ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА СУБОТИ КИШВАРҲО ТАҲДИД МЕКУНАД

Имрӯз терроризм ва экстремизм ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Гурӯҳҳои ифротгароӣ динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки  гурӯҳҳои  ифротгароӣ моҳиятан хусусияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори пурарзиш, аз ҷумла фарҳанг, таърих ва тамаддун дар ҷанг қарор дошта, чун як неруи торикии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангӣ,  ҳунарӣ ва таърихиро нобуд мекунанд.

Маълумоти нокофии динӣ доштани ҷавонон сабаби баён кардани иштибоҳӣ ё барқасдонаи фармудаҳои ислом аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ ба хотири чида гирифтани онҳо мешавад. Ингуна ҷавонон ба ҳадде гумроҳи ақидаҳои ифротии корфармоҳои худ мегарданд, ки дигар ҳатто ба панду насиҳат ва таваллои падару модар ва бародарони худ барои бозгашташон ба ҳаёти осоишта гӯш намедиҳанд.

Дар Қуръони Карим омадааст, ки  набояд бо исми Аллоҳ дар забон одам кушт! Вақте нафаре нафареро бегуноҳ мекушад, имонашро, виҷдонашро ва тамоми муқаддасотеро, ки дорад, аз даст медиҳад. «Қуръон ҳолатҳоеро, ки мусалмон бояд барои дифоъ аз худ ва ё бо аҳдофи дигар силоҳ ба даст бигирад, мушаххас кардааст ва исломро ба суннативу тундрав ва ифротӣ набояд ҷудо намуд, балки қонунҳову анъанаҳои исломро бояд дуруст омӯхт ва риоя кард.

Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид менамоянд, ки; «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд».

Террористҳо ва гурӯҳу ҳаракатҳои мамнӯи ифротгароӣ натанҳо мояи ташвишу нигарониҳо дар Тоҷикистон, балки онҳо барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, хатаровар мебошанд.

Ифротгароиву бесаводӣ ҷаҳолат ва торикист ва он ба мардум танҳо бадбахтӣ меорад. Мо бояд мояи бадбахтию сияҳрӯзии худ, фарзандон ва пайвандон нашавем.

         Ҷавонон, махсусан донишҷўён, имрўз бояд рў ба донишомўзӣ, китобхонӣ оваранд, то ин ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Раҷабов Н.Ф., дотсени Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав