Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ аз ҷумлаи хонандагони фаъоли Муассисаи давлатии таълимии гимназияи «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба ҳисоб меравад. Мавсуф пайваста дар озмунҳои эҷодӣ ва фаннӣ, аз ҷумла дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок намуда, ба гирифтани «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон, «Ифтихорнома» ва «Диплом»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадршиносӣ гаштааст. Мавсуф дар озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони муосир ширкат варзида, беш аз 120 китобҳои гуногуни таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ  мутолиа намудааст. «Иштирок дар озмун барои ман имкон дод, ки бевосита бо адибони муосир, аз қабили Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким, Раънои Мубориз, Озар, Озарахш, Хайрандеш, Азизи Азиз ва ғайра шинос шуда, бо онҳо суҳбат намоям. Ҳамчунин дӯстони зиёд аз минтақаҳои гунонгуни кишвар, Суғду Бадахшон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ пайдо намуда, то ҳол бо онҳо мукотиба дорам. Ба ҳамсолони худ тавсия медиҳам, ки бештар китоб мутолиа намоянд ва ба ин васила донишу ҷаҳонбинии худро сайиқал диҳанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд, – мегӯяд Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ.

Ӯ аъзои фаъоли китобхонаҳои шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Номбурда асарҳои адибони муосир – Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, аз ҷумла «Мактаби куҳна», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ», «Марги судхӯр», «Одина», «Ёддоштҳо», «Субҳи ҷавонии мо», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Ҷони ширин» ва ғайраро мутолиа намуда, мазмуни онҳоро то ҳол хуб дар хотир дорад. Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадиро устодон Ширинов Муҳаммад, Ғафуров Файзиддин ва волидонаш Шарифзода Муҳаммадӣ Шариф ва Муродова Таманно бештар барои мутолиаи асарҳо тарғиб менамоянд.

Хидирзода Муродалӣ Саид директори МДТ гимназияи «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» зимни суҳбат изҳор дошт, ки Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ дарвоқеъ хонандаи беҳтарини гимназия ба ҳисоб меравад. Инштирок ва фаъолияти ӯ на танҳо дар озмуну чорабиниҳои сатҳи гимназияву донишгоҳ балки дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба мушоҳида мерасанд. Ба омӯзиши фанҳои таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, география, алгебра, геометрия, физика, химия ва биология бештар шавқ дорад. Бо мақсди ҳавасмандӣ аз тарафи директори муассиса барои иштироки фаъолона то даври ҷумҳуриявӣ Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ аз шакли таҳсили шартномавӣ ба буҷавӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар рӯзи таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ аз ҷониби роҳбари муассиса бо китоби «Куллиёти Лоиқ» ва «Ифтихорнома»-и гимназия қадршиносӣ гашт. 

Ҳоло зери роҳбарии устодони пуртаҷрибаи гимназия Давлатова Раҷабмо ва Ширинов Муҳаммад омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, Шарифова Дилафрӯз ва Ғафуров Файзиддин омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ барои иштирок дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фанни тайёрӣ дида истодааст. Ӯ мақсад дорад, ки дар озмуни имсола ба гирифтани ҷойи намоён сазовор гардад.

 

 

 

 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав