Аҳмадов Сафармад (Сафармуҳаммад Аҳмад) соли 1974 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1991, баъди хатми мактаби миёнаи №18-и ноҳияи Восеъ, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил гардида, онро соли 1996 хатм менамояд ва минбаъд ба фаъолияти омӯзгорӣ мепардозад. Аз соли 2011 инҷониб дар ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият менамояд. Айни замон мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аст. Муаллифи як маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Андешае чанд перомуни адабиёт ва фолклор» (Душанбе: «Ирфон», 2016), як монография бо унвони «Зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ғаффор Мирзо» («Ирфон», 2020) ва зиёда аз 50 мақолаи илмию методӣ мебошад.

Сафармуҳаммад Аҳмад аз даврони наврасӣ ба шеър гуфтан машғул буда, намунаи ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ба нашр расидаанд. Соли 2011 нахустин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Заврақи завқ» тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ мерасад. Маҷмӯаи дувуми шеъри ӯро бо унвони «Як даста гул, як шоха райҳон» соли 2019 нашриёти «Адиб» ба табъ расонидааст. Дар зер намунае аз шеъри шоирро пешкаши хонанда мегардонем.

 

ФАСЛИ ГУЛ

Фасли гул аст, фасли гули тозаву тар аст,

Як даста гул баҳои дили нозпарвар аст.

Дасти сахои Ҳотами Тойист ин замон

Баҳри фазо, ки киштии абре шиновар аст.

Хуршедро бубин, ба кафи соқии фалак

Аз нури бедареғ чу лабрез соғар аст.

Рангобаранг гашта ҷаҳон ранг, ранг, ранг,

Дар коғази замин чӣ нуқуше мусаввар аст.

Ҳар шоха дар такаллуми зоту сифоти Ҳақ,

Ҳар барг дар тараннуми «Аллоҳу акбар» аст.

«Чаҳ-чаҳ» – садои дилкаши булбул барои кист?

«Қум-қум» «биё-биё»-и кадомин кабутар аст?

Бикшо димоғу лутфи Худовандро бибӯ,

Дар мушти боди субҳдамӣ мушку анбар аст.

Дил дар миёни дилбари бисёр зор, чун

Себе, ки дар миёнаи сарву санавбар аст.

***

Кадомин бод имшаб роҳ сӯйи хонаам дорад?

Садои пойи ӯ аз пушти дар девонаам дорад.

Чӣ рангу бӯйи дилошӯб дастовез меорад,

Биҳиште рӯй бар ин тангии кошонаам дорад.

Видоъ, эй банду занҷири равонкоҳиву дилтангӣ,

Баҳорисфандиёре панҷа бар завлонаам дорад.

Магар имрӯз по бар китфи раҳ бетарс мемонам,

Ки ин дам сабзпӯше даст рӯйи шонаам дорад.

Хуморолудаам, чашмони мастамро сафо бахшад

Майи равшан, ки дар ҳар гардиши паймонаам дорад.

Варақгардони умрам гаштааст имрӯз Наврӯзе,

Ки дар ҳар саҳфа нақше аз пари парвонаам дорад.

 

РУБОИИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз хуш асту мо ба Наврӯз хушем,

Дирӯз на хуш будему имрӯз хушем.

Шояд ҳама солу маҳ ба шодӣ гузарад

Моро, ки тамоми ин шабу рӯз хушем.