Тоҷикистон ватани Наврўз аст

Наврӯзи ориёии мо таърихи хеле бардавом ва пурҳаводис дорад. Таърихномаи Наврӯз агар замоне навишта шавад, китобе пурмуҳтавою бузургҳаҷм ва хонданӣ хоҳад буд. Яке аз мондагортарину гуворотарин ҳодисаҳо дар марҳилаи навини эҳёи ҷашни Наврӯз, бешубҳа мавқеи ҷаҳонӣ пайдо кардани он мебошад.

Инак боз баҳор омад, Наврӯзи оламафрӯз фаро расид ва мо дар арафаи ҷашнгирии ин иди бузург қарор дорем. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, он аз нигоҳи таърихӣ барои мардуми мо аҳамияти басо бузург дорад. Бо сарфарозӣ мегӯям, ки маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи хуҷастапай имконоти бештару мусоидро фароҳам овард.

Таърих гувоҳ аст, ки ин ҷашни фархунда дар тӯли таърихи ҳафтҳазорсолаи худ борҳо ҳадафи танқид қарор гирифта, давраи гулгулшукуфиҳоро низ паси сар кардааст. Вале бо вуҷуди таъқибу манъ карданҳо мардуми равшанзамири мо ин иди милли ниёгони худро ҷашн мегирифтанд. Ҳар як рӯзи ҷашни Наврӯзро дар ҳудуди сездаҳ рӯз ва ҳатто як моҳ дар аҳди Сосониён ва пеш аз онҳо бо анъанаҳои неку устувор қайд мекарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли таърих чї қабл ва чї баъд аз ислом, назарияҳои гуногуне дар мавриди пайдоиши Наврӯз баён шудааст:

  1. Дар «Шоҳнома» Наврӯз рӯзест, ки Каюмарс ба шоҳӣ расид.
  2. Таваллуди Ҳушанги Пешдодӣ дар Наврӯз будааст.
  3. Таҳмурас рӯзе девони бадкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард, ин рӯзро Наврӯз номиданд.
  4. Наврӯз рӯзест, ки Фаридун кишвари паҳновари худро миёни се

фарзандаш Салм, Тур ва Эраҷ тақсим кард.

  1. Наврӯз рӯзест, ки Кайхусрав, фарзанди Сиёвуш, зода шуд.
  2. Наврӯз рӯзест, ки Зардушт таваллуд шуд.
  3. Наврӯз рӯзест, ки Ҷамшеди Ҷам, подшоҳи пешдодӣ, бар тахти шоҳӣ нишаст.
  4. Рӯзе, ки Замин офарида шуд, Офтоб тобид ва бод вазидан гирифт.
  5. Рӯзе, ки киштии Нӯҳ дар маҳалле бо номи Ҷудӣ ба гил нишаст.
  6. Рӯзе, ки Ҷабраил ба паёмбар нозил шуд.
  7. Рӯзе, ки Иброҳим бутҳоро шикаст.
  8. Рӯзи хилқати Одаму Ҳавво.

Аммо бештари китобҳо ва таърихнигорон ва ориёиён ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшеди Ҷам, подшоҳи пешдодӣ, медонанд ва дар «Шоҳнома» чунин омадааст:

                     Ба фарри Каёнӣ яке тахт сохт,

Чу моя бад – ӯ гавҳар андар нишохт…
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Муаллифи асари таърихии «Таърихи Гардезӣ» ҷашну оинҳои қадимаи халқҳои Эронинажодро ба тариқи зер қайд кардааст: «Эрониёнро ҷашнҳои фаровон будааст, андар рӯзгори қадим ва ман он чї ёфтам, ин ҷо биоварам: ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад. Ин рӯзро Наврӯзи бузург гӯянд. Ҷамшед аз пайкори сиёҳон ва девон андар ин рӯз боз омад ба пирӯзи ва ғанимати фаровон овард».

Аз ин маълумот бар меояд, ки Наврӯз оғози соли нав ва баробаршавии шабу рӯз буда, дар моҳи фарвардин, мутобиқ ба 21 ва 22 -юми март ҷашн гирифта мешавад. Дар замони давлатдории Шӯравӣ (СССР) пас аз хомӯшиҳои беш аз 50 сола бори аввал 21-уми марти соли 1980 дар Тоҷикистон иди Наврӯз бо номи «Ҷуфтбаророн» ва «Наврӯз иди меҳнат, ҷавонӣ ва дӯстӣ» ҷашн гирифта шуд. Ба таври расмӣ мақоми давлатӣ гирифтани ҷашни Наврӯз соли 1989 ба миён омад. Шукрона аз фазои оромӣ кишвар мекунем ва ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва кӯшишҳои Сарвари давлат оид ба ин иди ниёгон назар меафканем.

Бо пешниҳод ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми феврали соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 64-ум ва дар доираи банди 49-уми рӯзномаи худ «Фарҳанги ҷаҳон» бо аксари кулли овозҳо Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуда, 21-уми мартро чун рӯзи байналмилалии «Наврӯз» эътироф кард. Ёдовар бояд шуд, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз кори басо осон набуд, зеро барои ҳақиқати таърихиро барқарор намудан талошу кӯшишҳои зиёде сарф гашт. Муддати 7 – сол, яъне аз соли 1993 сар карда то соли 2010 аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон оид ба ҷаҳони шудани Наврӯз иқдомҳои зиёде ба харҷ дода шуд. Масъалаи Наврӯз 30-юми сентябри соли 2009 ба рӯйхати ЮНЕСКО (мероси ғайримоддии башарият) дохил гардид. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ва ормони олӣ ҷашнеро асос гузоштаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат, зебоиву нафосат ва бедориву заҳмат мебошад.

Баргузории нахустин ҷашни байналмилалӣ доир ба Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарони давлатҳои эронитабор гувоҳи ин гуфтаҳост.  Ин азму талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат бори дигар собит менамояд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддун ва фарҳанги олии башарӣ меҳмондори ин иди некоин ва ватани воқеии Наврӯз аст. Аз ин пас ҷашни Наврӯз дар саросари кулли кишварҳои СММ ва хусусан Тоҷикистон, ки худ ватани наврӯзаш меноманд бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Иди Наврӯз зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад ва бо хушнудӣ гуфтан мумкин аст, ки Наврӯз таърихи беш аз 7 – ҳазорсола дорад. Маврид ба тазаккур аст, ки иди қадимаи мо тоҷиконро, ки онро ном Наврӯз аст, ҳамасола беш аз 300 миллион одамон дар рӯйи замин бо шукӯҳу шаҳомати беандоза ҷашн мегиранд. Ин ифтихори бузурги миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, мо халқи шарафманди тоҷикро лозим меояд, ки дар хусуси Наврӯз сухан гуфтан пеш аз ҳама бо далелҳои муътамади таърихӣ такя намоем, зеро Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Наврӯз бо нақши созандаи хеш мардумро ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин хотир халқи тоҷик ин идро азизу муътабар дониста, бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил мекунанд ва беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Мардум дар ин айём гурӯҳ-гурӯҳ ба сайри лолаву наргис баромада, аз насими ҳаловатбахши баҳорон нафаси тоза мекашанд. Наврӯзи дилафрӯзро «Арӯси сол» гуфтаанд. Дар воқеъ, ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро бо омадани он табиат аз нав зинда шуда, пироҳани арӯсӣ ба бар мекунад. Бо расидани фасли баҳор махсусан, моҳи март гулу себарга ва сиёҳгӯшу бойчечак ба табиат симои дигар мебахшанд.

Ҷашни Наврӯз воқеан ҳам, ҷанбаю нерую хусусияти барҷастаи башардӯстона дошта, ҳамагонро ба дӯст доштани зиндагӣ, ҳифзи табиат, риояи дӯстию осоиштагию бародарӣ, зебоипарастию накӯкорӣ ҳидоят мекунад. Маъмултарин анъанаҳои Наврӯзӣ, ба гунаи гулгардонӣ, суруду таронахонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, хонатаконӣ, озмунҳои варзишӣ ва амсоли инҳо, ҳама бо тақвияти рӯҳияи шодмонии мардум нигаронида шудаанд ва ҳадафашон таъмини рӯзгорони саодатмандонаи инсонҳо мебошад. Умдатарин хусусияти ҷашни Наврӯз, махсусан, дар эҷодиёти шоирони адабиёти классики тоҷик ба сатҳи баланд тараннум ва тавзеҳу таъкид шудааст. Шукуфон гаштани олам бо қудуми баҳору Наврӯз ҳанӯз аз ҷониби Одамушшуаро, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъкид гардидааст.

Омад баҳори хуррам, бо рангу бӯйи тиб

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад – ин гаҳ шавад ҷавон.

Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.

Бигузор дар рӯзи Наврӯз аз ҳар хонаву дар бӯйи суманак, бӯйи нони гарм ба машом расад, савту навои Наврӯзӣ танинандоз гардад. Тамоми мардуми сарбаланди ватанро ба ифтихори ин ҷашни фархунда ва оғози соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ рӯзгори хушу осуда ва осмони софу беғуборро таманно дорам.

 

 

Асоев Султон – омӯзгори

факултети химия ва биология