Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз

Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод».

Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.

Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд.

Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як ва ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ, аз ќабили бойчечак, сиёҳгӯш ва гули зардакро чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахӯд медиҳанд.

Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро рӯфтаю тамиз мекунанд, пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯйӣ мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метакониданд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд, зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзӣ аслан ғизоҳоеянд, ки аз ғалладона пӯхта мешаванд. Дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахӯд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои  хуштамъ ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз  ва ғайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтаќаҳо далда (Кӯлоб), кашк, боҷ, (Бадахшон), кӯча дар (Панҷакент)  ва ғайра меноманд. Хӯрокҳои гандумӣ рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунад. Аз нӯшокиҳо бештар зардолуи хушк ё ғулингро дар оби ҷӯшида тар карда, нӯшобаи ғулингоб таҳия мекарданд ва нӯшидани онро дар субҳи наврӯз савоб медонистанд.

Ойини дигаре, ки аз замонҳои хеле қадим анъана шуда омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе каҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам қаҳриро оштӣ мекунонданд. Ин ойин ҳоло ҳам дар  байни мардуми Яғноб роиҷ аст.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ ин гӯштингирӣ аст, ки хеле паҳн шудааст. Дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон мусобиқоти наврӯзии гӯштингирӣ барпо мегардад. Қабл аз ҳама ду мӯйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо рақсу гирди майдон чархзанӣ мусобиқаро оғоз ва ҷашнро некфол мегардонанд. Ба ғолибон тӯҳфаҳое ба мисли ҷома, қолину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гӯсфанду барзагову асп аз тарафи созмондиҳандагон – ҳукуматҳои маҳаллӣ такдим кар­да мешавад.

Дар байни мардуми тоҷик рубоиву сурудҳои зиёди наврӯзӣ вуҷуд доранд, ки асосан дар айёми Наврӯз суруда мешаванд. Яке аз ғояҳои асосии рубоиву таро­наҳои наврӯзӣ ин муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани баҳор ва иди Наврӯз шодию хуррамӣ ме­кунанд, аз ин хотир ҷашни Наврӯз дар таронаҳои мардумӣ бо оғози баҳор ва як навъ озодӣ айният дорад.

Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар ха­лқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷоест, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хӯрсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.                                                                                      

 

                                                                     Ҳабиба Раҷабова – омӯзгори  кафедраи

фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав