Маърифати сиёсӣ – роҳҳои ҳалли масъалаҳои глобалӣ

Сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҷомеаи умумибашарӣ ҳаммаром буда, нисбати проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ бетараф нест.
                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати “дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҳлили таърихии башарият он нуктаро собит менамояд, ки муносибати оқилонаи инсону табиат, истифодаи сарватҳои табиӣ бо риояи ҷиддии қонуниятҳои табиат ҳам ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҳам ба ташаккули сатҳи баланди ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд. Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба ҳифзи сарватҳои табиӣ барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун роҳнамо баҳри истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиат ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷии худ қонуну барномаҳои иловагӣ қабул ва дар амал тадбиқ карда истодааст.
Яке аз чунин мушкилоти густурда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки муносибатҳои мураккабу мутақобила байни ҷомеа ва табиат дер боз дар маркази диққати сиёсатмадорони олам қарор дорад.
Проблемаҳои табиат, аз ҷумла об дар ибтидои асри ХХІ яке аз муҳимтарин мушкилоти инсоният маҳсуб меёбад. Масъалаи об-масъалаи муҳими глобалӣ ва миллӣ аст, ки паҳлуҳои зиёд дорад. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Созмони милали Муттаҳид (1999) соли 2003-ро соли Оби тоза эълон дошт ва афзуд, ки мо бояд захираҳои оби ҷаҳонро амиқ омӯхта, кишвару манотиқи аз камобӣ азияткашандаро ҳаддалимкон аз ин вазъияти ногувор раҳоӣ бахшем[1,8].
Дарвоқеъ, имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба ин проблемаи табиат дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самту равияҳои фаъолияти инсонӣ дар ҷомеа бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки маҳаки асосии рушди устувор мебошанд. Албатта дар ҳалли ин масъала фаъолияти дастаҷамона ва муносибати ҷиддӣ ба истифода ва ҳифзи ин захираҳоро ба хотири наслҳои оянда ба роҳ мондан зарур аст. Ин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки таввасути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое чун “Соли байналмилалии оби тоза 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 корҳои зиёдеро ба сомон расонд.
Ҳадафи асосӣ ва навбатии даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрои вазифаҳои дар соҳаи захирҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад.
Гузашта аз ин, даҳсолаи нави гузариш ба марҳилаи асосии татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Даҳсолаи мазкур имкон медиҳад, ки дастовардҳои дар рафти даҳсолаи амал, “Об – барои ҳаёт” бадастомада таҳким ва ҳамгироии минбаъда ба хотири беҳдошти низоми идоракунии захираҳои обӣ дар доираи Рӯзномаи аср дар соҳаи рушди босубот то соли 2030, амал хоҳад кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ба ҳаллу фасли проблемаҳои глобалӣ-экологӣ ҳамроҳ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда аз минбарҳои баланди байналхалқӣ проблемаҳои доғи сайёра-пешгирии хатарҳои экологиро ба миён гузошт [2,13].
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон қариб ба тамоми шартномаҳои асосии ҳифзи муҳити зист ҳамроҳ шуд, ки барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда кӯмак менамоянд.
Имрӯз проблемаи об ва ҳифзи он яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки омӯзиши васеи проблемаҳои ҷаҳонидошта аз яроқпартоӣ ва муҳофизати сулҳ дар рӯйи замин сар карда, то проблемаҳои экологӣ, демографӣ, хӯрокворӣ, энергетикӣ, барҳамдиҳии сатҳи камбизоатӣ ва проблемаи оби ошомиданиро минбаъд низ васеъ ба роҳ монем зарур аст.
Баробари тараққиёти сохти ҷамъият ва истеҳсолот истеъмоли одамон мутаносибан афзуд. Одам ҳамчун нерӯи биологӣ амал карда, ҳар сол аз зери замин миллиардҳо тонна ангишт, нафт, газ, торф, тилло ва ғайраро мегирад, барои обёрии майдонҳо, эҳтиёҷоти саноат қисми зиёди оби табииро масраф мекунад. Инсон захираҳои табииро ба фоидаи худ истифода бурда, хоҳу нохоҳ симои табии сайёра тағйир меёбад. Баробари инкишофи илму техника ифлосшавии муҳити атроф, хусусан об ва ҳаво афзуда, захираҳои обҳои нӯшокӣ, канданиҳои фоиданок, заминҳои истифодаашон мусоид барои кишоварзӣ, олами наботот ва ҳайвонот торафт кам шуда истодааст.
