Омилҳои хатарноки экстремизм ва терроризм ба амнияти кишвар

Дар  мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ “сиёсати   дугона”- ро истифода намудани баъзе аз кишварҳои минтақа ва давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба амнияти кишвари мо хатар ворид месозад. Кӯшиши табадулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бори дигар собит сохт, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз ниятҳои тахрибкоронаи хеш даст накашиданд ва мехоханд ба сари мардуми кишвари мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Дар ҳамин асос, хатари воқеии экстремизм ва терроризми байналмилалиро дар шароити муосири равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ба қисматҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст.

  1. Бархӯрди манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геосиёсии давлатҳои абарқудрати дунё ва як қатор мамлакатҳои исломии минтақа дар кишварҳои Осиё Марказӣ. Махсусан, ҳодисоти сентябрӣ бори дигар собит сохт, ки баъзе қувваҳои сиёсии давлатҳои исломии минтақа  омилҳои умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва урфу анъаноти ягонаро сарфи назар карда, дар сиёсати хориҷии хеш омилҳои диниро дар мадди аввал мегузоранд.   
  2. Зиёд гардидани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон. Баъди дахолати ҳарбӣ – ҳавоии Русия дар муноқишаҳои Сурия шумораи ин гурӯҳҳо афзуда, қисми “Толибон” дар бораи содиқ будан ба ҳадафҳои «Давлати исломӣ» қасам хӯрданд. Чунончи маълум аст, Тоҷикистон бо чор музофоти Афғонистон – Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон сарҳади ниҳоят тулонӣ (зиёда аз 1400 км.) дошта, пайваста дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон муноқишаҳои ҳарбӣ ба амал меоянд, ки ба амнияти кишвари мо хатари воқеӣ дорад.
  3. Дастгирии ҳарбӣ, пуштибонии сиёсӣ ва маблағгузории бонкиву молиявии ташкилотҳои террористии Сурия, Ироқ ва Афғонистон аз ҷониби аксар давлатҳои манфиатхоҳ ва дар сафҳои ҷангиёни онҳо ширкат доштани баъзе ҷавонони фирефташудаи  кишвари  мо. Махсусан, дар Афғонистон қувваҳои НАТО бо роҳбарии ИМА дар мудати зиёда аз 14 соли будубоши хеш паи роҳандозии амалиёти “Озодии шикастнопазир” дар “баробари маълумот доштан оид ба истеҳсол, коркард, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ягон чораи мушаххаси пешгирикунанда наандешидаанд ва ҳатто даъво мекунанд, ки нест кардани маводи мухаддир аз вазифаҳои эътилофи зиддитеррористӣ  маҳсуб  намеёбанд”.
  4. Дар натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонид, бо ихтисор гардидани ҷойҳои корӣ, ҷалб гаштани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ,  (Федератсияи Русия, давлатҳои арабӣ, Покистон, Туркия, Афғонистон) зиёд гардида, қисме аз онҳо дурустии  ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро дар сохтани хилофат инкор  намекунанд.
  5. Дар сомонаҳои интернетӣ ва мавҷҳои моҳворавии телевизионӣ фаъол будани шабакаҳои Висоли ҳақ, Таҳвид, Висоли порсӣ, Корвони муҷоҳиддин ва Аҳли байт, ки пайваста бо роҳҳои гуногуни ташвиқотӣ-таблиғотӣ “мағзшӯӣ” намуда, ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ ташаккул наёфтаро ба тарафи хеш ҷалб месозанд 
  6. Дар мақомоти масъули давлатӣ ва ҷаъмиятӣ (мактабҳо, ҷамоатҳо, марказҳои ҷавонон, масҷидҳо) нарасидани мутахассисони  варзидаи идеологӣ, ки дар муқовимати  пурзӯри хислати глобалӣ пайдо  намудаи  эктремизм ва терроризми  динӣ  мубориза  бурда  тавонанд 
  7. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, захираҳои нафту газ, ғуломфурӯшӣ, трансплантатсияи узвҳои инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихӣ-маданӣ дар минтақаҳои забтгардида, ки ҳамчун сарчашмаҳои асосии терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Танҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар солҳои 2007-2015 истеҳсоли маводи мухаддир 44 маротиба афзуда, 6400  тоннаро ташил менамояд.

Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат, сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзанд. Аҳком, ақида ва қимматҳои ахлоқии дини мубини ислом ва мазҳаби инсонпарваронаи ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои таҳким ва худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ваҳдати миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ташаккули фарҳанг ва маънавиёти аҳолии кишвар хизмати арзандаро ба анҷом бирасонад. Бояд дар тафаккури мардум чунин шакли ҷаҳонбиние тарбия карда шавад, ки бархӯрди ақидаҳо, гуногунандешии мафкуравӣ бори дигар миллати моро ба сангарҳои мухолиф тела надода, баръакс, қадру манзалати инсон, мақоми он дар ҷомеа ҳамчун бузургтарин мавҷудоти иҷтимоии ҳастии олам қадру қиммат дошта бошад.

                  

 

 

                   Казаков Рустам Сафарович,

                  дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав