Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар «Ҷоми академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

 

Ташкил ва баргузор намудани озмунҳои эҷодӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ миёни наврасону ҷавонон ба боло рафтани сатҳи донишу ҷаҳонбинии ин қишри ҷомеа мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2020, ки рӯзҳои 12 ва 13-уми марти соли равон баргузор гардид 6 нафар донишҷӯён Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»-ро намояндагӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи мазкур беш аз 200 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самтҳои математика, физика, астрономия, химия, биология, геология, технологияи иттилоотӣ миёни ҳам қуваозмоӣ намуданд. Донишҷӯи курси 3-юми факултети химия ва биология Азизов Орифҷон Тоҳирович ва донишҷӯи курси 5-уми факултети физика Илёсов Шералӣ бо дипломи ғолиби ҷойи сеюм, Насриддинов Аслиддин ва Шарифова Фирӯза бошад барои иштироки фаъол бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Донишҷӯёни мазкур ва роҳбарони онҳо дар арафаи ҷашни Наврӯз аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.

 

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав