САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!

Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гeш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омeзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрeзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣ?

Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?

Таърих гувоҳ аст, ки аз рeи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд.

Сарнавишти миллати тоҷик дар тeли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирeзӣ, часпу талош барои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва … гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор … Аммо пeшида нест, ки солҳои тeлонӣ мо аз омeзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомeзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомeзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.

Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик – устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин норасоиро эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомeзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.

ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурeъ намуд. Ковишу ҷустуҷeйҳои пайвастаи e дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам – соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсeзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шeравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.

Хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омeхтани таърихи гузаштаи худро овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд? Аз куҷо ба зиндагӣ шурeъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.

Ман ин асари аҷоиб ва пурмeҳтаворо ҳанeз солҳои донишҷeӣ мутолиа карда, гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболидам, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шeҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дилам реш мегашту ба андеша меафтодам. Пайваста фикр мекардам, миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имрeз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?!

Пeшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омeхтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид. Асари Бобоҷон Ғафуров, ки чун обу ҳаво барои худогоҳӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тeли панҷоҳ сол танҳо як маротиба нашр шуд. Албатта, ин боиси таассуф аст. Аз рeи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид.

Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тeфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.

Омeхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ- хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира,- сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва, хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид бикунам, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «…шартҳои муҳими таърихнависӣ – муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст.

Ин асар аввал ба забони русӣ дар Москва чоп шуд ва ҳамчунин аз ҷониби олимони машҳури собиқ шeравӣ ва хориҷӣ баҳои арзанда гирифт. Асар танҳо ба омeзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад. Инчунин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Аз ин хотир баъди он ки «Тоҷикон» ба хати русиасоси тоҷикӣ дар Душанбе ба табъ расид, дарҳол диққати муаррихони Афғонистонро ҷалб намуд. Ва дар ин кишвари дeсту бародар асари мазкур бо ҳуруфи форсӣ аз чоп баромад, сипас дар мамолики дигар низ пай дар пай чопи он сурат гирифт.

Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш натанҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои eзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омeзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомeзад.

Имрeз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрeхтани эҳсоси ватандeстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд.

 

Эмомалӣ Раҳмон

соли 1998    Муфассал