Инсони рӯйи замин дар ибтидо танҳо истифода бурдани табиатро меомӯхт, ҳоло бошад, қонунҳои табиатро ба эътибор гирифта, идора кардани табиат ва дар доираи он зиндагӣ карданро меомӯзад.
Аз гуфтаҳои мутафаккирони Юнони қадим Афлотун “Давлат”, Арасту “Сиёсат” ва мутафаккири форсу тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино бармеояд, ки дар асарҳои онҳо андешаҳо оид ба ҳифзи неъматҳои табиат вуҷуд дорад. Чун ба харитаи табиат назар афканем, мебинем, ки аз чор се ҳиссаи руйи заминро об иҳота кардааст. Аммо на ҳамаи ин захираҳои азими об барои истеъмолу истифодаи инсон имконпазир аст. Оби аксари баҳру уқёнусҳо талху шӯр буда, танҳо се фоизи онҳо ширину ошомиданӣ аст. Дар кураи замин захираҳои обҳои нушокӣ нобаробар тақсим шудааст. Масалан, дар қитъаи Осиё 36 фоизи захираҳои об мавҷуд аст. Дар ҳавзаи дарёи Амазонка (Америкаи Ҷанубӣ) 15 фоизи оби ошомидании ҷаҳон ҷорист. Лекин дар ин қисмат 0, 4 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар қитъаҳои Африка ва Осиё барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ миллионҳо доллар харҷ мегардад ва ҳатто бо тайёраю киштиҳо об мекашонанд.
Аз рӯйи маълумоти СММ имрӯз 80 мамлакати дунё аз оби нӯшокӣ танқисӣ дорад. Имрӯз таги 2 миллиард нафар аҳолии рӯйи замин аз оби ғайрисанитарӣ истифода мебаранд.
Чӣ тавре ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ (22.03.2018) садо дод, норасоии мунтазами об метавонад сабаби ба вуҷуд омадани проблемаи ҷиддӣ ба монанди тағйирёбии иқлим гардад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо дар соли 2050 аз норасоии об 3 миллиард одам аз 50 давлати ҷаҳон азият мекашанд.
Ин метавонад проблемаи иқтисодӣ ва моддиро дар алоқамандӣ бо об мураккаб созад. Кайҳо боз дар Африка ва Шарқи Наздик норасогии оби тоза, камбизоатӣ ва қафомонӣ эҳсос мешавад, ки минбаъд мумкин аст сабаби низои этникӣ ва байнидавлатӣ гардад.
Дар Тоҷикистон об яке аз паҳншудатарин боигариҳои табиат ба ҳисоб меравад. Аз миқдор, сифат ва ҳолати об, устувории системаи экологӣ, солимии ҳаёт ва тараққиёти иқтисодиёт вобаста аст.
Новобаста ба он ки Тоҷикистон дорои захираи бузурги обҳои ширин мебошад, аммо то ҳол душвориҳо дар ҳалли проблемаҳои тоза кардани об, таъмин кардани аҳолӣ бо оби сифатноки нӯшокӣ, барқарор кардани шабакаи каналҳои обёрикунанда, ҷӯйборҳо, татбиқи чорабиниҳо ба муқобили эррозияи хок, мубориза ба муқобили сел ва ғайраҳо боқӣ мондааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифлосшавии объектҳои обӣ ба хусусиятҳои релефии минтақаҳо, суръати инкишофи кишоварзӣ, баландшавии мақоми шаҳрҳои гуногун, нуқтаҳои аҳолинишин, мавҷуд будани иншооти обтозакунӣ, ки дар сарҳади ҳавзаҳои асосӣ, ба монанди Сирдарё, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, Зарафшон ва Варзоб ҷойгиранд, вобаст аст [3,59].
Хусусиятҳои гидрографиро ба назар гирифта, айни замон дар ҷумҳурӣ якчанд нуқтаҳои гидрографӣ (муайян кардани обҳои кураи Замин аз нуқтаи назари пайдоиш ва таркиби химиявии онҳо) барпо карда шудаанд, ки вазифаашон аз баҳодиҳӣ ва захираҳои обӣ иборат аст.
Дар асоси таҳқиқотҳо бо таври мустақим ва ғайримустақим чунин омилҳо боиси бадшави сифати оби нӯшокӣ ба ҳисоб мераванд:
1. Партовҳои маишӣ ва саноатӣ.
2. Нокифоя будани маблағгузорӣ ба рушд ва хизматрасонии шабакаҳои хатти обгузаронӣ (водопроводӣ).
3. Истифодаи бесамар ва нокифоя тозакунии иншоотҳои обтозакунӣ.
4. Истифодаи ғайрисамараноки моддаҳои химиявие, ки барои тозакунии об истифода бурда мешаванд.
5. Мувофиқ ба мақсад истифода нашудани шабакаи қубур ва корезҳо барои партофтани ифлосҳо.
6. Комилан мувофиқ набудан ва бесамарнокии системаи заҳбурҳо ва ғайраҳо.
Воқеан ҳам об дар Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии миллист. Об дар баробари неъмати истиъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад.
Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфони иқтисодӣ талабот ба об тарафт зиёд мешавад. Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кишвари мо тайи 15 соли охир ташаббускори фаъоли масоили марбут ба об дар сатҳи глобалӣ маҳсуб меёбад. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дасолаи байналмилалии об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028), ки боиси қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати пешоҳанг муаррифӣ намуданд, ба ин далели бебаҳс шуда метавонад.
Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳост, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани он дар минтақаҳо қомат афрохтааст.
Пиряхҳо ба ташаккулёбии ҷараён ва резиши об дар дарёҳои ҷумҳурӣ ва таъмини оби дарёҳои ҷониби мамлакатҳои поёноб ҷоришаванда бевосита таъсир мерасонанд. Онҳо аз як сӯй, таъминкунандаи оби дарёҳо бошад, аз суйи дигар, танзимгари табиии ҷараёни ҷоришавии обанд. Вале дар панҷоҳ соли охир дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим ва гармшавии атмосфера ба таври ғайримуқаррарӣ обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо ба мушоҳида мерасад, ки боиси ташвиши ҷиддии Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Зеро бо идомаи бардавоми ин ҳодиса на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти таъминоти об ба миён меояд.
Омилҳои обшавии пиряхҳо бисёранд. Гармшавии ҳаво, боди афғонӣ, гарду чанги майдони хушкшудаи баҳри Арал, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз таги пиряхҳо низ аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста шудаанд.
Воқеан ҳам, тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири манфӣ дошта, дар самти расидан ба ҳарфҳои рушд осеб мерасонад. Маҳз аз ҳамин сабаб, боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ, таҳкими донишҳо дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои рушди устувор, такмили инфрасохтори мавҷудаи обёрикунӣ, истифодаи техника ва технологияи навин дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин лозим меояд, ки мо кӯшишҳои якҷояи худро барои дарёфти ҳалли оқилона ва мутақобилан судманд дар идора ва нигаҳдории захираҳои маҳдуди оби тозаи ошомидании сайёра равона созем. Ҳамаи ин талошҳо барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкаме мегузоранд.

Рӯйхати адабиёт ва манбаҳои истифодашуда
1. Эмомалӣ Раҳмон Масъулият барои фардои миллат. – Душанбе, 2003.
2. Саидов З., Саидов Ф. Таджикистан: Информационный ресурс, внешняя политика. – Душанбе, 2008.
3. Саидов А.С. Институт Президентства в Таджикистане. – Душанбе: Ирфон.

Саидов Алихон – доктори илмҳои сиёсатшиносӣ,

мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав