ҲИФЗИ НИГОРАҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, натиҷагириҳо аз яксолаи ҳаёту фаъолияти халқу давлат буда, вазифаю ҳадафҳои муҳимтарини рушду нумуи давлату миллати Тоҷикистонро барои оянда муайян менамояд.

Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар роҳнамоест, ки аз он ҳар як сокини худогоҳи мамлакат, намояндагони муассисаю ташкилот, корхонаю иттиҳодия, шаҳру ноҳияҳо ва дар маҷмӯъ, давлату кишвари Тоҷикистон натиҷагирӣ аз соли сипаришаванда ва нақшаю мақсадҳо барои ояндаи ҳаёту фаъолият истифода мебаранд. Қобил ба ёдоварист, ки як банди асосии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи таъриху тамаддуни миллати тоҷик мебошад. Иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз фонди Президенти Ҷумҳуруии Тоҷикистон нашр намудани асари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва тақдим кардани он ба ҳар як оилаи тоҷик қобили дастгирӣ ва шоистаи зикр аст.

Дар Муассисаи таълимии давлатии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» низ дар доираи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардида буд, ҷаласаю мизҳои мудаввар гузаронида шуда, муҳтавои он дар маҷмӯъ, вобаста ба самтҳои фаъолияти муассиса мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор доранд. Дар ҳошияи иқдомҳои дурандешонаю хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар паёмашон зикр карданд, раёсати донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён як қатор чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ ва амалиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз он ҷумла, бо супориши ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин осорхонаи таъриху кишваршиносии назди муассиса, ки дар бинои маъмурияти донишгоҳ фаъолият мекард ба факултети таърих ва ҳуқуқ гузаронида шуд. Ин иқдом ба хотири дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва худшиносию ватандӯстии хонандагону донишҷӯён амалӣ карда шуд. Чи тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».

Дар ин асно қайд кардан бо маврид аст, ки бо дастгирии раёсати донишгоҳ ҳуҷраи алоҳидае бо масоҳати 40 метри мурабаъ барои фаъолияти пурсамари осорхонаи зикршуда ва рушди минбаъдаи он дар бинои факултети таърих ва ҳуқуқ муайян карда шуд. Дар дохили факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойгир ва фаъолият намудани осорхона ба гузаронидани дарсҳои амалии фанҳои осорхонашиносӣ, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ ва умуман илмҳои таърих бо донишҷӯён имконияти бештареро ба амал меорад. Аз ҷониби дигар, донишҷӯён донишҳои назариявии андухтаи хешро дар шакли амалӣ бо истифода аз нигораҳои осорхона метавонанд боз ҳам тақвият бахшанд. Ҷанбаи дигари ин иқдом ба худшиносию ватандӯстии муҳасилини ин даргоҳ мусоидат намуда, мароқу имкониятҳои онҳоро ба омӯзишу таҳқиқ ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги пурғановати миллатамон боз ҳам зиёдтар мегардонад.  

Тазаккур бояд дод, ки ҷойгирнамоии осорхонаи таъриху кишваршиносии донишгоҳ дар бинои факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи ҷашнгирии 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ҷанбаи дигари ин мақсад аст, ки он ҳам маншаъ аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта, баҳри фарохтар намудани фаъолияти кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошад.

Аз ҷониби хеш, мо омӯзгоронро зарур аст, ки  минбаъд низ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, қарорҳои Вазорати маориф ва илм, раёсати донишгоҳ ва факултет оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар руҳияи худшиносию ватандустӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён аз имкониятҳои илмию модии дар ихтиёр дошта самаранок истифода бурда, дар ин самт саҳм гирифтанро аз вазифаҳои аввалиндараҷа донем.

Осорхонаи таъриху кишваршиносии донишгоҳ минбаъд низ барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона ва тақвият бахшидани фаъолияти хеш аз имкониятҳои мусоиди кории муҳаёгардида самаранок истифода мебарад.

 

Тағоев С.Қ., мудири осорхонаи

таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав