Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудаанд, ки: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар, ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкор, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад”.

Дар замони муосир беҳтар гардидани шароити рӯзгору меҳнат, баланд рафтани мақому манзалати зан, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон таъсиси квота ва грантҳои Президентӣ аз талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Сарвари давлат зимни ҳар баромадҳояшон оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии занону модарон, боз ҳам баланд бардоштани манзалати онҳо ва ҷалби бонувонро дар вазифаҳои роҳбарӣ таъкид намуда, баҳри дастгирии онҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи занону бонувон Сарвари давлат Фармони таърихии худро “Дар бораи тадбирҳои баланд баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба имзо расониданд, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани нақши занон заминаи боэътимод фароҳам овард. Қабул гаштани қарори мазкур дар самти сиёсати гендерӣ дар кишвар таъсири бузург расонида, роҳро дар масири сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фарох гардонид. Дар ин давра, ба арсаи сиёсат занону бонувони болаёқат ба монанди Озодаи Раҳмон, Низорамоҳ Зарипова, Адолат Раҳмонова, Хидирзода Махфират Умар, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимзода, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Латофат Шарипова, Руқия Қурбонова, Раҳимзода Раъно, Ализода Хатичабонуи Раҳмат ва даҳҳо нафари дигар дар корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи вилояту ҷумҳурӣ саҳми арзишманди хешро гузоштаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат орзӯи кӯдакӣ ва хобҳои афсонавии ҳазорон духтари деҳотиро ба ҳақиқат табдил доданд. Духтарону бонувони соҳибистеъдод имкон доранд, ки тибқи квотаи Президентӣ ва кафолати раисони шаҳру ноҳияҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда, соҳиби касбу маълумот гардида, ба халқу ватанамон хизмат кунанд. Имрўзҳо занону бонувони донишгоҳ, барои инкишофи илму маърифат ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки  бонувони муҳаққиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар конференсияҳои илмиву амалӣ ширкат варзида, дар муаррифии шоистаи дастовардҳои донишгоҳ, вилоят, ҷумҳурӣ саҳми арзишманд доранд.  Дар донишгоҳ зиёда аз 327 нафар бонувон дар самтҳои мухталиф фаъолият дошта, аз ин шумора 153 нафар кормандони техникӣ, 174 нафар омӯзгорони доимӣ, 2 нафар омўзгори ҳамкор, 33 нафар номзадҳои илм, 1 нафар доктори илм, 5 нафар дотсент, 11 нафар саромӯзгор мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва эҳтироми занону модарон арҷ гузошта, пайваста иброз медоранд: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд».

Мо бонувони донишгоҳ дар пайрави аз гуфтаҳои Пешвои миллат талош меварзем, ки дар ҳама соҳаҳо фаъолияти самарабахш дошта бошем. Ҳамин аст, ки донишҷӯдухтарон дар баробари омӯзгорон ба муваффақиятҳои ногузир ноил гашта истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – “Донишҷӯ ва пешрафти илмиву техникӣ дар соли 2019” бахшида ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва ғолиб омаданд, ки дар миёни онҳо низ донишҷўдухатрон буданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси чоруми факултети менеҷмент Сайёра Баротова соҳиби ҷои дуюм, донишҷӯи курси панҷуми факултети физика Санавбар Мирзоалиева ғолиби ҷои дуюм,  донишҷӯи курси чоруми факултети информатика Мирзоева Замира, соҳиби ҷои дуюм гардиданд. Ҳамчунин, Шодиева Фархунда донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида соҳиби ҷойи дуюм гашт. Дар “Ҷоми Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Неъматова Майрамбӣ донишҷӯи курси сеюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ғолиби ҷои дуюм ва Шодиева Фархунда донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик созовори ҷои сеюм гардиданд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2011-2020  ва “Дар бораи консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҳисоби донишҷӯдухтарони болаёқат курси кӯтоҳмудати “Духтарони сарвар”-ро ба роҳ монд. Дар донишгоҳ ҳамасола донишҷӯдухтарони лаёқатманд, дорои савияи дониши баланд ва қобилияти ташкилотидошта, тариқи озмун ба курси мазкур ҷалб карда мешаванд. Курси “Духтарони сарвар” тайи се моҳ идома ёфта, пас аз хатм духтарони лаёқатманд соҳиби “Сертификат” гардида, дар захираи кадрии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дохил мегарданд.

Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон иброз намуд, ки занону бонувони донишгоҳ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба муваффақиятҳои беназир пайваста талош доранд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  дар масири сиёсат ва ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мисоли бонувони сиёсатмадору муваффақи ҷумҳурӣ комёб бошанд.

 

 

                                              Нурализода Наргис – раиси бонувони

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав