12-уми марти соли 2020 дар Кохи фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо мусоидати роҳбарият ва ибтикори нашрияи “Фурӯғ”-и донишгоҳ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Хайёмхонӣ” дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Тазаккур бояд дод, ки 14-уми феврали соли равон низомномаи озмун қабул гардида, дар нашрияи донишгоҳ ва намунаи осори назмиву насрии Умари Хайём дар шакли китоб бо унвони “Панди бузургон” чопу дастраси муҳассилин гардид.  Тибқи низомномаи мазкур озмун аз рӯйи ду шарт: ифоданок хондан ва аз ёд кардани 100 рубоии Умари Хайём бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва қироати порчаҳои насрӣ аз «Наврӯзнома»-и Хайём сурат гирифт. Ҳамчунин дар озмун иштироки донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо ва докторантҳои ҳамаи факултетҳои донишгоҳ пешбинӣ гардида буд.

Дар озмун 38 нафар муҳасилини факултетҳои филологияи тоҷик, сиёсат ва идораи давлатӣ, педагогика ва варзиш, химия ва биология, забони русӣ ва англисӣ, физика фаъолона иштирок намуданд. Ба донишу маҳорати иштирокчиёни озмун профессорону дотсентон Тағоймуродов Рустам, Муродиён Ҳасан Ғуломзода, Икромов Искандар, Аҳмадов Сафармад, Наимзода Қудратулло Қаҳҳор ва саромӯзгор Маҳмадалиева Муҳаббат баҳогузорӣ намуданд. Иштирокчиёни озмун, аз ҷумла Нигораи Абдулло, Муродова Марҳабо, Аминова Гесубону, Малоҳати Усмонзода, Юнусова Давлатбӣ, Ҳайдаров Сорбон, Наҷибаи Гадомад нисбатан фаъол буданд.

       

Ҳайати комиссия ба донишу маҳорати ҳар як иштирокӣ баҳои муносиб гузоштанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.   

                                            

 

 

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав