Қаландаров С.А. – омӯзгори кафедраи

методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи

ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

 

АҲАМИЯТИ ТАТБИҚИ «САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ КИШВАР» ВА МАНФИАТИ ОН БА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ, қайд намуда буданд, ки “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки тартиби мантиқии системаи саноатикунонии кишварро донем.

Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба он мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурра дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст. Тайи даҳсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарҳои кушод» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори саноати Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Саноат, яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Соҳаҳои асосии саноати мамлакат, ин соҳаҳои сӯзишворию-энергетикӣ, кимиё, мошинсозӣ, металлургӣ, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра мебошанд. Вобастагии ҷойгиркунии соҳаҳо ва истеҳсолот ҳамеша зери таъсири омилҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд. Ба ин омилҳо, пеш аз ҳама таъмин будан ба захираҳои маъданию ашёи хом, энергетикию сузишворӣ, масолеҳи сохтмон, захираҳои меҳнатӣ дохил мешаванд. Ин омилҳо байни худ алоқаҳои зич дошта, дар ҷойгиркунии корхонаҳо ва соҳаҳои хоҷагии ҳалқ таъсири муайяни худро мерасонанд.

Ҳоло дар кишвар барои таъмини рушди савдои саноат заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам гаштааст, тавассути қабули барномаҳо, аз ҷумла дар самти коркарди ниҳоии алюминӣ, маъдан, фулузот ва сангҳои қиматбаҳо саноати сабук ва хӯрокворӣ ба пешравиҳо ноил гардидем. Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 1997 беш аз 3, 5 баробар афзоиш ёфта, пешрафти назарраси бахшҳои саноати сабук, фулузот, хӯрокворӣ, саноати химия ва масолеҳи сохтмон ба даст омадааст.

Имрӯз корхонаҳои саноати сабуки кишвар талаботи бозори дохилиро, аслан, бо риштаи пахтагин, матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, қолину ҷӯроб ва пойафзол таъмин мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ бисёр соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, корхонаву муассисаҳо ба сабаби канда шудани робитаҳо аз кор монданд. Дар марҳилаи ҳозира барқарор намудани муносибатҳои собиқи хоҷагидорӣ нисбат ба он ки онҳо ба кулли тағйир дода шаванд, осонтар, тезтар ва арзонтар мебошад. Ин чиз як заминаи воқеист барои ҳамгироӣ дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил. Дар сурати самаранок истифода бурдани захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум ҳамчунин истифодаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба саноатикунонии босуръати кишвар оварда мерасонад ва Тоҷикистон ба кишвари руштёфтаи индустриалӣ мубаддал мегардад.