Иштироки фаъоли донишҷӯёни донишгоҳ дар “ИнтернетОлимпиадаи кушодаи байналмилалии донишҷӯён”

Яке аз талаботи асосии раддабандии муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ иштироки фаъол ва мақомҳои шоистаро соҳиб шудани донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хушбахтона, солҳои охир донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар баробари дигар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар чунин озмуну олимпиадаҳо иштироки фаъол доранд, ки ин аз дуруст ба роҳ мондани низоми фаъолият дарак медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки моҳи декабри соли 2019 дар марҳилаи аввали Интернет-Олимпиадаи кушодаи байналмилалии донишҷӯён”, ки аз рӯйи ихтисосҳои физика, забони русӣ, математика, химия ва информатика баргузор гардида буд, беш аз 70 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар он фаъолона иштирок намуданд. Аз ин марҳила 10 нафар донишҷӯён ба даври дуюм роҳхат гирифта, ҳуқуқи ширкат варзиданро пайдо намуданд.

Санаи 27 ва 28-уми марти соли 2020 донишҷӯёни факултетҳои физика, химия, биологияи ва математикаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалии иштирок намуданд. Дар назар аст, ки аз руйи ихтисоси информатика озмуни зикршуда дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳ ширкат менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки марҳилаи сеюми Интернет-Олимпиадаи кушодаи байналмилалии донишҷӯён” дар моҳҳои наздик дар хориҷи кишвар баргузор мегардад, ки дар он бовари дорем донишҷӯёни лаёқатманд иштирок намуда, шарафи донишгоҳро ҳимоя хоҳанд кард. 

 

 

 

 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази тањлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав