Ақидаҳои дунявият дар адабиёти тоҷик ва мавзӯи ватандӯстӣ дар эҷодиёти Ғафур Мулло

 

        Дунявият дар сиёсат як шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ будан дар ҷомеаро накардааст. Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Дар моддаҳои 8 ва 26-уми Конститутсия принсипҳои дунявият ва озодии виҷдон инъикоси худро ёфтаанд.

         Аслан барои рушди давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохти дуруст ва таърифи возеҳи мафҳуми дунявият зарур аст. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ба ҳеҷ гуна дини расмии давлатӣ ва таълимоти динӣ бартарият дода намешавад. Хусусияти дунявӣ доштани давлат чунин пешбинӣ менамояд, ки давлат ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҳам ҷудо буда, онҳо метавонанд, дар доираи қонунузории амалкунанда кору фаъолият намоянд. Дар айни замон низоми давлатдории дунявӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, бовару эътиқод ва озодии виҷдони шаҳрвандон заминаҳои мусоид фароҳам месозад.

Аз ин рӯ, мо миллати шарафманди тоҷикро месазад, ки, пеш аз ҳама шукри сулҳу салоҳ, ободию озодии кишвари хеш  намоем, чунки имрӯз давлати мо кишварест, ки дар он мардум озод, сухан озод ва дин озод аст:

                               Ватан озод, сухан озод, озодаст мулки мо,

Ба ин озодии дину сухан шукрона бояд кард.

          Намояндагони барҷастаи адабиёти  форсу тоҷик ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳаким Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ,   Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ғафур Мулло ва дигарон ақидаҳои баландғояи худро оид ба ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳаётдӯстию зебоипарастӣ ва инсондӯстӣ баён намудаанд, ки гуфтаҳои пандомези онҳо метавонанд, тамоми инсониятро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва доштани ахлоқи ҳамида ҳидоят намояд. 

         Шеъри тоҷик асосан дар мавзӯъҳои таърихиву миллӣ, модар ва зан, кӯдакӣ, ҷанг ва сулҳ, ошиқона, васфи табиат, сиёсӣ – иҷтимоӣ, андарзӣ – ахлоқӣ суруда шудааст.

        Аз ҷумла, устод Рӯдакӣ дар ситоиши дӯстӣ чунин гуфтааст:

                        Ҳеҷ шодӣ нест, андар ин ҷаҳон,

                        Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

                        Ҳеҷ талхӣ нест, бар дил талхтар,

                       Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

      Шеъри мазкур, ки бо забони ноби форсӣ – тоҷикӣ гуфта шудааст, метавонад, бо мазмуну муҳтавои худ одамиятро ба дӯстию бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳидоят намояд.

        Ҳамчунин Ҳаким Фирдавсӣ ақидаҳои баланди ватандӯстонаю инсонгароёнаи худро дар “Шоҳнома”- и безаволи хеш васф намудааст, ки онҳо ҳамагӣ ҳидоятгару роҳнамои тамоми одамият хоҳанд буд.

       Чунончӣ, шоир баҳри ватандӯстию далерӣ ва миллатгароии мардум, хоса ҷавонон чунин ақидаи баландғояи хешро баён намудааст:

     Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

     Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.    

         Ё ин ки Саъдии бузург бо шеъри оламшумули худ на танҳо дар Шарқ, балки дар миёни мардуми Ғарб низ маъруфият дошта, одамиятро ба дӯстию бародарӣ, миллатгароӣ ва сулҳу дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.

         Ин аст, ки шеъри шоир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, имрӯз шеъри зерини ӯ дар дари даромадгоҳи бинои баланди Созмони милали муттаҳид бо хатти зарин акс ёфтааст:

   Бани одам, аъзои якдигаранд,

   Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

  Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

  Дигар узвҳоро намонад қарор.

  Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

  Нашояд, ки номат ниҳанд, одамӣ.

        Дар воқеъ, шеъри боло мазмуни баланди инсондӯсти дошта, он метавонад, тамоми миллатҳоро ба дӯстию бародарӣ ва бо ҳам муносибату иртиботи қавӣ доштан ҳидоят намояд.

         Дар ин баробар, яке аз нобиғагони барҷастаи форсу тоҷик, ки бо шеъри шуҳратёри худ дар адабиёти классикии форсу тоҷик мақоми хоса дорад, Ҳофизи Шерозӣ мебошад. Дар шеъри шоир ақидаҳои баланди ҳакимонаю орифонаи ӯ роҷеъ ба ҳаётдӯстию хештаншиносӣ, дӯстию бародарии инсоният ва доштани хулқу атвори неки инсонҳо васф шудаанд:

   Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

   Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

            Ё дар шеъри дигари худ шоир одамонро ба некию накукорӣ тарғиб намудааст:

   Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа бирав некӣ кун,

   Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.

        Ҳамин ақидаҳои баландғояву наҷиби гузаштагони бузурги форсу тоҷик дар адабиёти имрӯзаи он низ идома ёфта, ҳамчун ангораҳо дар пеши назар ва ҳамчун суруди хушоҳангу равон вирди забони мардуманд.

         Аз инрӯ, мо насли имрӯзро зарур аст, ки аз гуфтаҳои баландмояи адибони маъруфи худ дарси ибрат гирифта, имрӯзу фардои ҳаёти худ ва миллату давлати хешро дурахшон намоем, ки сарчашмаи ҳамаи ин хушбахтиҳо сулҳу осоиштагӣ, дӯстию якдигарфаҳмии тамоми инсоният аст.

           Ин аст, ки устод Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

  Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

  Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

 

 Рӯйи олам дидан, одам дидан аст,

 Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.

        Ҳамин гуна ақидаҳои баландғояи адабӣ ва мавзӯъҳои дархури замон дар ашъори яке аз шоирони адабиёти муосири тоҷик – Ғафур Мулло низ мавқеи хоса дорад.

         Дар ашъори шоир мавзӯъҳои қадру манзалати Зан-Модар, Ватан, сулҳу дустӣ, панду андарз ва ғайраҳо мавқеи махсус доранд.

       Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ба ашъори лирикии Ғафур Мулло баҳои баланд дода, роҷеъ ба мавзӯю мундариҷаи ғоявии ашъори шоир чунин мегӯяд: «Мавзӯи ашъори Ғафур Мулло асосан аз васфи сулҳу амонӣ ва зебоию ширинии зиндагӣ иборат буд». 

        Мавзӯи модар яке аз мавзӯҳои асосию марказии ашъори Ғафур Мулло ба ҳисоб меравад. Ҳамаи хислатҳои неку писандидаи модари тоҷик дар шеъри «Модар» -и шоир тасвир ёфтааст:

                         Дорӣ ту ба сӯи олами тифл

                         Чашму дили меҳрбор, модар.

                         Аз боиси як қарори ӯ боз

                        Сад бор ту беқарор, модар.

Ё дар шеъри дигари худ шоир чунин гуфтааст:

                       Модар ба ҷаҳон ҷаҳони одам бошад,

                       Модар ба ҳама дарди ту марҳам бошад.

                       Ин аллаи модар аст оғози ҳаёт, –                                                                            

                       Шоҳбайти суруди аҳли олам бошад.

        Меҳру муҳаббати модар дар ашъори шоир дар якҷоягӣ бо меҳри диёр ифода ёфтааст, яъне шоир Модар-Ватанро ҷавҳари муқаддаси одамият ва ҳатто бӯйи муаттари онҳоро якрангу монанд ба машом медиҳад ва ҳарду ин неъмати бебаҳои худовандӣ  Модар-Ватанро дар як поя медонад:

                            Гар хоки азизи ин Ватанро бӯям,

                            Ояд ба димоғ бӯйи модар, гӯям.

                            Ин меҳри Ватан, ки ҳар замон аст ба ман,

                            Хуршед бувад, ки нур пошад сӯям.

          Мавзӯи Ватану ватандӯстӣ низ дар эҷодиёти Ғафур Мулло мавзӯи меҳварию марказӣ буда, мавқеи доманфарохеро ба худ касб кардааст.

        Ғафур Мулло дар воқеъ вассофи Ватани озоди худ аст ва дар васфи Ватани маҳбубаш шеър гуфтанро қарзи фарзандии худ медонад ва ҳар байту суруди худро бо ишқи поку саршор аз муҳаббати самимӣ ба Ватану меҳани муқаддасаш бахшидааст:

                         Наврӯз ба ҳар рӯзи Ватан мемонад,

                         Хушрӯзии он ба рӯзи ман мемонад.

                        Зебост ба дида ҳар гулу хори Ватан,

                       Як хори Ватан ба сад чаман мемонад.

        Шоир дар шеъри боло ишқу муҳаббати самимӣ ва садоқату матонати мардуми ватандӯсту сулҳпарвари тоҷикро васф намудааст. Ҳамин гуфтаҳо дар рубоии халқии

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

                   Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

бисёр муассиру зебо ифода ёфтааст.

        Ғафур Мулло ҳамчун шоир як қатор шеърҳои худро ба мавзӯи ҷанг ва сулҳ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзандони диловари Ватан бахшидааст, ки «Шеърҳои захми тирҳо», «Шадда», «Сарбози Ватан», «Ба пойи ҳайкал», «Гарчи бошам қаторае», «Ғами одам барои одамон аст» аз зумраи ҳамин гуна шеърҳои шоиранд:

                         Гӯшҳо то нашнаванд овози ҷанг,

                        Бо забони сулҳ ово мекунем.

                        То ки дунё дар амон бошад мудом,

                       Сулҳро мо гимни дунё мекунем.

         Ғафур Мулло дар тасвири дӯстии халқҳо ба устодони назми муосири тоҷик, ба мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва чандин тани дигари онҳо пайравӣ намуда, тамоми хушбахтию саодати одамиятро дар дӯстию ҳамкорӣ ва баҳамоию якдигарфаҳмӣ медонад.

         Хулоса, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори Ғафур Мулло гувоҳ бар он аст, ки шоир тавонистааст ба мавқеи иҷтимоию худшиносии халқи азизаш бо диди фарох ва мушоҳидаи амиқ нигарад ва дар ин замина осори баландмояву ғановатманде офарад.

 

       

 

 

Раҳмонов Маҳмурод – омӯзгори факултети

филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав