Таҷлили ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ

Санаи 28-уми марти соли 2020 ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ҷашни Наврӯзро бо риояи расму оинҳои миллӣ, оростани хони идона ва бо шодиву нишоти зиёд истиқбол гирифтанд. Дар ин ҷашни таърихӣ ва чорабинии фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ҷонишини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагон Шодиён Муҳаммад Султонзода ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбарияти донишгоҳ ва меҳмонон ба назди гӯшаи идонаи ҳар як факултет рафта, аз дастоварду муваффақият, расму оин, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, тарзи омода намудани хӯрокҳои Наврӯзи дидан намуда, ба ҳунару маҳорати устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. 

Зимни сухани табрикотӣ роҳбарияти донишгоҳ, профессор Давлатзода С.Х. ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони кишварро ба муносибати фасли баҳори гулфишон ва ҷашни Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, изҳор дошт, ки Наврӯз сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобаробариҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегириф. 

Мо бо эътимоди қавӣ эҳсос мекунем, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Ҳукумати кишвар ва Роҳбари хирадманди он давлати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои Наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд, – гуфт дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода С.Х.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ оид ба таърихи ҷашни Наврӯз ва хусусияти суннату анъанаҳои он сухан намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Наврӯз аз ҷашнҳое ба ҳисоб меравад, ки онро ҳама гуна қавму миллатҳо дӯст медоранду ба он эҳтиром мегузоранд. Ин маъниро устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба хуби дарк намуда, бо омадани он шодиву хурсандӣ  менамоянд – қайд намуд дар идомаи суханронӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ.

Қайд намудан зарур аст, ки дар истиқболи ҷашни Наврӯз устодону донишҷӯёни ҳар факултет хони идона густурда, рӯи онро бо анвои хӯрданӣ ва меваю сабзавот оро дода буданд, ки он аз файзу баракати зиндагии мардуми кишвар дарак медод.

Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин низ тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати ҷашни Наврӯзи фаррухпай шодбош гуфта, қайд намуд, ки дар воқеъ нақши устодону донишҷӯён дар баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангии шаҳр назаррас аст. Наврӯз таърихи қадима дошта, онро қисмати зиёди мардуми ҷаҳон таҷлил менамоянд. Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар имсол  ҷашни Наврӯзи бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил гашта истодааст, ки ин мояи ифтихори ҳар фарди худшиносу худогоҳ мебошад, – гуфт раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин.

Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз, моро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин, барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои  бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста кӯшишу талош намоем. Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ моро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст, – зикр намуд дар идомаи суханронӣ Шодиён Муҳаммад Султонзода.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар суханронии худ қайд намуд, ки Наврӯз аз барҷастатарин ҷашни фарҳангии мардуми тоҷику форс ба шумор меравад. Барои ҳар кадоми мо мояи ифтихору сарафрозии зиёд аст, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар суннату анъанаҳои ҷашни бузургу аҷдодиамон – Наврӯзи аҷам дубора эҳё гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз аз писандидатарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форс ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни ваҳдату дӯстӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ низ ба шумор меравад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ гардид, – зикр дошт Миралиён Қиёмиддин.

Дар ин рӯзи хотирмон ба як қатор устодоне, ки дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида буданд бо ифтихорномаву сопоснома, нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин донишҷӯёне, ки дар “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва озмуни “Хайёмхонӣ” фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.    

Яке аз хусусияти дигари ин ҷашни ниёгон, ки аҷдодони мо ба он таваҷҷуҳ доранд, сурудани шеъру таронаҳои Наврӯзӣ мебошад. Дар баргузории чорабинии идона устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешниҳод карданд, ки он ифодагарӣ анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ буд.

 

 

Шарипов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣиттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав