Китоби “Ҳалли масъалаҳо дар Java ва Pascal” аз чоп баромад

Нашриёти ҶДММ “Ганҷи хирад” китоби наверо таҳти унвони “Ҳалли масъалаҳо дар Java ва Pascal” ба чоп расонид. Ин китоб барои аз худ кардани забонҳои барномасозии сатҳи баланди Eclipse Pascal ABC.net тавсия шудааст. Муаллифони китоб Файзуллоев Фарҳод Раҷабович – ассистенти кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ятимов Амирхон Ҷурахонович – ассистенти кафедраи технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошанд. Ин аввалин дастури таълимӣ барои донишҷӯёне таҳия шудааст, ки дар шуъбаҳои информатика, математика, физика, амнияти компютерӣ, амсиласозии математикӣ ва умуман шуъбаҳои фанҳои дақиқи муассисаҳои таҳсилоти олию касбии ҷумҳурӣ, ки шавқи аз худ кардани забонҳои барномасозиро доранд, тавсия шудааст. Китоби “Ҳалли масъалаҳо дар Java ва Pascal” аз 15 бахш иборат буда, дар қисмати аввали он маълумот оид ба тарзи насб ва истифодабарии Eclipse Pascal ABC.net, оварда шудааст. Дар қисмати дуюми он масъалаҳо оид ба функсияҳо ва проседураҳо дода шуда, он барои осон кардани масъалаҳои математикӣ дар забони барномасозӣ мусоидат мекунад.

Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, муњтарам Эмомалӣ Рањмон “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.

 

 

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ, номзади илмҳои педагогӣ,

дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии технологияи иттилоотӣ