Шуълаи нури илоҳӣ рӯи модар будааст

Ҳар боре, ки қалам ба даст гирифтаву бо умеди орзуву ниятҳои нотамом ҳарфе гуфтан мехоҳам, қалб, забон, чашмон, ангуштони нозук барои нафаре метападу мегӯяду мебинаду менависад, ки шоиста ба ҳама суханҳои отифонаву ошиқона аст. Шояд ин нафар барои оғоз бахшидани ҳаёти мардуми як сайёраи бузург хизмати шоиста намудааст. Ҳама  шабзиндадориҳояш  барои  хоби роҳат рафтани тифл асос пайдо намудааст. Заҳмату машаққатҳои ин олиҳа боис ба он гардидааст, ки Худованд  биҳиштро дар зери қудумҳояш гузоштааст. Ин  шахси ба дил қарину ба чашм самимӣ  модар аст. Модаре, ки баҳри дифои фарзанд аз ҳар хатару офат ба ҳар кору пайкор омода аст. Модаре, ки тамоми паҳлавонону қаҳрамонон нахустин сабақи мардонагиро аз домони покаш гирифтаанд. Поктарин нигоҳи гарму беғашаш роҳи фардои фарзандро мунаввару рахшанда гардонидааст. Тору пуди бо меҳр парваридааш ба кӯдаки бехабар аз носозгориҳои дунё муҳаббати беандоза ато намудааст. Васфи модар беҳтарин ситоишномаест, ки дар ҳама забонҳо якрангу якнаво садо медиҳад. Вожаи модар худ шевотарину равонтарин аст, зеро бо талаффуз карданаш дар хилватхонаи қалб сурати зане пайдо мегардад, ки шуҷоати мардонагие дар вуҷудаш ба туғён омада, аз ишқу нозукиву латифии занона  орӣ нест. Ба ҳама суханони беҳтарину пурарзиштарин арзанда ҳасту баҳраш чунин калимотро  гуфтан лоиқ аст:    

Модар, эй зиннату  зебоии ҳаётам,  эй  ибтидову  интиҳои одамият, эй буду набуд, ҳаёту мамот, осоиштагиву ободии ҳар хонадон. Дар тасвири ҳусни зебоят забон лолу қалам оҷизӣ мекашад, аз ҳарорати ҳарфҳову суханҳои дар васфат офарида варақи сафед дигаргуна  мавҷ мезанад. Дар маҳфиле, ки номат бо забони шевову шоирона васфу ситоиш гардад, он базм шӯри дигаргуна мегирад. Намедонам, симоятро ба чӣ чизе монанд кунам, ки  шабеҳ ба он бошад. Аммо нест он чизе, ки ба симои дилчаспат монандӣ дошта бошад. Эй модари ҷон, агар мисоли домони орзуи ошиқони ноком дар шоми тираву пур аз зулмати шаб шикастаруҳ гашта, тамоми оламро  хунҳои ноҳаќрехта сурху лолагун намоянд, санги кинаву туҳмати беасос бар сарам шиканад, тири ғазабу ҷаҳл мижагонамро тар созанд, қалби решамро носипосе рештар гардонад, аммо худро дар оғӯши шумо бахтёру сарфароз эҳсос мекунам. Ифтихорманд аз он мешавам, ки тавоноиву  қудратам бо ман аст. Дар наздам ҳаст. Меболам аз он ки модар дорам. Гоҳҳо мешинаму меболам, аз он ки дорои қудрате ҳастам, ки агар садди роҳи ҳар мушкилии ҳаёти хеш шавам, бо гоми мустаҳкаму зарбаи сахти ҷавонӣ занҷири мушкилиро пора месозам. Лек зуд ба худ меояму ба худ мегӯям: Аз чӣ меболӣ? Бо чӣ меболӣ? Ҳар  қудрате, ки  дорӣ, аз они ту нестанд. Сабаби қудратманд гардиданат, сабаби гомҳои устувор монданат дар ҳаёт касе аст, ки туро ба дунё овардааст.

           Модар! Ҳангоме ки қалам ба даст мегираму васфат менамоям, қатраҳои ашк аз чашмои осмонсифатам бо суръати баланди боронӣ равон мешавад. Барои иншои таронаи меҳри ту қаламам то ба охир  мерасад, дар рӯи коғазам ҷойи холие намемонад. Аммо ман аз васфат даст нахоҳам кашид. Ангуштонамро чун қалам, пардаи ҷонамро чун коғаз истифода хоҳам бурд. То ба он замоне  ки ҷон дар бадан дорам, то пораи охирини пардаи ҷонам боқӣ мондан васфат хоҳам кард. Таронаи меҳри туро иншо мекунам. Аммо афсӯс, сад афсӯс, ки иншои таронаи меҳри ту нотамом мемонад, зеро қудрати ба пуррагӣ иншои симои туро надорам.

 

Мавзуна Каримова – магистри курси дуюми  факултети филологияи тоҷик