МУҲАББАТИ МОДАР БЕКАРОН АСТ

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

                                                                                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

Модар вожае бо як ҷаҳоне маънӣ, ки бо зикру ёд кардани он дар пеши чашм натанҳо симои зане, ки моро зодааст, балки оламе аз меҳру муҳаббат низ ҷилвагар мешавад. Модар маншаъи ҳама гуна меҳру муҳаббатҳост ва меҳри ӯ ба фарзанд фаротар аз ҳама гуна меҳрњо ва болотар аз ҳама муњаббатҳост. Модар бузургтарин неъмат дар рўи Замин аст. Модар тарбиятгар ва мактабест, ки ояндасози Ватану миллат мебошад…

Паёмбари Худо (с) каромату бузургии модарро дар аҳодиси зиёде, аз љумла дар ин њадис чунин таъкид намудааст: “Биҳишт дар зери қудуми модарон аст”. Шоири бузурги форсу тољик Низомии Ганљавї низ аз ин њадиси Паёмбар илњом гирифта, мазмуни онро чунин ба риштаи назм кашидааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Модар такягоҳ ва тасаллидиҳандаест, ки фарзанд ҳар қадар бузургтар шавад, ба меҳрубониҳои ў худро ниёзмандтар мебинад ва ба ҳар мушкилие дарафтад, нахуст вожаҳои «оча» ва «модар» ба забонаш ҷорӣ мегардад. Ҳаргоҳ агар хоре ба пойи фарзанд мехалад, нахуст аз неши он  дили модар ба дард меояд, аммо фарзанд аз  дардҳои модар хабаре надорад. Модар шабҳоро дар сари гаҳвораи фарзанд саҳар мекунад, тамоми умрро дар орзуи хушбахтии фарзанд ба сар мебарад, аммо дар баробари ин ҳама бедорхобию мењнатҳо подоше ба ҷуз саодати фарзанд намехоҳад. Аҷаб қалби бузурге дорад модар, агар фарзанд ҳар рӯз озораш диҳад њам, боз сипосу шукри Офаридгор менамояду бахти ҷигарбандашро хоҳон мешавад ва ҳаргиз лаб ба шикояте намекушояд.

Аз ин рӯ, ҳеҷ меҳре ба меҳри модар баробар шуда наметавонад. Аз ҳама аҷибтар он аст,  ки Модар  он ҳама ранҷу сахтиҳои ҳаётро бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад ва дар анҷоми онҳо миннате  намегузорад ва чун овози тифлаки навзод ба гӯшаш мерасад, тамоми заҳмату машақќате, ки тӯли нуҳ моҳ кашида буд, фаромӯш мекунад. Модар ба мисли Замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо – фарзандон беканораву ҷовидона аст. Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва гаронбањотарин шахси олам аст. Канори модар худ дунёи аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар макони “биҳиштосои” дигаре вуљуд надорад. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Оре, давлати фарзандон ин модар аст. Зиндагӣ худ шеъре аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қадру қимати модарро донад, бо дуои ў хушбахту шуҳратёр мегардад. Зиҳӣ, модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сари таъзим фуруд меоранд…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи занону модарон дар Паёмашон суханони басо бамаврид гуфта, ҳамеша ба қадру қимати модарон расиданро чунин таъкид намудааст:

«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан – модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.  Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем. Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

 Агар ободиву суботи ҷомеа аз оромию осоиши ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.   

         Аз ин рӯ:   

Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ, модар!

Хуршеди баланди осмонӣ, модар!

Дар чашми ту нури зиндагонї ҷорист,

Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, модар! 

 

 

 

 

 

Муњаббат Абдуллоева – коргузори

кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ав