Иди Наврӯз аз нигоҳи хориҷиён

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Онро ҳамасола аз 21 то 25-уми март дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ  дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамоянд. Дар рӯзҳои ид мардон бештар ба мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бузкашӣ, гӯштингирӣ, бандкашӣ, аспдвонӣ, футбол, волейбол ва занон бошанд ба омода намудани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб, оши бурида, далда, кашк, самбусаҳои алафию гуштӣ ва ғайра машғул мешаванд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи аҷам бо чанде аз хориҷиён суҳбате доштем. Ҳоло фишурдаи онро пешниҳод менамоем.

Ҳамагон медонем, ки ҷашни Наврӯзро дар ҳар гӯшаву канори олам бо расму русум ва анъанаҳои ниёгони хеш таҷлил мекунанд. Вобаста ба фарҳанг, ороиши дастархон, пухтупази хӯрокҳо ва ба намоиш гузоштани ҳар гуна либосу бозиҳои миллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. “Аз рӯзҳои аввали фасли баҳор мардуми туркман ба сабзонидани гандум оғоз  мекунанд, то дар иди Наврӯз суманак тайёр кунанд. Дар арафаи ин иди ниёгон дар ҷойҳои мо аспдавонӣ, хурӯсҷанг, гӯштингирӣ, барномаҳои фарҳангӣ, намоиши либос ва хӯрокҳои миллиро ба роҳ мемонанд. Боз як чизи дигаре, ки дар арафаи ин ид ба мо расм аст, ки то охири моҳи март мардум бо оилаҳояшон ба сайри кӯҳу дарёҳо мераванд”,- мегӯяд, Шухрат Батиров аз вилояти Лебопи Ҷумҳурии Туркманистон. “Ягона чизе, ки дар Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз таваҷҷуҳи маро ҷалб сохт, ин ба бар кардани либосҳои миллии тоҷикона, ки дар ин фасли гармо бонувону модаронро боз ҳам зеботару кушодачеҳра нишон медиҳад, мебошад”, – илова кард мавсуф.

Ҳамсуҳбати дигари мо Исн Тейлор аз шаҳри Вашингтони ИМА мебошад. Ў бо эҳсосот мегӯяд, ки: “Ҳангоме, ки дар Амрико будам, тариқи телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои рангорангро тамошо мекардам. Ба ман бисёртар иди Наврӯз писанд омад. Маҳз ба ҳамин хотир имсол ман ба Тоҷикистон  омадам. Суманак, бозиҳои қидима, хӯрокҳои қурутобу шакароб ва оши палави тоҷикиро бо чашмам дидам ва истеъмол намудам. Бисёр мехостам, дар ҷашни Наврӯз бузкашӣ доир гардад, зеро ин расми тоҷикон яке аз анъанаҳои қадима ва писандида барои мо хориҷиён мебошад”.

“Ҷашни Наврӯзро асосан дар мамлакатҳои форсизабонон -Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бошукуҳ таҷлил карда мешавад, – мегӯяд, Қадир Абдулҳамид аз шаҳри Кобули Афғонистон. “Дар Афғонистон ҳам ин ҷашнро бошукуҳу рангин мегузаронанд, махсусан дар ин ҷашн як ҳафта пеш ба Мазори Шариф ба зиёрат мераванд. Рӯзҳои ид хўрокҳои суманак, ҳафт сину ҳафт шин, бозии бузакашӣ, футбол, волейбол ба роҳ монда мешавад. Дар бораи чӣ тавр гузаронидани ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳам. Зеро, мардум як намуд мегузаронанд, ки ҳамаро дар ҳайрат мегузоранд. Дар Афғонистон, ки вазъияти амнияти душвор аст, дар сатҳи баланд қайд намекунанд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон шукргузор аз он бошанд, ки дар давлати орому осоишта, демократӣ ва як пешвои ҷонфидо ба мисли Эмомалӣ Раҳмон доранд”.

  

Фирдавс Умаров – донишҷўи курси дуюми

ихтисоси журналист-тарҷумони ДДБ ба номи Носири Хусрав