Тадбирандешиҳо дар шуъбаи тайёрии донишгоҳ

Бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои соҳаи маорифи кишвар ва тағйир ёфтани авзои омӯзишу парвариш ва дигар шудани тариқи пазириши довталабон ба макотиби олии кишвар зурурати таҳия ва тадвини курсҳои тайёрӣ пеш омадааст, ки дар ин замина Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мувофиқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 05/5-630 аз 30.09 2014 аз рӯйи панҷ кластер шурӯъ аз соли 2014-2015 шуъбаи тайёриро роҳандозӣ намудааст.

            Бояд зикр кард, ки солҳои қабл низ шуъбаи тайёрӣ вуҷуд дошт, аммо кори он самаранок набуд. Баъд аз он, ки соли 2014 довталабон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди донишгоҳҳои кишвар гардиданд, кори ин шуъба ба маротиб фаъол гардид. Бо фармони ректори донишгоҳ таҳти №102-ФА аз 17.10. 2014 саромӯзгори кафедраи методикаи таълими математикаи донишгоҳ Худойназаров Рустам Темирович мудири ин шуъба таъин гардиданд.

            Бо кӯшиш ва эҳтимоми раёсати донишгоҳ теъдоди 26 нафар профессорон ва устодони варзидаи донишгоҳ ба довталабон аз рӯи ихтисосҳои гуногун дарс мегӯянд. Ҳоло дар

            Кластери 1 “Табиӣ ва техникӣ” – 4 нафар

            Кластери 2 “Иқтисод ва география” – 16 нафар

            Кластери 3 “Филология, педагогика ва санъат”- 4 нафар

            Кластери 4 “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” – 28 нафар

            Кластери 5 “Тиббӣ, биологӣ ва варзиш” – 139 нафар

Ҷамъ 191 нафарро ташкил медиҳад.

            Дар давоми соли таҳсил аз довталабон мутобиқ ба нақшаҳои таълимии таҳияшуда ва тестҳои мутобиқ ба тестҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон гирифта мешавад. Дар соли ҷорӣ аллакай ду имтиҳон доир карда шуд. Вобаста ба натиҷаи имтиҳонот довталабон ба гурӯҳҳои фаъол ва нимфаъол тақсим намуда, дар гурӯҳҳое, ки сатҳи донишазхудкунӣ пасттар нишон додаанд ба омӯзгорони пуртаҷриба ба монанди Ғафуров Бобомурод, Бобоев Убайдулло, Амиров Қиёмиддин, Мамадғафуров Исмоил, Муминов Асомиддин ва дигарон вобаста карда шудааст. Дар Маркази миллии тестӣ баъзе тағйиротҳо ворид карда шуд. Ин буд, ки солҳои пеш ду маротиба имтиҳон аз ҷониби довталабон супорида мешуд. Айни замон бошад як маротиба аз рӯи фанҳои зерин имтиҳон супорида мешавад.

            Кластери 1. забони тоҷикӣ, математика, физика, химия (200-дақиқа)

            Кластери 2. забони тоҷикӣ, метаматика, география, забони англисӣ (180-дақиқа)

            Кластери 3. забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик, забони англисӣ (160-дақиқа)

            Кластери 4. Забони тоҷикӣ, таърих, ҳуқуқи инсон, забони англисӣ (160- дақиқа)

            Кластери 5. Забони тоҷикӣ, химия, биология, физика (200-дақиқа).

Бояд гуфт, ки бинобар сабаби кам гардидани фанҳои таълимӣ теъдоди омӯзгорон аз 26 ба 17 нафар расид.  Маркази миллии тестӣ ин амалро барои хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим иҷро намуд.

                                                                      

Рустам Худойназаров, мудири шуъбаи тайёрӣ дар донишгоҳ