Ташкил ва гузаронидани курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишгоҳ

Яке аз василаҳои муҳиму самарабахши таълим банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии дохилӣ ва берунӣ барои устодони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз 2-юм то 14-уми марти соли 2020 дар асоси нақша-чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» курси такмили ихтисоси дохилидонишгоҳӣ баҳри иҷрои моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», бандҳои 182, 183 ва 184-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тибқи нақшаи таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 оид ба омӯзиши курсҳои такмили ихтисоси равияҳои табиӣ, риёзӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, ҷомеъашиносӣ ва иқтисодиро ба нақша гирифта, барои омӯзгорони ҷавон омӯзонидани тарзу усули истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионии муосир дар дарсҳои маърӯзавӣ, амалӣ, озмоишӣ ва КМРО дар базаи донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар курси мазкур устодони варзида метод ва усулҳои истифода намудани воситаҳои техникии таълимро ба омӯзгорони ҷавон омӯхта таъкид доштанд, ки бояд устодон мувофиқ ба талаботи замони муосир аз ин василаҳо самаранок истифода бурда тавонанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар курс беш аз  80 нафар устодони ҷавон фаъолона ширкат варзида, бо шаҳодатномаи курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ таъмин карда мешаванд.

 

 

Шарифов Сангимурод сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав