ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ВА СИЁСӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

 

Дар ҳар давру замон давлат кӯшиш намудааст, ки худро аз падида ва равандҳои номатлуб ҳифз карда, дар ин самт аз воситаҳои мухталиф истифода намояд. Дар шароити имрӯза, яке аз чунин падидаҳои номатлуб экстремизм ба ҳисоб меравад, ки барои мубориза бурдан бо он ҳар як давлат сохтор, ягонагии ҳудудӣ ва суверенитети худро ҳифз менамояд.

Имрӯзҳо дар доираҳои илмӣ баҳсу мунозираҳои доманадор нисбат ба моҳият ва хусусияти экстремизм низ идома доранд. Миқдори зиёди рисолаву таҳқиқотҳо рӯи кор омадаанд, лекин ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам мавқеи ягона нисбат ба таснифоти ин падида ташаккул наёфтааст.

Дар асоси таҳлили сарчашмаҳои мухталифи илмӣ метавон чунин як таснифоти экстремизмро пешниҳод намуд. Экстремизм ин як навъ фаъолият аст, ки ба дигаргун намудани зӯроварии асосҳои сохтори конститутсионӣ ва халалдор намудани ягонагии давлат, қатлу куштори нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ равона карда шудааст.

Қайд намудан зарур аст, ки нисбат ба масъалаи навъбандии экстремизм низ муносибати ягонаи илмӣ ба қайд гирифта нашудааст. Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ ва қонунгузории давлатҳои алоҳида дар самти мубориза бо экстремизм нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза асосан ду навъи экстремизм – экстремизми сиёсӣ ва экстремизми динӣ ҷудо карда мешавад.    

Чунин мешуморем, ки моҳиятан ин ду навъи экстремизм, ба дигаргун намудани зӯроварии асосҳои конститутсионӣ равона карда шудааст. Эстремизми сиёсӣ – ин амалест, ки ба вайрон намудани системаи сиёсӣ, сӯиқасд ба асосҳои сохти конститутсионӣ бо мақсади тағйир додани система ва бо роҳи зӯриву ғайриқонунӣ  ҳокимиятро ба даст гирифтан, равона карда шудааст.

Экстремизми динӣ  ин рад намудани системаи арзишҳои анъанавӣ дар ҷомеа ва ташвиқу тарғиби идеяҳое, ки ба ин анъанаҳо мухолиф аст, ба ҳисоб меравад. Қайд намудан зарур аст, ки дар тамоми дину мазҳабҳо, метавон тасаввуротеро пайдо намуд, ки характери зиддиҷамъиятӣ доранд, яъне, дар сатҳҳои гуногун қобили қабул набудани ҷомеаи дунявӣ ва дигар дину мазҳабҳоро аз мавқеи ин ё он таълимоти динӣ таҷассум менамоянд. Чунин ҳолат бештар дар хоҳиш ва кӯшиши намояндагони мазҳаби муайян нисбати паҳн намудани тасаввурот ва меъёрҳои динӣ дар тамоми ҷомеа зоҳир мегардад.

Мақсади асосии экстремизми динӣ эътироф гардидани воқеияти идеологияи худ ва фурӯнишонии дигар мазҳабҳои динӣ тариқи маҷбурсозии онҳо ба системаи тасаввуроти динии худ мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки созмону ташкилотҳои нисбатан радикалӣ вазифаи асосии худро дар бунёди давлати демократӣ мебинанд.

Дар доираҳои илмӣ ба хотири ҷудо намудани ҷиҳатҳои сиёсӣ ва ғайрисиёсии мафҳуми «экстремизми динӣ», муҳаққиқон бо истифода намудани мафҳуми «экстремизми диниву сиёсӣ» оғоз намуданд, ки аввалин маротиба аз ҷониби Н.П. Адрианов ба сарчашмаҳои илмӣ ворид карда шудааст [1, 6].  Ин мафҳум аз тарафи мактабу ҷараёнҳои мухталифи илмӣ эътироф гардида, мавқеи муайянро ба даст овардааст.

Дар ташаккул ва инкишофи консепсияи экстремизми диниву сиёсӣ саҳми А.А.Нуруллоев бузург аст, ки чунин қайд намудааст: «Пайгирии мақсадҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки экстремизми диниву сиёсӣ аз экстремизми динӣ фарқ карда шавад. Экстремизми динӣ дар соҳаи динӣ зоҳир гардида, дорои мақсадҳои сиёсӣ нест» [3, 84].

Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба далелҳои ҷиддӣ нигоҳ накарда, то ба имрӯз ин консепсия дар доираҳои илмӣ асосӣ нагардид, муҳаққиқон имрӯз низ ба таври васеъ мафҳуми «экстремизми динӣ»-ро истифода менамоянд. Қайд намудан зарур аст, ки нисбат ба созмон ва доктринаҳо, ки дорои хусусиятҳои сиёсӣ мебошанд, кӯшиши истифодаи мафҳумҳои дигар, ба монанди «экстремизм дар дин» ба мушоҳида мерасад [4, 28].

Мухолифати назариявии ҷойдошта натавонист, ки коркарди ҳаматарафаи мундариҷаи мафҳуми «экстремизми диниву сиёсӣ» таъмин карда шавад. Ба ҳар ҳол муаллифони гуногун кӯшиш намудаанд, ки истифодаи ин мафҳумро ба далелҳои гуногун исбот намоянд. Масалан Ч.С. Либман ҷиҳатҳои мухталифи ин падидаро баррасӣ намуда, як қатор аломатҳои экстремизми диниву сиёсиро ҷудо намудааст:

–  кӯшиши васеъ намудани доираи истифодаи ҳуқуқи динӣ, ворид намудани он дар соҳаи танзими ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ. Дар чунин ҳолат таснифоти ҷиддияти меъёрҳои алоҳида нишон дода мешавад;

– ҷудо гардидани иҷтимоӣ аз дигар гурӯҳҳо, ки дар фаъолияти худ меъёрҳои экстремистиро истифода намекунанд;

–  шаклҳо, навъҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, ки ҳамчун анъанаҳои аслии динӣ қабул намешаванд, рад мегарданд  [5, 76-86].

Ақидаи мавҷудияти навъҳои гуногуни сиёсии экстремизми диниро инкишоф дода, таҳқиқгари рус М.И. Ефремов қайд менамояд, ки зарур аст, то дар доираи экстремизми динӣ навъи диниву психологии онро ҷудо карда шавад, ки мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ намекунанд  [2, 28].

Ба ақидаи мо, нисбати фаъолияти созмону ташкилотҳо, ки дар доираҳои динӣ фаъолият намуда, мақсадҳои сиёсиро пеш мегузоранд ва дар муборизаи онҳо методҳои зурӣ ва зуроварӣ бартарӣ доранд, истифодаи мафҳуми «экстремизми диниву сиёсӣ» мувофиқ аст.

Дар шароити имрӯза, ба хотири муайян намудани фаъолияти экстремистии ҳаракат, иттиҳодия ё ҳизбҳои динӣ зарур аст, ки ба як қатор нишондиҳандаҳо диққат дода шавад. Дар ҳолати муайян намудани муносибати онҳо ба маҷбуран тағйир додани сохти конститутсионӣ, зарар расонидан ба амният, ғасб ё аз худ намудани салоҳияту ваколатҳои ҳокимият, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ намудани фаъолияти террористӣ, чунин созмону ташкилотҳоро метавон экстремистӣ номид.

Экстремизми динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи таффакур аст, ки агар ба марҳилаи паҳншавӣ ва амалӣ гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.  Аз ин рӯ, радикализми динӣ марҳилаи ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст. Метавон, онро ифротгароие номид, ки аллакай аз сатҳи таффакур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Экстремизми диниву  сиёсӣ ин фаъолиятест, ки на ғасби зӯроварии дигаргун намудани сохтори давлатӣ ё ғасби ҳокимият, вайрон намудани суверенитет ва ягонагии ҳудудии давлат, бунёди гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки экстремизми диниву сиёсӣ дорои як қатор хусусиятҳо мебошанд. Бо ҷамъбаст намудани мавқеи муаллифони гуногун, метавон чунин хусусиятҳои экстремизми диниву сиёсиро ҷудо намуд:

–  дар доираи экстремизми диниву сиёсӣ фаъолият ба соҳаҳои асосӣ  амал намудани ҷомеа, яъне дигаргун намудани сохтори давлатӣ, ғасби зӯроварии ҳокимият, вайрон намудани суверенитет ва ягонагии давлат равона карда шудааст;

– экстремизми диниву сиёсӣ чунин як навъи фаъолияти ғайриқонунии сиёсӣ аст, ки бо идеяҳо ва шиорҳои динӣ далелнок карда мешавад;

– дар муборизаи созмону ташкилотҳои экстремистии диниву сиёсӣ методҳои зӯроварӣ бартарӣ доранд. Маҳз бо ин хусусият экстремизми диниву сиёсӣ аз дигар навъҳои экстремизм фарқ мекунад, ки дар сарчашмаҳои илмӣ ба ин хусусият диққати махсус равона карда мешавад;

– экстремизми диниву сиёсӣ имконияти роҳҳои осоиштаи ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсиро рад намуда, роҳи ягонаро дар зӯроварӣ ва истифодаи қувваи ҳарбӣ мебинад;

– тарафдорони экстремизми диниву радикалӣ бо тоқатнопазирӣ нисбат ба дигарон, ки нуқтаи назари онҳоро қабул надоранд, фарқ доранд.

Ҳамин тариқ метавон қайд намуд, ки дар асоси хусусиятҳои зикргардида, экстремизми диниву радикалӣ аз дигар навъҳои он фарқ дорад. Барои мубориза бо экстремизми диниву сиёсӣ ба инобат гирифтани хусусиятҳои асосии он аз аҳамият холӣ нест.

 

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

  1. Андрианов Н.П. Советский образ жизни и атеистическое воспитание / Н. П. Андрианов. – М.: Политиздат, 1981.
  2. Зяблов Д.Н. Особенности религиозного экстремизма в современной России: историко-правовые аспекты / Д. Н. Зяблов // Исторические, философские, политические и юридические науки, культурологи и искусствоведение. Вопросы теории и практики. Тамбов, 2011. – № 5Щ) : в 4 ч. Ч. 2.
  3. Нуруллаев А.А. Религиозно-политический экстремизм / А. А. Нуруллаев, Ал. А. Нуруллаев // Вестн. Рос. ун-та дружбы народов. Сер. Политология. – 2003. № 4.
  4. Плужников Е. Н. Религиозный экстремизм в современной России: проблемы теоретической интерпретации и политической практики : дис. … канд. полит. наук / Е. Н. Плужников. – М., 2010.
  5. Liebman Ch. S. Extremism as a religious norm // Journal of the scientific study of religion. 1983. – N 22 (1).

 

Саидзода Диловар Абдулаҳад, номзади илмҳои

сиёсӣ, омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