӯрообод Кангурт деҳаи Кангурт қисми ҳозира ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик Қизилмазор деҳаи Қизилмазор ҳозира ноҳияи Темурмалик Колхозобод деҳаи Пойтуғ ҳозира ноҳияи Восеъ Кӯлоб шаҳри Кӯлоб ҳозира шаҳри Кӯлоб бо Ҷамоатҳои он Мӯъминобод деҳаи Мӯъминобод ҳозира ноҳияи Мӯъминобод Фархор деҳаи Фархор ҳозира ноҳияҳои Фархор ва М.С.А. Ҳамадонӣ Сарихосор деҳаи Афардӣ қисми ҳозира ноҳияи БалҶувон Ховалинг деҳаи Ховалинг ҳозира ноҳияи Ховалинг Шӯрообод деҳаи Шӯрообод қисми ҳозира ноҳияи Шӯрообод Номгӯи ноҳияҳо Маркази ноҳия Мавқеъи Ҷойгиршавӣ Ворошиловобод деҳаи Ворошилобод қисми ҳозира ноҳияҳои Ҷ. Румӣ ва Қумсангир Даҳанакийик деҳаи Даҳанакийик ҳозира ноҳияи Хуросон Ҷиликӯл шаҳраки Ҷиликул ҳозира ноҳияи Ҷиликӯл Кагановичобод шаҳраки Кагановичевск қисми ҳозира ноҳияи Ҷ. Румӣ Арал шаҳраки Арал ҳозира ноҳияи А.Ҷомӣ Қӯрғонтеппа шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳри Қӯрғонтеппа ва қисми ноҳияи Бохтар Октябр шаҳраки Октябрский қисми ҳозира ноҳияҳои Бохтар ва Вахш Кировобод шаҳраки Кировобод ҳозира ноҳияи ПанҶ Микоянобод деҳаи Микоянобод ҳозира ноҳияи Қубодиён Молотовобод деҳаи Молотовобод қисми ҳозира ноҳияи Қумсангир Шаҳритус деҳаи Шаҳритус ҳозира ноҳияҳои Шаҳритус ва Н. Хусрав Ёвон шаҳраки Ёвон ҳозира ноҳияи Ёвон Калининобод шаҳри Калининобод ҳозира шаҳри Сарбанд Ноҳияи Колхозобод соли 1936 дар заминаи як қисм колхозҳои ноҳияи Кӯлоб ташкил шуда, соли 1954 боз ба ноҳияи Кӯлоб ҳамроҳ карда мешавад. Ноҳия бори дуввум соли 1957 бо номи ноҳияи Арал барқарор гардида, соли 1963 номи Восеъро мегирад. Маркази ноҳия -Пойтуғ низ Восеъ номида мешавад. Соли 1944 бо ташкилёбии вилояти Қӯрғонтеппа дар ҳайати Ҷ.Ш.С. Тоҷикистон ноҳияи Данғара аз вилояти Кӯлоб ба вилояти Қӯрғонтеппа гузаронида шуда, соли 1947 бо барҳамхӯрии вилояти Қӯрғонтеппа боз ба вилояти Кӯлоб баргардонида мешавад. Соли 1948 қишлоқи Фархор номи посёлкаи типи шаҳриро мегирад. Соли 1950 дар ҳайати вилоят аз ҳисоби ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ноҳияи Чубек бо маркази маъмуриаш дар қишлоқи Чубек таъсис меёбад. Соли 1952 ноҳияи Чубек номи Москваро гирифта, қишлоқи Чубек ба посёлкаи типи шаҳрӣ табдил меёбад ва ба вай низ номи Москва гузошта мешавад. Ноҳия соли 2004 номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро мегирад. Соли 1952 ноҳияи Сарихосор барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб супорида мешавад. Соли 1953 ноҳияи БалҶувон барҳам дода шуда, ҳудуди он ба ҳайати ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб супорида мешавад. Соли 1953 қишлоқи Данғара номи посёлкаи типпи шаҳриро мегирад. Ноҳияи Қизилмазор соли 1953 ноҳияи Совет ва аз моҳи феврали соли 2004 -ум ноҳияи Темурмалик номида шудааст. Ноҳияи Мӯъминобод соли 1973 ноҳияи Ленинград ва маркази он деҳаи Мӯъминобод низ мақоми шаҳракро гирифта, Ленинград номгузорӣ мегардад. Ноҳия аз соли 1991 боз ноҳияи Мӯъминобод номгузорӣ мегардад. Вилояти Кӯлоб маротибаи сеюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷ.С.