Терроризм ва гурўҳҳои ифротгаро

 Саидов Алихон Савзаевич

мудири кафедраи фалсафа ва фарњангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии “экстремизм” чист ва он чӣ гуна падида аст? Бояд ҳар яки мо аз ин мафҳум ва падидаҳои номутлуби ҷомеа огоҳ бошем.           

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

   Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Лекин ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онњоро номбар  кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст.

Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният ва адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид  фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Он чуноне, ки роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Террорист, дину мазҳаб ва Ватан надорад”.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хурофотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар Дунёи Қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати давлати абарқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз љомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалї карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динї, динситезї дар аксари мавридҳо натиљаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то љое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонї амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротї, тундравї даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонї исбот менамояд, ки илму дониш ҳељ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастї, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонї, љаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер дар рисолаи хеш, ки ба мавзўи тарбия бахшидааст, чунин мегўяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманї ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиљ дар асри мо руҳи динситезї вуљуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумот фаротар рафта ва дар  умқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезї барканор аст».

Замоне, ки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравї вуљуд дошт, мубориза миёни ду гурўҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки љонибдори идеологияи коммунистї буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистї бо сардории Амрико, ки худро чун кишварҳои демократї ва озод муаррифї менамоянд, муборизаи шадид, «љанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИXШС ва пош хўрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистї мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиї, энергетикї, ё ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегї, ҳарбї ва ғайра торафт шиддат мегирад. 

 Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги љаҳонї – ислом ва масеҳият душманї ва зиддият барангезанд. Онҳо, чї тавре ки дар аввал ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун љангљўю таљовузкор, ифротгар, бадкину ситезаxў муаррифї намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрї бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонї бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягў ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди xараёнҳои тундрав (экстремистї) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Мутаассифона, дар тўли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқўъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи тахрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдї, сўзондани китоби «Қуръон» аз љониби роҳиби бадкеши масеҳї Терри Xонсони амрикої, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии пайғамбари ислом Муҳаммад (с)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри љаҳон гардид. Сўзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонї ва љаҳони мутамаддинро ба вуљуд овард.

Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кўшишҳои СММ ва дигар созмонҳои љаҳонї дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирї ва эҳтироми фарҳангу адёни љаҳонї аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эљод кунад».

Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Ҳомайнї – амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лўхтаконаи чанд тундгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пои масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад. Низои байни мусулмонону масеҳї хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад».

Баъди суқути давлати абарқудрати шўравї ва ба вуљуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистї муносибат ба дину диндорї дар љумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шўравї, аз љумла дар Тољикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваљљўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.

Созмону ниҳодҳои динї ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсї, иљтимої ва маънавї бештар таъсир мерасониданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динї дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсї ва мафкуравї ташаккул ёфт.

Гуногунандешї ва таҳаммулпазирї таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин равона нашуда, баръакс, ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллї ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангї ва иљтимої нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони љумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалї созанд. Дар натиљаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динї, ташаккул ёфтани вазъи нави динии љумҳурї сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагї 34 созмони динї, аз љумла 17 масљид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронї, 2 куништи яҳудї амал мекард.

Ҳоло дар қаламрави љумҳурї қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломї (масљидҳои панљвақта, љомеъ ва масљиди љомеи марказї, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносї дар назди Президенти Љумҳурии Тољикистон, Шўрои уламои маркази исломии Тољикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва љамоатҳои (созмонҳои) динї) мављуданд.

Дар Љумҳурии Тољикистон даҳҳо масољиди марказї, садҳо масљиди љомеъ, ҳазорҳо масљидҳои панљвақта амал мекунанд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолї 1 масљид рост меояд. То соли 1990 мусулмонони ИXШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динї гирифтан доштанду халос. Дар ин ду муассисаи таълимии динї аз љумҳурии мо  шумораи ками донишљўён таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони љумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динї хеле ночиз буд ва аз ин рў, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизї (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт ва дар он ҳамон вақт ҳамагї 142 нафар донишљўён таҳсил мекарданд.

Дар шаҳрҳои љумҳурї мактабҳои динї-мадрасаҳо кушода шуданд. Агар дар тўли беш аз 72 соли салтанати шўравї ҳамагї беш аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаљро анљом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тољикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи баланди ҳољигї расиданд.

Соли 1943 аз ИXШС ҳамагї 3 нафар ба маросими ҳаљ рафта буданд. Дар мавсими ҳаљи имсола ҳазорҳо шаҳрванди љумҳурї фаро гирифта шуда буд, ки нисбат ба даҳ соли охир хеле зиёд аст.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари раводиди мусбату мўътадил ва табиї ҳаёти динї – маънавї, инчунин зуҳуроти манфї ва номатлуби ғояҳои ифротгарої, ки асосан аз љориxи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозї ва људої дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир ин дар љомеаи мо пайдо шудани иғвоангезї, таҳрибкорї, ҳизбгароиву гурўҳбандї аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон аз минбарҳои масољид, садо додани таблиғоти бегонапарастї, зидди манфиатҳои миллї, давлатї, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, тањлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуљуд овардани дуҳокимиятї дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонї аз нангу номус, ҳувият ва арзишҳои миллї, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатї миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эљодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли љомеаро  бетараф намегузорад.

Зиёиёни эљодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастї, арабгарої, бесаводї, чаласаводї, хурофоту таассуб, маъвизаҳои бемантиқ, берабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллї айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён ва рўзноманигоронро ба динситезї гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тољик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллї, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбї, гурўҳї, мазҳабї, шахсї боло гузошта, љомеаро ба ихтилоф, људої ва хатару нооромї мувољеҳ насозанд.

Мо бояд танҳо дар як қарор гирди ҳам оем ва дастаљамъона бар зидди ин ҳодисаи номатлуби љомеа мубориза барем, љавононро ба ватандорї ва Ватанпарастї  ҳидоят намоем.

Як даст садо надорад, пас биёед ҷуфт шавем ва пайи ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.

 

 

Рўйхати адабиёт ва манбаъњои истифодашуда

 

1.Эмомалї Раҳмон Бист қадами созанда. –  Душанбе: Эр-граф, 2014.

  1. Холиқов А.Ғ., Андешаи давлати миллӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2013.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе аз 20-уми январи 2016.
  3. Сафаров Ҳ., Ҳафиззода Ш. Хатарҳои фаъолияти экстремистӣ -террористии “Давлати Исломӣ”. – Душанбе, 2016.
  4. Мирзоев С., Алимардонов М., Бухоризода М., Амиршозода Ҷ. “Салафия” хатари он барои Тоҷикистон. – Душанбе, 2016.
  5. Сайдалиев Б. Ҳабдаҳ рӯзе , ки олам нигарон буд. – Душанбе, 2012.