Нақши зан дар ҷомеа ва саҳми ў дар баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас

“Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад”.

Эмомалӣ Раҳмон

            Зиндагии ҳар як фард аз меҳру муҳаббат ва вафодории зан-модар сарчашма мегирад. Зеро зан-модар худ сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидона, нахустин мураббӣ ва муаллиму тарбиятгари ҳар як инсон дар ҷомеа мебошад.

Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.

Нақши зан дар ҷомеа аз оила маншаъ мегирад. Чунки зан фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстию некбинӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростиву росткорӣ, зебоипарастиву ҳақиқатнигорӣ  тарбия намуда, ҳамчун як инсони комил ба воя мерасонад. Аз ин ҷо ёд меояд, ҳодисае аз рӯзгори Аҳмадшоҳи Масъуд, ки рӯзе аз маҳаллае гузашта буду модареро бо кӯдаки гирёнаш дид. Кӯдак аз гуруснагӣ гирён буд ва модар бар кӯдак хок мехӯронду мегуфт: “Бихӯр писарам, мо хок мехӯрему хок намедиҳем”. Чашмони Аҳмадшоҳи Масъуд пур аз ашк шуд ва ба бузургиву қудрати поки зан сари таъзим фуруд овард. Аз ин ҷо бармеояд, ки танҳо зан-модар метавонад як шахсияти бузург ба воя расонад, то дар оянда дар хидмати халқу Ватани худ бошад.

Албатта, дар баробари ҳамаи ин, ахлоқ ва хислати ҳамидаро доро бошад. Зеро бузурге гуфтааст: “Хонаеро донишгоҳи ахлоқу инсоният мегӯянд, ки дар он ҷо модар нек ва тарбиятёфта бошад.”

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Бонувони мо собит намудаанд, ки рисолати пуршарафро бар сари баланд расонида метавонанд. Зеро имрӯзҳо сафи оилаҳои солим ва намунавӣ дар Тоҷикистонамон босуръат афзоиш ёфта истодааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувони тоҷик дар таълим ва тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузошта истодаанд.

“Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, рушди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, масъалаҳои мақому мавқеи занон мазмуни нав касб намуд. Дар ҷараёни ислоҳот ташаккули сохтори нави ҷомеа ва навгониҳои мафкуравӣ ва дар ҷамъият мақоми занон дар ҳаёти сиёсӣ хело боло рафт. Буҳрони мафкуравӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, дар ҷомеа қувваҳоеро ба вуҷуд овард, ки онҳо падидаҳои номатлуби миллатгароӣ, фундаментализми исломӣ, экстремизми динӣ ва дигар равияҳои ифротгароиро тарғиб менамуданд. Ҳолати мазкур тақозо мекард, ки мақом ва аҳамияти омилҳои мафкуравӣ баланд бардошта шаванд ва дар ин замина ба муайян намудани мавқеи занон дар ҳаёти сиёсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Таҳлили ин масъала имрӯз хеле бамаврид аст, зеро вазъияти иҷтимоиву сиёсии мамлакат  муттаҳидшавии қувваҳои солими миллат, синфҳо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаро тақозо мекунад.

Соли 2004-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” қабул шуд. Ҳамчунин, баҳри таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷамъият” аз 3-юми декабри соли 1999 ба тасвиб расид.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамаи намуди зуроварӣ ва хушунат нисбати занҳо Нақшаи миллии амалиёти беҳтар намудани вазъи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мутобиқи он баҳри баланд бардоштани мақом ва мавқеи занон ташкили марказҳои буҳронии расонидани ёрии руҳиву психологӣ ва дастгирии занони ба шаклҳои гуногуни зуроварӣ дучоршуда, таъсиси системаи таҳсилоти ҳуқуқии занон оид ба муаммоҳои зуроварӣ, гузоштани “телефонҳои боварӣ” баҳри пешгирии хушунат, гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани ҳаҷм ва сабабҳои муаммоҳои хушунат нисбати занҳо ба роҳ монда шуданд.

Гулнора Насридинова – омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Гулнора Насридинова – омӯзгори кафедраи

технологияи иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав