ФАКУЛТЕТИ СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ моҳи сентябри соли 2017 дар заминаи ихтисосҳои психологияи ҳуқуқшиносӣ, танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар факултети таърих ва ҳуқуқ амал доштанд, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 25-уми сентябри соли 2017 таъсис дода шуд. Дар нимсолаи дуюми соли 2017-2018 бошад, зарурати аз факултети таърих ва ҳуқуқ ба факултети мазкур интиқол додани ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омад, ки дар натиҷа он амалӣ гардид. Айни замон дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ аз рӯи 5 ихтисос 762 нафар донишҷӯён дар зинаи бакалавриат ва 1 ихтисос 8 нафар дар зинаи магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23- юми марти соли 2019 ба истифода дода шуд. Бинои таълимии мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар он 24 синфхона, аз ҷумла 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 1 толор, 9 утоқи корӣ мавҷуд аст, ки бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мебошанд. Дар қисмати таҳхона амбори донишгоҳ ҷойгир шудааст.

 

 

Соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, донишҷӯёни факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Неъматова Майрамбӣ аз фанни ҳуқуқ ҷои дуюм ва Имомёрбеков Шайдо аз фанни сиёсатшиносӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд, ки ин аз маҳсули заҳмати касбии устодони факултет шаҳодат медиҳад.

 

Муваффақияти назарраси факултети навтаъсисро таъмини кадрҳои баландихтисос, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шудаанд, ташкил медиҳад. Вазифаи роҳбарии факултет ба зиммаи Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, ҷонишини декан оид ба таълим ба зиммаи Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад ва вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ба зиммаи Ҷалилов Маҳмадулло Шамсуллоевич, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия бошад, ба зиммаи Ибрагимов Садриддин Нуриддинович вогузор карда шудааст. Вазифаи бақайдгирандаи МБМ-ро дар факултет омӯзгор Ҷурахонов Икромиддин Исломиддинович иҷро менамояд. Дар вазифаи эдвайзери факултет Ҷонмаҳмадов Носир ва дар вазифаи коргузори факултет Мусоев Азим таъин гардидаанд. Ҳоло дар назди факултети сиёсат ва идораи давлатӣ се кафедра, – кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ амал менамояд.

Декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, аълочии маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаи декани факултети навтаъсис ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек гузошта шуд, ки айни замон номбурда вазифаи ишғолкардаи худро сарбаландона иҷро карда истодааст.
Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек 1-уми январи соли 1981 дар ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1998 мактаби таҳсилоти умумии миёнаи № 15-и ноҳияи Вахшро хатм намуда, аз соли 1998 то соли 2003 донишҷӯи таҳсилоти рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Соли 2005-2008 ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2008-2011 ҷонишини декан оид ба таълими донишгоҳи номбурда ва солҳои 2011-2013 ҳамчун саромӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Солҳои 2013-2014 коромӯзи Академияи давлатии ҳуқуқи Саратови Федератсияи Россия, солҳои 2013-2016 мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ ва солҳои 2016-2017 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқшиносии донишгоҳи номбурда кор кардааст. Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек аз 7-уми октябри соли 2017 то инҷониб декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳсуб меёбад. Аз соли 2010 то соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Вахш буд. Аз соли 2015 то инҷониб вакили аз нав интихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Вахш аст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012). Соли 2009 то соли 2013 аспиранти таҳсилоти ғоибонаи шуъбаи масъалаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддин АИ ҶТ буд.
Соли 2014 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои умуминазариявӣ» ҳимоя намудааст ва ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шуд.

Соҳаи фаъолияти илмиаш: назарияи сиёсати ҳуқуқӣ, ҷанбаҳои назариявии сиёсати ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ. Муаллифи зиёда аз 41 мақолаҳо, маърӯзаҳо ва дастурҳои методии илмӣ мебошад.

Ҷонишини декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ оид ба таълим Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад
Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад 3-уми феврали соли 1992 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Мавсуф соли 2013 факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо муваффақият хатм менамояд. Ҳоло дар шуъбаи магистратураи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия таҳсил дорад. Дар солҳои 2015-2016 эдвайзери факултети информатика, солҳои 2016-2017 эдвайзери факултети таърих ва ҳуқуқ, солҳои 2017-2019 бақайдгирандаи МБМ дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ фаъолият намудааст. Аз 1-уми сентябри соли 2019 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълими факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд.

Ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Ҷалилов Маҳмадулло Шамсуллоевич
Ҷалилов Маҳмадулло Шамсуллоевич 9-уми майи соли 1983, дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар хонадони коргар таваллуд шудааст. Соли 2006 факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав бо муваффақият хатм менамояд. Солҳои 2011-2013 омӯзгори мактаби таҳсилоти миёни умумии №6 ноҳияи Вахш, солҳои 2013-2016 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав, соли 2013 омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2014-2017 ҷонишини декан оид бар корҳои тарбиявии факултети таърих ва ҳуқуқ фаъолият намудааст. Аз 7-уми октябри соли 2017 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ фаъолият дорад.

Ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Ибрагимов Садриддин Нуриддинович

Ибрагимов Садриддин Нуриддинович 6-уми июли соли 1987 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар хонадони коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм менамояд. Солҳои 2010-2013 ассисенти кафедраи таърих ва ҳуқуқ, солҳои 2013-2017 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2014-2016 омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқ, солҳои 2016-2017 омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2017-2019 омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 2019 ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мебошад.

КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Азимов Ҳайдаршо Раҷабович
Азимов Ҳайдаршо Раҷабович 22-юми октябри соли 1984 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар хонадони коргар ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2002-2007) аст. Аз 2008-2009 роҳбари созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар, баъдан аз соли 2007-2016 омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқ, факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Аз 7-уми октябри соли 2017 то ҳоло – мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлат, факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар натиҷаи ба ду кафедра тақсим намудани кафедраи ҳуқуқшиносӣ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 (30.08.2017) таъсис ёфта, иҷрокунандаи вазифаи мудири он омӯзгор Азимов Ҳайдаршоҳ Раҷабович таъин гардид. Дар кафедра айни замон 15 нафар корманди доимӣ, аз ҷумла номзади илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саромӯзгор Холиқов Раҳим, омӯзгорон Азимов Ҳайдаршоҳ Раҷабович, Муминова Зайнура Абдуалимовна, Аблаева Мавлуда Ҳамроқуловна, Шарипов Карим Қурбонович, Ҷалилов Маҳмадулло Шамсуллоевич, Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад, Қодиров Бахтиёр Бобомуродович, Ибрагимов Садриддин Нуриддинович, ассистентон Муҳиддинов Азизулло Давлатович, Аскарализода Самандар Аскаралӣ, Убайдуллозода Фируза Раҳмиддин, Назаров Зайниддин Акбарович, Саидов Маҳмадалӣ Исмоилович, Пирназарзода Маҳмадсаид Хуҷаназар ва 4 нафар ҳамкорони дохилӣ, аз ҷумла, Ҷабборов Диловар Абдуқаҳҳорович, Нажмудинов Муслиҳиддин Маҳмадраҷабович, Ҷонмаҳмадов Носир Тоҳирович, Ҷурахонов Икромиддин Исломиддинович, 7 нафар ҳамкорони берунӣ, аз ҷумла, Пирзода Парвиз Раҷабалӣ, Исозода Набиҷон Исо, Шарифзода Исмоил Маҳмадкарим, Абдуллозода Бахтиёр Раҳматулло, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Файзуллозода Айнулло Қудратулло ва Насруллоев Ҷалолиддин Файзуллоевич фаъолият менамоянд. Дар назди кафедра маҳфили илмии “Ҳуқуқшиносон” амал менамояд, ки дорои 30 нафар аъзо буда, роҳбарии онро омӯзгори кафедра Аскарализода С. А. ба зимма дорад.
Омӯзгорони кафедра Азимов Ҳ.Р. таҳти роҳбарии д.и.ҳ., профессор Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич, дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳуқуқии шартномаи хариду фурӯши чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қодиров Б.Б. таҳти роҳбарии н.и.ҳ. дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович, “Танзими ҳуқуқии фаъолият оид ба хизматрасонии ҳуқуқӣ”, Ҷалилов М.Ш. таҳти роҳбарии н.и.т. дотсент Алимов Давлаталӣ Халилович, “Аз таърихи муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар солҳои 1995-2004”, омӯзгорон Муминова З.А. дар мавзӯи “Низоми қонунии молу мулки ҳамсарон: назария ва амалия”, Ибрагимов С.Н. дар мавзӯи “Масъалаҳои танзимнамоии ҳуқуқии молу мулкии ноболиғон дар ҳуқуқи гражданӣ ва оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Асомуддинов Б.Т. дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии сирри истеҳсолот (ноу-хау)”, таҳти роҳбарии н.и.ҳ., дотсент Ҳимматов Ҳабиб, таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Қодиров Б.Б. таҳти роҳбарии н.и.ҳ. дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович, дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии фаъолият оид ба хизматрасонии ҳуқуқӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ

Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
Абдураҳимов Сиёвуш Қудратуллоевич
Абдураҳимов Сиёвуш Қудратуллоевич 5-уми январи соли 1987 дар ноҳияи собиқ Коммунистӣ, ҳозира Кӯшониёни вилояти Хатлон дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси ҳуқуқшинос-психологи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2010) мебошад. Таҳсил дар мактаби миёнаи умумии №8 н. Бохтар, (1994-2005), донишҷӯ (2005-2010), омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2010-2013), аспиранти таҳсили рӯзонаи кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2011-2014) мебошад. Аз соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДДБ ба номи Носири Хусрав аст.

Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар заминаи кафедраи ҳуқуқшиносӣ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 (30.08.2017) таъсис ёфта, иҷрокунандаи вазифаи мудири он Абдураҳимов Сиёвуш Қудратуллоевич таъин гардид. Дар кафедра 11 нафар корманди доимӣ, аз ҷумла, Абдураҳимов Сиёвуш Қудратуллоевич, саромӯзгор Аминҷонов Абдураззоқ Худойшукурович, Мамадғафуров Исмоил Эгамназарович, омӯзгорон, Абдураҳимова Ҳафиза Хайриддиновна, Ҳомидов Ҷонибек Убайдович ва ассистентон Набизода Эмомалӣ Қувваталӣ, Шоҳиён Давлаталӣ Амир, Носиров Алишер Саидбекович, Назризода Миҷгона Яқубҷон, Шоев Алишер Ҷумабекович, Шамсов Муҳаммад Амруддинович, 7 нафар омӯзгори ҳамкор, ки аз ин 2 нафар ҳамкори дохилӣ Абдуллозода Маҳмадисмон Ҷоруб, Хоҷаев Камолиддин Мухторович ва 5 нафар ҳамкори берунӣ д.и.ҳ., профессор Буризода Эмомалӣ Бозор, Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф, Вализода Ҷонибек Саидмумин, Исмонқулова Маҳбуба Абдуҷаллоловна ва Юсуфов Мусоҷон Юсуфович фаъолият менамоянд. Кафедра дар муддати кутоҳи фаъолияти худ тавонист, ки ба дастовардҳои муайяни таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ ноил гардад. Дар назди кафедра маҳфили илмии “Ҳомиёни ҳуқуқи инсон” амал менамояд, ки дорои 20 нафар аъзо буда, роҳбарии онро омӯзгори кафедра Шоҳиён Д. А. ба зимма дорад. Аминҷонов А. Х. таҳти роҳбарии д.и.ҳ. профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, дар мавзӯи “Хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи институтҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ дар таърихи ҳуқуқи халқи тоҷик рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Айни ҳол саромӯзгори кафедра Мамадғафуров И.Э. таҳти роҳбарии д.и.т. профессор Саидов Абдуқаҳҳор, дар мавзӯи “Аморати Бухоро дар тобеияти Руссия (нимаи дуюми асри 19 аввали асри 20)”, омӯзгорони кафедра Абдураҳимов С.Қ., таҳти роҳбарии д.и.ҳ., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Раҳимзода Маҳмад Забир, дар мавзӯи “Субъекти ҳуқуқӣ будани муассисаи таълимӣ дар асоси ҳуқуқи граждании ҶТ” корҳои илмӣ-таҳқиқоти бурда истодаанд.

КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ ВА
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Исозода Тоҷиддин Исо – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исозода Т.И. ба Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ба кор омада, ба ҳайси ассистент дар кафедраи ҳуқуқшиносӣ ба кор шуруъ намуда, сипас ба сифати омӯзгор кор мекунад. Солҳои 2008-2009 ба ҳайси раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, солҳои 2009-2012 ҷонишини декан оид ба тарбия, солҳои 2012-2013 ба ҳайси ҷонишини декан оид ба таълими факултети таърих ва ҳуқуқ кору фаъолият намудааст. Солҳои 2013-2015 омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз апрели 2015-2017 н.и.с., саромӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, солҳои 2017-2018 мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, аз 28-уми августи соли 2018 то инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият намуда истодааст.

Кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бинобар зарурияти таълимию истеҳсолӣ дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ташкил шудани ихтисосҳои нав, аз ҷумла сиёсат ва идораи давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ аз таркиби кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва сиёсатшиносӣ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 28-уми майи соли 2018 таҳти №10 ҷудо шудааст, ки дар он 1 номзади илмҳои сиёсӣ Исозода Тоҷиддин Исо, 3 саромӯзгор Одиназода Нуриддин Ҳасан, Таваров Дилшод Саидмуродович, Саидзода Диловар Абдулаҳад, 4 нафар омӯзгорон, Саидзода Дилшод Саид, Разоқов Ҷовидон Ҳусейнович, Ҳабибуллозода Қурбон Ҳабибулло, Ашурзода Ҷамшед Хуршед ва 11 ассистенти кафедра, Назаров Бахтиёр Баҳриддинович, Қурбонов Давлатбек Мирзоевич, Сафаров Ҷумахон Мирзошарифович, Қурбонов Бахтиёр Холмаҳмадович, Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло, Саломова Рӯҳафзо Қудратовна, Олимова Шаҳло Кавгаковна, Қувватова Шаҳодат Баҳромовна, Шоев Илҳом Исмоилович, Рузиев Алиёр Умарбоевич ва Қосимзода Носир Муҳамадсамӣ фаъолият доранд. Инчунин ҳамкорони зерин, аз ҷумла Саидов Асомиддин Асадуллоевич, Ализода Нуралӣ Алӣ ва Улфатов Абдураҳим Абдулмуминович ба кафедра ҷалб карда шудаанд, ки онҳо аз фанни сиёсатшиносӣ дар гурӯҳҳои ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дарс мегӯянд.