Ш. Тоҷикистон 29 декабри соли 1973 дар ҳайати ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Ленинград, Москва, Панҷ, Совет ва Фархор бо маркази маъмуриаш дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Вилояти Қӯрғонтеппа аввалин маротиба соли 1944 дар ҳайати ноҳияҳои зерин таъсис дода шудааст: Ноҳияи Кагановичобод соли 1957 бо ҳамроҳ намудани як қисми ноҳияи Ворошиловобод ба ноҳияи Колхозобод ва соли 2007 ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, маркази он шаҳраки Кагановичевск ба шаҳраки Колхозобод ва соли 1991 ба шаҳраки ба номи С. Исоев номгузорӣ шуданд. Соли 1957 ноҳияи Молотовобод ва як қисми ноҳияи Ворошиловобод ба ноҳияи Кировобод (то соли 1931 Саройкамар ва то соли 1936 Бауманобод) ҳамроҳ карда шуда, соли 1963 ноҳияи ПанҶ номида мешавад. Ноҳияи Молотовобод соли 1967 аз ҳайати ноҳияи ПанҶ Ҷудо гардида, ноҳияи Қумсангир номгузорӣ мешавад. Соли 1959 ноҳияи Октябр барҳам хӯрда, як қисми он ба тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа дода шуд ва дар қисми боқимондааш ноҳияи Вахш бо маркази маъмуриаш шаҳраки Октябрск таъсис ёфт. Соли 1980 дар ҳайати Ҷамоатҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва як қисми ноҳияи Вахш ноҳияи Коммунистӣ бо маркази маъмуриаш шаҳраки Октябрск таъсис дода шуда, маркази ноҳияи Вахш ба шаҳраки Вахш кӯчонида мешавад. Ноҳияи Коммунистӣ соли 1991 ба ноҳияи Бохтар ва маркази маъмурии он -шаҳраки Октябрск соли 1999 ба номи Исмоили Сомонӣ номгузорӣ гардиданд. Ноҳияи Арал соли 1935 ба ноҳияи Куйбишев, баъдтар ХоҶамастон ва соли 2004 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ номгузор мегардад. Соли 1958 ноҳияи Даҳанакийик барҳам хӯрда, ба тобеияти ноҳияи Куйбишев дода шуд. Соли 1983 аз ноҳияи Куйбишев Ҷудо шуда, ноҳияи Илич, соли 1992 Ғозималик ва соли 2004 ноҳияи Хуросон номгузор гардид. Ноҳияи Калининобод соли 1980 ба тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа дода шуда, соли 1996 аз тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷудо ва бо ҳамроҳ намудани як қисми ноҳияҳои Бохтар ва Куйбишев ҳамчун шаҳри Сарбанд номгузор мешавад. Ноҳияи Микоянобод соли 1958 барҳам дода шуда, Ҷамоатҳои он ба тобеъияти ноҳияи Шаҳритус дода мешаванд ва соли 1978 аз тобеияти ноҳияи Шаҳритус Ҷудо шуда, ноҳияи Қубодиён номгузор мегардад. Дар заминаи як қисм Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритус соли 1996 ноҳияи Носири Хусрав бо маркази маъмуриаш шаҳраки Баҳор ташкил дода мешавад. Вилояти Қӯрғонтеппа соли 1947 барҳам дода шуда, ноҳияҳои он ба ҳайати вилояти Сталинобод ҳамроҳ карда шуданд. Вилояти Қӯрғонтеппа бори дуюм бо Укази Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҶикистон аз 4 апрели соли 1977 бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил ва ба ҳайати он баробари ноҳияҳои дар боло зикргардида шаҳри Норак низ ҳамроҳ карда мешавад. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҶикистон 8 сентябри соли 1988 ду вилояти қисмати Ҷанубии ТоҶикистон Кӯлобу Қӯрғонтеппа муттаҳид гардонида шуда, вилояти калонтарини Ҷумҳурӣ -Хатлон ташкил ёфт. Котиби аввали Ҳизби Коммунистии вилоят Иззатулло Ҳалимов ва раиси комиҶроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоят Акбар Мирзоев буданд. Мақсади ташкил намудани вилояти Хатлон дар он буд, ки дар қисмати Ҷанубии ТоҶикистон аз ҳисоби муттаҳидкунии ду вилояти ба ҳамдигар аз Ҷиҳати иқтисодиву иҶтимоӣ ва таърихӣ алоқаманд истифодабарии захираҳои мавҶуда беҳтар гардида, рушди хоҶагии халқ тезонида шаванд. Вале, дар арафаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракати Ҷудошавии Ҷумҳуриҳо ва инчунин минтақаҳои дохили Ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар натиҶа моҳи феврали соли 1990 вилояти Хатлон барҳам хӯрд ва боз вилоятҳои алоҳидаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар шакли пешина ташкил шуданд. Дар давраи кашмакашиҳои сиёсӣ, ки баъдан ба Ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт Вахшонзамин яке аз майдонҳои асосии он гардид. ИҶлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон (моҳҳои ноябр -декабри соли 1992) ба ин Ҷанги бемаънии бародаркуш асосан хотима дод ва бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон аз 2 декабри соли 1992 вилояти Хатлони бостонӣ аз нав эҳё гардид. Ба вазифаи раиси вилояти навташкили Хатлон АбдуҶалол Салимов тайин гардида, то соли 1996 ин вазифаро ба дӯш дошт. Аз соли 1996 ба вазифаи раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Давлаталӣ Шарифов таъин гардида, дар ин вазифа то соли 2001 кор кард. Дар ибтидои соли 2001 вазифаи раиси вилояти Хатлон ба зиммаи Амиршо Миралиев гузошта шуд ва ӯ дар ин вазифа то охири соли 2006 кор кард. Аз моҳи декабри соли 2006 то ҳоло вазифаи раиси вилояти Хатлонро Ғайбулло Саидович Авзалов ба ӯҳда дорад. Авзалов Ғ. С. (тав.10.12.1948, ноҳияи Восеъ) Узви МаҶлиси миллии МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон, ходими давлатӣ ва Ҷамъиятӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи ТоҶикистон буда, соли 1969 факултаи байтории Донишкадаи кишоварзии ТоҶикистонро ва соли 1998 факултаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошкентро хатм кардааст. Ӯ дар вазифаҳои сарбайтори хоҶагӣ дар ноҳия ва вилояти Кӯлоб (1969 -1976), сардори Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб (1977 -1986), котиби якӯми Кумитаи Ҳизби Коммунистии ноҳияи Восеъ (1986), директори генералии Иттиҳодияи кишоварзии вилояти Кӯлоб (1991 -1992), раиси хоҶагии ба номи Ғоиб Сафарзодаи ноҳияи Восеъ (1992 -1993), муовини раиси Кумитаи иҶроияи вилояти Хатлон (1993 -1995), директори генералии Иттиҳодияи хоҶагии Ҷангали Ҷумҳурии ТоҶикистон (1995 -2000), раиси ноҳияи Ҷиликӯл (2000-2002), депутати Шӯрои Олии ҶШС ТоҶикистон (1990 -1995), Узви Кумитаи МаҶлиси намояндагони МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, (2002 -2005), вакили МаҶлиси намояндагони МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон (2005 -2007) интихоб гардидааст. Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1981) ва «10 -солагии иҶлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон» мукофотонида шудааст. Маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад. Шаҳр дар соҳили чапи дарёи Вахш (дар баландии 428 м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гашта, иқлимаш хушки субтропикист. Ҳарорати миёнаи январ 0,90 с, июл 28,90 с, боришоти солона 271 мм. Масоҳати шаҳр 0,006 км. кв., аҳолиаш 73,2 ҳазор нафар, аз Ҷумла мардхо 36,4 ҳазор ва занхо 36,8 ҳазор нафар буда, аз Ҷиҳати миллатҳо: тоҶикон -55,7 ҳазор нафар, узбекҳо -10,6 ҳазор, русҳо -1,5 ҳазор ва дигар миллатҳо -5,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи корхонаҳои саноати -21, сохтмонӣ -22, бахшҳои алоқаи ҶСК «ТоҶиктелеком» -2, стансияи телефонӣ -1, муассисаҳои нақлиётӣ -9 адад буда, дарозии роҳҳо -60 км., аз Ҷумла Ҷумҳуриявӣ -15 км.-ро ташкил медиҳад. Шаҳр дорои қасри фарҳанг, театри давлатии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи А. МуҳаммадҶонов, 9 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 174 ҳазор нусха китоб, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангу истироҳатӣ, ду варзишгоҳ ва дигар муассисаҳои маърифативу таълимӣ мебошад. Қӯрғонтеппа асрҳои I –IV дар аҳди Кӯшониён ба вуҶуд омада, Леваканд ном доштааст, ки маънои «шаҳри гӯша» -ро дорад. Муайян карда шудааст, ки теппаи таърихии шаҳр табиӣ набуда, бо дасти инсон, яъне бо роҳи сунъӣ ба вуҶуд омадааст. Ҳокими шаҳри Леваканд бо мақсади сохтани он «андози хок» Ҷорӣ кардааст ва мардуми ин музофот, ки барои хариду фуруш ба бозори шаҳр меомаданд, бояд ҳар кадом як хӯрҶинӣ хок оварда ба болои ин теппа мерехтанд. Дар натиҶа теппаи баландиаш аз рӯи ривоятҳо зиёда аз 150 метра бунёд гардида, атрофи онро девори бараш то 12 метр иҳота мекард, ки аз болои он ароба бемалол гашта метавонист. Қасри ҳокими Леваканд низ дар болои ин теппа сохта шуда буд. Мақсад аз бунёди теппаи мазкур иборат аз он будааст, ки муҳофизони муқимӣ аз ҳуҶуми душманон сари вақт бохабар шуда, онро рафъ карда тавонанд. Аз ду тарафи теппае, ки қасри ҳоким сохта шуда буд, ду наҳр: аз Ҷануб наҳри «Ҷӯйбор» ва аз шимол наҳри «Ҷӯйхонум» Ҷараён дошт. Дар бораи Ҷӯйи «Хонум» чунин ривояте ҳаст, ки гуё бо талаби зани дӯстдоштаи ҳокими Леваканд Бибихонум аз тарафи шимоли теппа наҳр гузарониданд, ки дар он малика бо канизакҳояш машғули оббозиву фароғат мешудаст ва аз ин рӯ ин наҳр номи «Ҷӯйхонумро» -ро гирифтааст. Айни ҳол дар болои теппаи таърихии шаҳр манора ва дар асоси он осорхонаи таърихию кишваршиносии Бибихоним сохта шудааст, ки 4 сентябри соли 1999 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии онро бурида, ба оғози истифода қарор ёфтани ин оинаи таърих асос гузошт. ҲуҶуми ғоратгаронаи муғулон дар асри ХIII баробари дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна шаҳри Леванкандро низ ба харобазор табдил дод. Як қисми аҳолии он кушта шуда, қисми зиндамонда водиро тарк карданд ва номи Леваканд низ аз хотирҳо фаромӯш шуд. Баъдтар ба ин Ҷо одамони нав омада маскан гирифтанд ва теппаю мавзеҳоро низ ба хости худ аз нав номгузорӣ намуданд. Маркази водӣ аз ҳамон давра (асрҳои Х111 – Х1У) ба номи теппаи таърихӣ (яъне Қӯрғон дар болои теппа) марбут гардида, Қӯрғонтеппа номгузор гардидааст. Мардуми Вахшонзамин шаҳри Қӯрғонтеппаро дар ҳар як давру замоне, ки расман марказ ҳам ба ҳисоб намерафт, дар амал чун марказ мешумориданд. Боиси тазаккур аст, ки асрхои XVIII –XIX дар аморати Бухоро 28 бекигарӣ ба вуҶуд омада буд, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчун марказ ба яке аз Ҷумлаи 10 бекигарии музофотҳои шарқии он мансуб меёфт. Дар он замонҳо Қӯрғонтеппа хеле дар вазъияти ногувор қарор дошт. Дар Ҷойи ҳозираи шаҳр кишлоқчаҳое ба вуҶуд омада буданд, ки дар онҳо ҳатто хонаи похсагин ҳам як навъ пешравӣ ба ҳисоб мерафт. Гирду атрофии шаҳр аз ботлоқу туғайзорҳо иборат буда, онҳо макони даррандаҳои ваҳшӣ ва ҳашаротҳо -ангезандагони касалиҳои сироятии одамон буданд. Қӯрғонтеппа ба туфайли азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш дар замони шӯравӣ эҳё ва 11 августи соли 1937 ба мақоми шаҳр эътироф гардид. Шаҳри Қӯрғонтеппа бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳр мебошад.